Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Коршиноси қазоқ: "Бархӯрди Русия ба Украина амнияти минтақаро баҳам зад"


Дар як нишасти байналмилалӣ дар Душанбе аз наҳваи бархӯрди Русия дар Украина нигаронӣ шуд.

Айдар Амрибаев, нахустраҳбари макази таҳқиқоти старатегии назди президенти Қазоқистон рӯзи 14 май дар ҳамоише зери унвони «Созмони Ҳамкории Шанхай дар таъмини амнияти минтақа: мушкилот ва дурнамо" гуфт, ин ки Русия дар баробари Украина аз зӯр кор гирифт, нақзи созишномаи Будапешт буда, ва тамомияти арзии Украинаро зери хатар гузошт ва амнияти минтақаро ба ҳам зад.

Ӯ афзуд, ки ин ҳодиса бисёр падидаи хатарнок аст ва ҳеҷ кафолате вуҷуд надорад, ки ин ҳамсоякишври бузурги мо маҳз аз ҳамин усул дар қиболи кишварҳои дигари минтақа кор намегирад. Раиси маркази стратегии назди президенти Қазоқистон гуфт, бо баҳонаи ҳимояти ҳуқуқи русзабонҳо фишор овардан ба Украина аз ҷониби Русия, дар кишварҳои мо низ метавонд сурат бигирад.

Аз ин рӯ Айдар Амрибаев гуфт, Қазоқистон ҷонибдори ҳарчи бештари ҳамгироӣ, аз ҷумла ҳамгироии иқтисодӣ дар миёни кишварҳои Осиёи Миёна мебошад. Вай афзуд, ахиран президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев дар як ҷаласаи Бонки осиёии рушд боз ҳам даъват кард, ки кишварҳо ба ҳамгироии бештар рӯ биёранд.

Ӯктам Носиров, корманди Маркази таҳқиоти стратегӣ ва пажӯшҳишҳои минтақавии Узбакистон дар ин ҳамоиш аз доғтарин масъалаи рӯз-таҳаввулоти Украина канораҷӯӣ кард ва ба масъалаи экстримизм рӯ овард, ки Тошканд онро ҳамеша ба унвони яке аз чолишҳои амниятии минтақа матраҳ мекунад. Ӯ тундгароии мазҳабиро "экстремизми хазанда" унвон кард ва гуфт, ки саркардаҳои тундравҳо бо сӯистифода аз дин теъдоди ҳар чӣ бештари одамонро ба сафҳои ба худ ҷалб мекунанд. Намояндаи Узбакистон гуфт, ки ин навъи тундгароӣ марзро намешиносад ва кишварҳо бояд дар муқобили он басиҷ шаванд.
XS
SM
MD
LG