Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мусобиқа барои Ҷоми президенти Тоҷикистон дар Ваҳдат доир мешавад


Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо барои дарёфти Ҷоми президенти Тоҷикистон дар рӯзи таваллуди Эмомалӣ Раҳмон – 5-уми октябр - дар шаҳри Ваҳдат баргузор хоҳад шуд.

Бино ба иттилои мақомоти Федератсияи ҷудои Тоҷикистон, дар ин мусобиқаи байналмилалӣ, ки барои бори панҷум доир мешавад, ширкати гуштигирон аз 20 кишвар, ба мисли Беларус, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Италия, Қазоқистон, Озарбойҷон, Русия, Тоҷикистон, Ҷопон ва ғайра дар назар аст. Тоҷикистонро ин дафъа 15 варзишгар намояндагӣ хоҳад кард.

Паҳлавонони тоҷик дар мусобиқаи порсола барои Ҷоми президенти Тоҷикистон барои аввалин бор аз ҷоизаҳо бенасиб монданд.

Бар асоси дастури мусобиқа барои ҷоизаҳо варзишгарони синашон аз 18-сола боло дар вазни мутлақ рақобат мекунанд. Ба ҷуз ҷому медалҳо варзишгароне, ки ҷойҳои ифтихориро соҳиб мешаванд, бо ҷоизаҳои молӣ сарфароз мегарданд. Ҷавоизи мусобиқа 120 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Барои ҷойи аввал ҷоизаи молӣ ба маблағи 56 ҳазор сомонӣ, барои ҷойи дувум 32 ҳазор сомонӣ ва барои ҷойҳои севум 16 ҳазор сомонӣ муқаррар шудааст.

Мусобиқа барои Ҷоми президенти Тоҷикистон оид ба ҷудо аз соли 2013 доир мешавад. Се бор – солҳои 2013-2015 – ин мусобиқа дар пойтахти кишвар - шаҳри Душанбе - барпо гардида буд.

Соли 2013 намояндаи Виталий Дудчики украинӣ дар вазни зери 81 кило ва Ислом Ал-Шаҳобӣ аз Миср дар вазни мутлақ ғолиб шуданд. Дудчик дар қувваозмоии ниҳоӣ гуштигири тоҷик Фарҳод Раҳимовро мағлуб кард. Ал-Шаҳобӣ бошад, дар финал бар паҳлавони тоҷик Муҳаммадмурод Абдураҳмонов дастболо шуд.

Баъдан ду бор Муҳаммадмурод Абдураҳмонов барандаи Ҷоми президенти Тоҷикистон гардидааст. Ӯ соли 2014 дар қувваозмоии ҳалкунанда барои ҷоизаи аслӣ бар ҳамватанаш Зиёратшо Баротов пирӯзӣ ба даст овард. Абдураҳмонов соли 2015 дар қувваозмоии ниҳоӣ бар Александр Ваховяк аз Беларус ғалаба кард.

Соли 2015
Соли 2015

Мусобиқаи чоруми байналмилалӣ барои Ҷоми президенти Тоҷикистон соли гузашта дар шаҳри Ваҳдат бо ширкати 45 гуштигир аз 15 кишвар баргузор шуд. Станислав Бондаренко аз Украина, ки дар қувваозмоии ниҳоӣ Алекс Гарсия Мендозаро аз Куба шикаст дод, бо Ҷоми президенти Тоҷикистон, медали тилло ва ҷоиза ба маблағи 56 ҳазор сомонӣ сарфароз гашт. Ба варзишгари кубагӣ барои ҷойи дувум медали нуқра ва 32 ҳазор сомонӣ тақдим шуд. Паҳлавонон аз Узбакистон Мӯҳсин Кисомиддинов ва Абдулло Тангриев, ки ҷойҳои севумро гирифтанд, бо медалҳои биринҷӣ ва ҷоизаҳои молӣ ҳар кадом ба маблағи 16 ҳазор сомонӣ мукофотонида шуданд.

Вале паҳлавонони тоҷик дар мусобиқаи порсола барои Ҷоми президенти Тоҷикистон барои аввалин бор аз ҷоизаҳо бенасиб монданд.

XS
SM
MD
LG