Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нахустин мактаби рок барои ҷавонҳои Афғонистон


Дар ин мактаб 20 духтару писари наврас ҳунари навохтани гиторро меомӯзанд.

Дар пойтахти Афғонистон як мактаби мусиқие амал мекунад, ки барои духтару писарҳои маҳаллӣ ҳунари навохтани гитор ва ҳам иҷрои оҳангҳои замонавиро омӯзиш медиҳад.


Ин мактаби гиторнавозӣ дар дохили як тарабхонаи хурди Кобул ҷойгир аст, ки бо ташаббуси як гурӯҳи навозандагон таъсис шудааст. Виолончелисти амрикоӣ Робин Ритсек, собиқ муҳоҷири покистонӣ Ҳумоюн Зардон ва гиторнавози австралиягӣ Травис Бирд мактаби нави рокро дар пойтахти Афғонистон таъсис додаанд.

Илова ба ҳунари мусиқӣ, ин ҷо имкони муоширати озоди миёни омӯзгорону шогирдон фароҳам аст, он чи ки баъди суқути Толибон дар соли 2001 то ҳанӯз мардуми Афғонистон ташнааш ҳастанд. Барои гирифтани дарси мусиқӣ ба ин ҷо 20 шогирди наврас, аз ҷумла, духтарҳо меоянд.


Мактаби мусиқии рок дар Афғонистон
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:57 0:00
XS
SM
MD
LG