Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пирӯзии исроилиҳо дар Гран-прии ҷудои Тел-Авив


Акс аз бойгонист.
Акс аз бойгонист.

Гран-прии ҷудо дар шаҳри Тел-Авиви Исроил, ки аввалин мусобиқаи байналмилалии имсола дар “Силсилаи ҷаҳонӣ” буд, шаби шанбеи 26-уми январ бо пирӯзии мизбонон ба поён расид.

Ба иттилои сомонаи расмии Федератсиони байналмилалии ҷудо (IJF), дар Гран-прии Тел-Авив 373 гуштигир (214 мард ва 159 зан) аз 53 кишвари дунё ширкат дошт.

Баъди натиҷагирии се рӯзи мусобиқа дар ҳисоби умумидастаӣ мунтахаби Исроил бо касби чор медали тилло, ду нуқра ва як биринҷӣ дар ҷойгоҳи аввал қарор гирифт. Мунтахаби Италия бо касби ду медали тилло, се нуқра ва як биринҷӣ ҷойгоҳи дувум ва мунтахаби Фаронса бо касби ду медали тилло ва як биринҷӣ ҷойгоҳи севумро ишғол намуданд.

Дар мусобиқаи байналмилалии Гран-прии ҷудо дар Тел-Авив Тоҷикистонро се варзишгар - Беҳрӯзи Хоҷазода, Хайёмиддин Ҷабборов ва Акмал Муродов дар сабқати мардон намояндагӣ карданд.

Беҳрӯз дар рақобатҳо дар вазни зери 73 кило дар ҷойгоҳи панҷум қарор гирифт. Ӯ пас аз се пирӯзӣ бар рақибонаш аз Швейтсария, Арманистон ва Исроил ба нимфинал баромад. Вале дар даври ниманиҳоӣ аз варзишгари Беларус Вадзим Шока мағлуб гашт. Сипас ӯ қувваозмоиро барои медали биринҷӣ ба Артём Хомулаи украинӣ бохт.

Хайёмиддин низ дар вазни зери 73 кило ба рақобатҳо аз даври дувум шуруъ намуд. Ӯ бар Сам Ван Т Вестенде аз Нидерланд ғолиб шуд, вале баъдан аз Ҷиованни Еспоситои итолиёвӣ шикаст хӯрд. Акмал ҳам дар вазни зери 81 кило ба сабқат аз даври дувум пардохт. Рақиби ӯ Сами Чоучи аз Белгия буд, ки паҳлавони тоҷикро шикаст дод.

Ҳамин тариқ, мунтахаби Тоҷикистон бо як ҷойи панҷум ҳамроҳ бо дастаи Дания дар байни 53 кишвар дар ҷойгоҳи 26-ум қарор гирифт.

Маблағи умумии ҷоизаҳои мусобиқа 100 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил медод. Ғолибон ва онҳое, ки ҷойҳои дувуму севумро гирифтанд, ба ҷуз медал бо ҷоизаҳои молӣ сарфароз шуданд. Барои ҷойи якум 3 ҳазор доллар, барои ҷойи дуюм 2 ҳазор доллар ва барои ҷойҳои сеюм 1 ҳазор долларӣ тақдим гардид.

Муҳаммадмурод Абдураҳмонов, сармураббии дастаи мунтахаби ҷудои Тоҷикистон, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки ширкаткунандагони Гран-прии ҷудои Тел-Авив, инчунин соҳиби имтиёзҳои олимпӣ шуданд. Ӯ афзуд, «гуштигирони мо имсол ва соли оянда барои ба даст овардани роҳхатҳо ба Олимпиадаи Токио-2020 талош мекунанд. Гран-прии Тел-Авив аввалин мусобиқаи байналмилалии имсола буд, ки дар он се варзишгари мо иштирок кард.»

Ғолибону ҷоизадорони Гран-прии ҷудо, Тел-Авив (Исроил), 24-26-уми январ

Мардон

60 кг
1. ВЕРСТРАЕТЕН Ҷорр (Белгия)
2. ҶАКАДОЕА Торник (Нидерланд)
3. ОГУЗОВ Алберт (Русия
3. РЕВОЛ Седрич (Фаронса)

66 кг
1. ЛОМБАРДО Мануэл (Италия)
2. ЯДОВ Богдан (Украина)
3. ГАИТЕРО МАРТИН Алберто (Испания)
3. ХАМЕТОВ Ислом (Русия)

73 кг
1. ШОКА Вадзим ( Беларус)
2. ЕСПОСИТО Ҷиованни (Италия)
3. БУТБУЛ Тоҳар (Исроил)
3. ХОМУЛА Артём (Украина)

81 кг
1. МУКИ Саги (Исроил)
2. ИВАНОВ Ивайло (Булғористон)
3. ЧОУЧИ Сами (Белгия)
3. ПАРЛАТИ Кристиан (Италия)

90 кг
1. КЛЕРГЕТ Аксел (Фаронса)
2. МУНГАЛ Николас (Италия)
3. МЕҲДИЕВ Маммадалӣ (Озарбойҷон)
3. СМИНК Ҷеспер (Нидерланд)

100 кг
1. ИДДИР Александр (Фаронса)
2. ФЛЕТЧЕР Бенҷамин (Ирландия)
3. МИНАСКИН Григори (Эстония)
3. ОЗСИСЕК-ТАКАГИ Кайҳан (Австралия)

+100 кг
1. САССОН Ор (Исроил)
2. ХАММО Якив (Украина)
3. КРИВОБОКОВ Антон (Русия)
3. ВАХАВЯК Александр (Беларус)

XS
SM
MD
LG