Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти даҳҳо нафар дар Қазоқистон барои эътироз. ВИДЕО


Боздоштҳо асосан дар шаҳри Алмаато ва Нурсултон сурат гирифт.
Боздоштҳо асосан дар шаҳри Алмаато ва Нурсултон сурат гирифт.

Мақомоти интизомӣ дар Қазоқистон даҳҳо нафарро, ки ба зидди раиси ҷумҳури тозаинтихоб Қосимҷомарт Тоқаев эътироз доштанд, дастгир кардаанд.

Тазоҳурот аз ҷумла дар шаҳрҳои Нурсултон ва Алмаато рӯзи 6-уми июл доир шуд ва маъмурони пулис ва маъмурони амниятӣ дар либоси низомӣ тазоҳургаронро бо зӯр ба автобуси пулис бор карда мебурданд. Як марде, ки зоҳиран аз маъмурони амниятӣ буд, дирӯз бо чатраш нагузошт, ки хабарнигори Радиои Озодӣ боздошти тазоҳургаронро ба навор бигирад. Баъзе аз дастгоҳҳои наворбардории Радиои Озодӣ дар ин кашмакашҳо осеб диданд. Баъзе аз боздоштшудагон раҳгузарон будаанд. Як зани қазоқ ба Радиои Озодӣ гуфт, ки писари 15-солаашро, ки дар лаби дарё бо дӯстонаш бозӣ мекард, маъмурони пулис боздошт карда, бурдаанд.

Дар умум дар шаҳри Нурсултон камаш 70 нафарро дастгир кардаанд ва ҳамин қадар тазоҳургари дигар дар шаҳри Алмаато, пойтахти тиҷоратии Қазоқистон дастгир шудаанд. Вебсайти хабарии Vlast.kz дар бораи боздошти 100 нафар дар Алмаато гузориш додааст. Намоишҳои эътирозӣ ҳамчунин дар шаҳрҳои Чимкент, Қарағанда,ва Орал сурат гирифтааст ва дар ин шаҳрҳо низ чандин нафар дастгир шудаанд.

Боздошти даҳҳо нафар дар зодрӯзи Нурсултон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:08 0:00

Тазоҳуротро Ҳизби Интихоби Демократии Қазоқистон баргузор кард, ки онро Мухтор Аблиёзов тоҷири сарватманди табъидӣ дастгир мекунанд ва фаъолияташ дар кишвар мамнӯъ аст. Аблиёзов соли 2009 аз Қазоқистон гурехт. Ӯ, ки аз мунтақидори тундлаҳни элитаи ҳукмрони Қазоқистон аст, бо мақомоти кишвар мухолифати зиёд дорад. Соли гузашта додгоҳи Қазоқистон ҳизби ӯро созмони ифротгаро эълон кард ва фаъолияташ мамнӯъ шуд.

Баъди истеъфои ногаҳонии Нурсултон Назарбоев, раиси ҷумҳури пешини Қазоқистон ва эълони Тоқаев ба ҳайси ворисаш, чандин дафъа намоишҳои эътирозӣ сурат гирифт. Қосимҷомарт Тоқаев дар интихоботи рӯзи 9-уми июн расман пирӯз шуд, вале нозирони байналмилалӣ гуфтанд, ки интихобот бо қонуншикании зиёд олуда буд. Дар он рӯз мақомоти Қазоқистон чандин тазоҳургарро дастгир карданд ва нозирони байналмилалӣ гуфтанд, ки ин амалкарди ҳукумат беэътиноӣ ба арзишҳои деморкатӣ аст.

XS
SM
MD
LG