Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хадамот занони мутахассис намеёбад, ё маъмури гумрук шудан "осон нест"?


Акс аз маркази матбуоти Хадамоти гумруки Тоҷикистон
Акс аз маркази матбуоти Хадамоти гумруки Тоҷикистон

Масъулони Хадамоти гумруки Тоҷикистон гуфтанд, ки ҳавасманди ба кор гирифтани занони мутахассис ҳастанд, аммо баъзан "намеёбанд".

Ба иддаои онҳо, аз як тараф шумори занони мутахассис кам аст, аз сӯи дигар "на ҳама оилаҳо розӣ мешаванд, ки занону духтарон дар гузаргоҳҳо фаъолият кунанд". Баръакс, довталабон мегӯянд, шомил шудан ба Хадамоти гумрук "кори осоне нест".

"На ҳар мард мехоҳад..."

Хуршед Каримзода, раиси Хадамоти гумруки Тоҷикистон, мегӯяд, тасмим гирифтаанд, шумораи занонро дар гузаргоҳҳои гумрукии фурудгоҳҳо зиёд кунанд. Вай охири ҳафтаи гузашта дар нишасти матбуотӣ гуфт, беш аз сад зану духтар дар сохторҳои ин хадамот фаъолият доранд, аммо ҳузури онҳо кофӣ нест.

"Кор дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мушкилҳои худро дорад. На ҳар мард мехоҳад, ки занаш дар навбатдории шабонарӯзӣ истад. Вақте довталабонро ба Хадамоти гумрук қабул мекунем, ҳамчун имтиёз ба занҳо се холи бештар медиҳем", -- таъкид кард ӯ.

Хадамоти гумрук дар пур кардани буҷаи Тоҷикистон нақши калидӣ дорад. Коршиносон мегӯянд, ҳар қадар кор дар ин бахш шаффоф сурат гирад, ҳамон андоза буҷа фоида мебинад. Раҳбарияти Хадамоти гумрук бовар доранд, "рафтору кирдори занон нисбатан дигар аст".

Иқдоми зоҳирӣ?

Вале чун ин тасмим пас аз танқидҳои раиси ҷумҳур аз "дағалрафтории мардон" сурат мегирад, суоле матраҳ аст, ки иқдом зоҳирпарастист ё дар воқеъ мақомот мехоҳанд, занҳо дар ҳама бахшҳо ҳузур дошта бошанд?

Парвина Раҳмонова таҷрубаи даҳсолаи кор дар Хадамоти гумрукро дорад. Ӯро соли гузашта дар пайи санҷиш аз раёсати Хадамоти гумрук дар шаҳри Турсунзода, дар наздикии марз бо Узбекистон, аз кор ронданд, вале розӣ нест ва ба додгоҳ муроҷиат кардааст.

Раҳмонова мегӯяд, агар мақомот мехоҳанд занони бештарро ҷалб кунанд, "пас, чаро намегӯянд, ки ба гузаргоҳҳои марзӣ ба кор биоянд? Кор дар он ҷо ҳеч мушкилӣ надорад. Барои ин корҳо занон дар утоқи корӣ мешинанд ва вазифаи худро анҷом медиҳанд. Фикр накунам, ки ягон шавҳар монеъ шавад. Кор дар гузаргоҳи гумрукии фурудгоҳ аз як сӯ мушкил асту аз сӯи дигар маоши зиёд надорад."

123 зан дар идораи гумрук

Дар ҳамин ҳол, як духтаре, ки дар гузаргоҳи гумрукии фурудгоҳ фаъолият дорад, бе зикри номаш гуфт, "як басти корӣ 24 соат аст. Вазифаи ман дар баробари дигар ҳамкорон қабулу гусели шаҳрвандон, назорати бағоҷи онҳо аст. Ҳамчунин, пешгирӣ кардан аз қонуншиканиҳо. Албатта, ин масъулияти кам нест."

Ба иттилои расмӣ, дар бахшҳои Хадамоти гумрук 123 зан кор мекунанд, ки 27 нафари онҳо афсар ҳастанд.

Ҳузури ками занон дар саҳнаи сиёсат ва, инчунин, дар сохторҳои қудратиро баъзе таҳлилгарон ба он рабт медиҳанд, ки то кунун дар ҷомеаи Тоҷикистон падидаи "дастнигарӣ" ва "умед ба дигарон", яъне мардон, аз байн нарафтааст.

Душвории кор ва қолабҳои шахшуда набояд баҳона шаванд

Ба бовари Гулҷаҳон Бобосодиқова, раҳбари созмони занони маълумоти олидор дар Тоҷикистон, душвории кор ва қолабҳои шахшуда набояд баҳонаи канор гузоштани занон аз ниҳодҳои қудратӣ бошад. Вале ӯ мегӯяд, агар дар ҳақиқат талошҳо барои ҷалби бештари занон ба мақомоти қудратӣ ҷиддӣ аст, бояд онҳоро ба давраҳои омӯзишӣ фаро гиранд.

Ба сурати умум дар сохторҳои қудратии Тоҷикистон наздик ба 17 ҳазор кас фаъолият доранд, ки 5 ҳазори онҳо зан ҳастанд. Аз ҷумла, дар қисмҳои низомии Вазорати дифоъ ҳудуди 300 нафар ва Вазорати корҳои дохилӣ 2500 зан хидмат мекардаанд.

Мақомот мегӯянд, ҳудуди ҳазор нафар аз онҳо дар вазифаҳои раҳбарикунанда ҳастанд ва ҳудуди сад зан ҳамчун додрас фаъолият доранд.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
XS
SM
MD
LG