Пайвандҳои дастрасӣ

Мақоми аввали Ҷаҳонгир дар феҳристи ҷаҳонии ҷудо


Ҷаҳонгир Маҷидов.

Ҷаҳонгир Маҷидов, паҳлавони 17-солаи тоҷик, дар рейтинг ё раддабандии нави ҷаҳонии ҷудо дар вазни то 81 кг миёни навҷавонон (кадетҳо), ки дар сомонаи расмии Федеросиюни байналмилалии ҷудо (IJF) нашр шудааст, бо 282 имтиёз мақоми аввалро касб кардааст. Гоча Гвачлиани аз Гурҷистон бо 112 имтиёз дар ҷойи дувум ва Саид Гаҷиев аз Русия бо 100 имтиёз дар ҷойи севум қарор доранд.

Бояд гуфт, ки барои Ҷаҳонгир Маҷидов соли 2016-ум соли бобарор буд. Вай дар Ҷоми Осиё байни наврасон дар вазни 81 кг дар шаҳри Чирчиқи Узбакистон, Макаои Чин ва Ҳонконг ғолиб шуда, дар Бозиҳои VI байналмилалии варзишии “Бачагони Осиё” дар шаҳри Якутски Русия ҷойи дуюм ва дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё байни наврасон дар шаҳри Кӯчии Ҳиндустон ҷойи сеюмро ишғол кард.

Барои ин дастовардҳои бузургаш ӯро Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон (АЖРВТ) ба феҳристи даҳ варзишгари беҳтарини соли 2016 дохил намуд. Ҷаҳонгир Маҷидов бо ҷоизаҳои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ва АЖРВТ сарфароз гардид.

Инчунин соли гузашта паҳлавони навраси душанбегӣ Ҷаҳонгир Маҷидов, ки бори аввал дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷудои кишвар миёни бузургсолон ширкат дошт, дар рақобатҳо дар вазни то 81 кило мақоми аввалро касб намуд ва ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфт.

Ҷаҳонгир аз оилаи паҳлавонон Маҷидовҳо мебошад. Бародари бузурги ӯ Хуршед Маҷидов ду сол пеш қаҳрамон ва барандаи Ҷоми Осиё оид ба ҷудо миёни наврасон дар вазни беш аз 90 кило, барандаи Ҷоми Аврупо байни наврасон гардида буд. Соли гузашта бошад, ӯ Ҷоми мири шаҳри Иркутскро дар миёни ҷавонони солҳои таваллудашон 1997-1999 дар вазни беш аз 100 кило ба даст оварда, инчунин дар Ҷоми Осиё соҳиби медали нуқра шудаааст.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG