Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хоруғ. Пас аз як сол...


Дар солгарди амалиёти нерӯҳои ҳукуматӣ дар Хоруғ, сокинони ин шаҳр аз қурбониёни ин ҳодиса ёд намуданд

Субҳи 24-уми июл дар солгарди амалиёти Хоруғ даҳҳо тан аз сокинони Хоруғ пас аз намози бомдод ба таври ихтиёрӣ ба оромгоҳи шаҳр рафта ва ба арвоҳи қурбониёни ин ҳодиса фотиҳа хонданд ва гулгузорӣ намуданд.

Ҳамин тавр, бино ба хабарҳо, рӯзи 24 июл гурӯҳе аз зодагони Бадахшон дар назди сафорати Тоҷикистон дар Маскав пикет ташкил кардаанд. Онҳо дар даст аксҳои бузурги афроди кушташуда дар амалиёти як сол пеши Хоруғ, аз ҷумла Имомназари Имомназар, яке паз 4 фармондеҳи собиқи мухолифин дар Бадахшонро дар даст доштаанд.

Мақомоти кишвар гуфтанд, дар амалиёти соли гузаштаи нерӯҳои ҳукуматӣ дар Хоруғ 21 тан аз афроде, ки дар муқовимати мусалллаҳона ширкат варзиданд, кушта шуданд. Вале ба бовари сокинони шаҳр аксари қурбониёни ин амалиёт афроде гардиданд, ки ба гурӯҳҳои мусаллаҳ ҳеҷ рабте надоштанд ва шаҳрвандони мулкӣ буданд.


Солгарди аввали нооромиҳои Хоруғ
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:50 0:00
Линки мустақим


Дар ҳамин ҳол авзоъи шаҳр ором ва мардум шабеҳи рӯзҳои муқаррарӣ аз субҳ ба кору бори ҳаррӯза машғуланд. Фарқият фақат дар он аст, ки дар солгарди амалиёт гуфтугӯҳо аз даҳшати рӯзи амалиёти нерӯҳои ҳукуматӣ дар Хоруғ ва хисороти ҷониву молӣ ва таъсири равонии он ба мардум, бештар ба гӯш мерасанд.


Як сол пеш, субҳи рӯзи 24 июл ҳукумат амалиёти ҷангиеро дар Хоруғ анҷом дод, ки даҳҳо нафарро аз ҳарду тараф қурбон кард. Дар солрӯзи ин ҳодиса як нафар бо номи Мӯъмин Худодов, бо таъсиси як саҳифаи вижа дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук аз корбарандагон даъват кард, ки рӯзи 24 июл дар ҳаққи қурбониёни ин ҳодиса дуои хайр кунанд. Садҳо нафар ба ин даъват пайвастанд. Оразшоҳ Пояндашоев, муовини собиқи раиси Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон низ зимни як баёния дар Фейсбук хостааст, то санаи 24 июлро ба хотири қурбониёни амалиётҳои низомӣ аз соли 1992 то соли 2012 дар Тоҷикистон ба ҳайси рӯзи “сешанбеи сиёҳ” ёд кунанд, хотираи онҳоро гиромӣ доранд ва ҳамдигарро бубахшанд. Оразшоҳ Пояндашоев, амалиёт дар Бадахшонро, “иштибоҳи бузурги сиёсиву ахлоқӣ” хонда ва гуфтааст, ҳеҷ касе ба хотири чаҳор нафар «сарони гурӯҳҳои муташаккил» дар маркази вилояти худмухтор ва ҳамсарҳад бо Афғонистон амалиётеро ба ин густардагӣ анҷом намедиҳад.

Амалиёти дурӯза, вале бо паёмадҳои дарозмуддат.

Дар амалиёт хонаҳои мардум ва муассисаҳои давлатӣ ҳам осеб диданд.
Дар амалиёт хонаҳои мардум ва муассисаҳои давлатӣ ҳам осеб диданд.
Амалиёти низомӣ дар як гӯшаи шаҳри Хоруғ, ки хонаи тақрибан 30 ҳазор нафар аст, рӯзи 24 июл ва се рӯз баъд аз қатли Абдулло Назаров, сардори раёсати Кумитаи амнияти миллӣ дар Бадахшон шурӯъ шуд. Мақомоти қудратӣ гуфтанд, ки амалиёт бар алайҳи чаҳор фармондеҳи худсар ва масъулони куштори генерал Назаров пиёда мешавад. Садҳо нафар аз нерӯҳои давлатӣ бо ҳимояти чархболу зиреҳпӯшҳо ба ин минтақа ворид шуданд ва иртиботи телефониву интернетӣ бо ин гӯшаи кӯҳистонии кишвар қатъ шуд. Мақомоти расмӣ Толиб Аёмбеков, собиқ фармондеҳи як воҳиди марзбонии вилоят ва ҷангсолори замони даргириҳои дохилиро дар қатли генерал Назаров муттаҳам карданд. Ҳукумат талаб гузошт, ки Аёмбеков ҳамроҳ бо чаҳор нафари бонуфузи дигар, Имомназар Имомназаров, Мамадбоқир Мамадбоқиров ва Ёдгор Шомусалламов худро ба ҳукумат таслим кунанд. Ҳамзамон бо ин додситонӣ онҳоро ба қочоқи маводи мухаддиру сангҳои гаронбаҳо ва тамоку ва роҳзанӣ муттаҳам кард. Аммо гуфтушунидҳо натиҷа надоданд ва тарафдорони мусаллаҳи фармондеҳони собиқ дар муқобили нирӯҳои давлатӣ қарор гирифтанд. Задухӯрдҳо дар маҳаллаҳои сераҳолии Хоруғ гузашт ва ин омил боиси ҳалокати мардуми мулкӣ шуд.

