Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Истиқлол" барандаи Ҷоми "Баҳористон" шуд


Дастаи «Истиқлол»
Дастаи «Истиқлол»

Дастаи «Истиқлол»-и Душанбе дар мусобиқа оид ба футбол барои Ҷоми осоишгоҳи «Баҳористон» ғолиб омад.

Ин мусобиқа, ки дар шаҳри Қайроққуми вилояти Суғд ҷараён дорад, то рӯзи 23-юми феврал идома хоҳад кард. Дар ин мусобиқа бошгоҳҳои футболи Тоҷикистон ва Қазоқистон, ки дар Қайроққум ба мавсими нави футбол омодагӣ мебинанд, иштирок мекунанд.

Аз Тоҷикистон се дастаи лигаи олӣ - «Истиқлол»-и Душанбе, «Хайр»-и Ваҳдат ва «Далерон-Ӯротеппа»-и Истаравшан, инчунин, се тим аз Қазоқистон – «Жетису»-и Талдиқӯрғон, «Оқтеппа»-и Оқтеппа ва «Қизилҷар»-и Петропавловск ширкат меварзанд.

Дастаҳои «Жетису» ва «Оқтеппа», ки дар премйер-лигаи Қазоқистон бозӣ мекунанд, ба Қайроққум ҳайатҳои эҳтиётии худро овардаанд. Тими «Қизилҷар» бошад, соли гузашта дар мусобиқоти лигаи аввали Қазоқистон ҷойи севумро соҳиб шуда буд.

Дастаи «Истиқлол» дар Ҷоми «Баҳористон» баъди чор пирӯзӣ бар тимҳои «Хайр» бо ҳисоби 3-0, «Далерон-Ӯротеппа» бо ҳисоби 4-1, ҳайати дувуми «Оқтеппа» бо ҳисоби 6-1 ва «Қизилҷар» бо ҳисоби 2-1, дар бозии охиринаш рӯзи 16-уми феврал бар ҳайати дувуми “Жетису” бо ҳисоби 6-2 ғалаба кард.

Дар ин бозӣ Дилшод Восиев ва Виллер Соуза Оливейра дуголӣ, Хуршед Маҳмудов ва Дэвид Мауто якголӣ заданд. Ба ин тартиб, «Истиқлол» бо 15 имтиёз мақоми аввалро азони худ кард ва новобаста аз бозиҳои боқимондаи мусобиқа соҳиби Ҷоми осоишгоҳи «Баҳористон» гардид.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа

Ҷ Дастаҳо Б Ғ М Б Т И
1 «Истиқлол» 5 5 0 0 21-5 15
2 «Хайр» 4 2 1 1 3-4 7
3 «Оқтеппа» 3 1 1 1 3-6 4
4 «Қизилҷар» 2 0 0 2 1-3 0
5 «Далерон-Ӯротеппа» 3 0 0 3 2-8 0
6 «Жетису» 1 0 0 1 2-6 0

Нишонзанҳои беҳтарин: Дилшод Восиев – 8 гол, Дэвид Мауто – 4 гол.
Тақвими бозиҳои Ҷоми «Баҳористон»

7-уми феврал (ҷумъа)
«Истиқлол» - «Хайр» - 3-0

10-уми феврал (душанбе)
«Далерон-Ӯротеппа» - «Истиқлол» -1-4

12-уми феврал (чоршанбе)
«Хайр» - «Далерон-Ӯротеппа» - 2-1
«Истиқлол» - «Оқтеппа» - 6-1

14-уми феврал (ҷумъа)
«Қизилҷар» - «Истиқлол» - 1-2
«Оқтеппа» - «Хайр» - 0-0

16-уми феврал (якшанбе)
«Хайр» - «Қизилҷар» - 1-0
«Далерон-Ӯротеппа» - «Оқтеппа» - 0-2
«Истиқлол» - «Жетису» - 6-2

18 –уми феврал (сешанбе)
12.00 – «Жетису» - «Хайр»
14.00 – «Оқтеппа» - «Қизилҷар»

20-уми феврал (панҷшанбе)
14.00 – «Қизилҷар» - «Далерон-Ӯротеппа»

22-юми феврал (шанбе)
12.00 – - «Жетису» «Қизилҷар»

23-юми феврал (якшанбе)
14.00 – «Оқтеппа» - «Жетису»

24-уми феврал (душанбе)
12.00 – «Далерон-Ӯротеппа» - «Жетису» -
XS
SM
MD
LG