Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Паҳлавонони ҷавони тоҷик дар Ҷоми Осиё 5 медал гирифтанд


Варзишгарони тоҷик дар Ҷоми бози Осиё оид ба гуштии ҷудо миёни ҷавонон, ки рӯзҳои 14-15-уми апрел дар шаҳри Тошканд баргузор шуд, панҷ медал ба даст оварданд.

Ин мусобиқаи анъанавӣ, ки сар аз соли 1993 дар Узбекистон ба хотираи устоди варзиш Учқун Муродов доир мешавад, ба тақвими Федератсиони байналмилалии ҷудо (IJF) дохил аст.

Ба иттилои маркази матбуоти Кумитаи миллии олимпии Узбекистон, дар мусобиқаи имсола миёни наврасону ҷавонон беш аз 400 варзишгар аз 11 кишвар ширкат дошт.

Тоҷикистонро дар сабқати ҷавонон 37 варзишгар намояндагӣ кард. Гуштигирони ҷавони тоҷик 1 медали тилло, 2 нуқра ва 2 биринҷӣ гирифтанд. Медали тиллоро ба дастаи мунтахаби Тоҷикистон Муҳаммадризо Қувватов дар рақобатҳо дар вазни то 60 килограмм овард.

Шарифҷон Қурбонов дар вазни то 55 килограмм миёни писарон медали нуқра гирифт. Инчунин дар сабқати духтарон Шоҳида Қаландарова дар вазни то 57 килограмм медали нуқра ба даст овард. Разиаллоҳ Лоиқов дар вазни то 66 кило ва Давлаталӣ Назаралиев дар вазни то 55 кило байни писарон барандагони медалҳои биринҷӣ гардиданд.

Дар сабқати ҷавонон дар ҳисоби умумидастаӣ мунтахаби Узбекистон бо 14 медали тилло, 13 нуқра ва 21 биринҷӣ мақоми аввалро касб намуд. Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон, ки 1 медали тилло, 2 нуқра ва 2 биринҷӣ гирифт, мақоми дувумро азони худ кард. Мунтахаби Қирғизистон бо 1 медали тилло ва 3 биринҷӣ мақоми севумро соҳиб шуд.

Ғолибони Ҷоми бози Осиё оид ба гуштии ҷудо миёни ҷавонон, Тошканд, 14-15 апрел:

Писарон

-55кг: Темур Абишев (Узбекистон)

-60кг: Муҳаммадризо Қувватов (Тоҷикистон)

-66кг: Беҳрӯз Амондавлатов (Узбекистон)

-73кг: Ғолибҷон Сулаймонов (Узбекистон)

-81кг: Ерлан Шеров (Қирғизистон)

-90кг: Аюбхон Мансуров (Узбекистон)

-100кг: Шаҳбоз Пулотов (Узбекистон)

+100кг: Алишер Юсупов (Узбекистон)

Духтарон

-44кг: Гулнур Муродбоева (Узбекистон)

-48кг: Нодира Абдуқаюмова (Узбекистон)

-52кг: Мухлиса Ганҷаева (Узбекистон)

-57кг: Ибодатхон Оғоҷонова (Узбекистон)

-63кг: Ҳоҷинисо Камолиддинова (Узбекистон)

-70кг: Шоиста Назарова (Узбекистон)

-78кг: Нодира Юлдошева (Узбекистон)

+78кг: Рината Илматова (Узбекистон)

XS
SM
MD
LG