Достонҳои ғамангези сокинон

Баъзе наздикони қурбониён он рӯзҳоро бо тарсу алам ба ёд меоваранд. Аз ҷумла Ҳаётбегим Фармонбекова, ҳамсари Бахтибек Карамхудоеви 68-сола,ки дар он рӯзҳо ҳадафи тир қарор гирифт:

"Мо дар хона ҳамроҳи кӯдакон будем, вақте, ки тирпарронӣ сар шуд, аз тарс аз ҷоямон наҷунбидем. Хесту пардаро кушод, ки берун нигоҳ кунад, ки афтод рӯи фарш. Мо дигар намедонистем, ки чӣ кор кунем, сари мурдааш ду рӯз мондем."

Ғуломнабӣ Пулодов, бобои ҷавонтарин қурбонии ҷанг Абдул Пулодови 18-сола он рӯзро чунин ба ёд меорад: Ман пагоҳӣ хестаму чой нӯшидам. Вай бача пеши амааш буд, омаду хона даромад ва боз баромад, хост, ки ба туалет равал, вале тир заданд.”

Соҷида Мулкамонова, духтари Мамадасан Мулкамонов, қурбонии дигари амалиёти Хоруғ нерӯҳои ҳукуматиро муттаҳам кард, ки ашхоси бесилоҳ мисли падарашро, ҳадафи тир қарор додаанд: “Соати 11-рӯз додарчаҳоямон аз хона баромада гум шуданд, падарам барои ҷустуҷӯяшон рафт, вале дар кӯча вайро парронданд. Ман намедонам, барои чӣ сарбозон шахси бесилоҳро куштанд. “

Ҷамолиддин, писари халифа Исомиддин, қурбонии дигари ҳаводис субҳи рӯзи 24-уми июл дар ҳавлиаш кушта шуд. Айниддин, бародари Ҷамолиддин ва омӯзгори мактаби президентӣ гуфт, ки бародараш дар донишгоҳ кор мекард ва шахси тақводор буд. Вай афзуд: Бародарам ба нияти намоз ва таҳорат кардан ба ҳавлӣ баромад, ки вайро заданд. То ба ҳол касе ба ин савол ҷавоб надодааст, кӣ вайро зад.»

Набот Додихудоева, раҳбари созмони иҷтимоии "Мадина" ва узви гурӯҳи миёнараве, ки дар хатми муноқиша нақши зиёд дошт мегӯяд:

«Як моҳ баъд як модари сиёҳпӯш назди ман омад ва гуфт, ки ман фақат як масъала дорам. Чаро писари маро террорист меноманд. Писараш рӯзи 24 июл дар ҳамон ҷанг қурбон шудааст ва бадбахтии ин зан он аст, ки аввал писарашро аз даст дод ва дуввум ин ки писарашро силоҳбадаст ва террорист меномиданд. Ба хотири онки рӯҳи писараш ором бошад, омада гуфт, ки писарашро террорист нагӯянд, ман ба ӯ ҷавоб додам ки ҳеҷ кас ва ҳеҷ гоҳ писари шуморо дар ягон васоити ахбор террорист намегӯяд.»

Ҳафтаи равон Вазири адлияи Тоҷикистон эълон кард, ки дар ин амалиёт 18 нафар аз ҳисоби мардуми мулкӣ ва 23 сарбозу афсари нерӯҳои амниятӣ ҷон додаанд. Аммо рақамҳои ғайрирасмӣ ин теъдодро бамаротиб бештар нишон медиҳанд. Ба гуфтаи коршиносон муҳимтар аз ҳама эътимоди мардум ба ҳукумати марказӣ буд, ки ҳоло дигар ба озурдагӣ табдил шудааст. Ин озурдагиро сафари президент Раҳмон ба минтақа низ натавонист коҳиш диҳад ва захми мардум, бахусус сокинони Хоруғ ҳанӯз шифо наёфтааст.

Бо гузашти як сол аз он ҳодиса, Аловуддин Меҳмонов, раиси Шӯрои адлия дар Бадахшон гуфт, ҳарду тараф низ ба ин низоъ замина гузоштанд, аз ҷумла қумандонҳои вилоят: “Гапи ростро бояд гуфт, дар ин ҳодиса ҳарду тараф камтар ба иштибоҳ роҳ доданд. Бояд ростро гӯем.”
XS
SM
MD
LG