Пайвандҳои дастрасӣ

“Истиқлол” барои бори шашум қаҳрамони Тоҷикистон шуд


«Истиқлол»-и Душанбе, ки дар бозии даври нуздаҳуми мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ бар тими «Панҷшер»-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо ҳисоби бузурги 5:0 пирӯз шуд, пешакӣ ба унвони қаҳрамони футболи Тоҷикистон даст ёфт.

Ин бозӣ шаби 18-уми сентябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор барпо гардид. Нимаи аввали бозӣ бо ҳисоби 2:0 ба фоидаи “Истиқлол” хотима ёфт. Голҳоро капитани даста Фатҳулло Фатҳуллоев дар дақиқаи 37-ум ва Нуриддин Давронов дар дақиқаи 45+1 (аз ҷаримаи 11-метрӣ) ба ҳадаф расонданд. Дарвоқеъ, Давронов баъди латхӯрӣ қариб чаҳор моҳ бозӣ накарда буд.

“Истиқлол” ҳоло бо 42 имтиёз аз 16 бозӣ дар ҷадвали мусобиқа дар мақоми аввал қарор дорад ва сарфи назар аз натоиҷи панҷ бозии охиринаш барои рақибонаш дастнорас шуд.

Се голи дигарро бозигарони “Истиқлол”дар нимаи дувуми бозӣ заданд. Голи севуми “Истиқлол”-ро Дилшод Восиев дар дақиқаи 48-ум ба дарвозаи “Панҷшер” ворид кард. Ҷаҳонгир Алиев дар дақиқаи 85-ум ҳисобро афзун намуд. Голи панҷумро Фатҳулло Фатҳуллоев дар дақиқаи 90-ум ба самар расонд. Фатҳуллоев, ки ду гол зад, беҳтарин бозигари ин дидор эълон шуд.

Ба ин тартиб, “Истиқлол” барои шашумин бор бо медалҳои тиллои мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон мукофотонида мешавад. Аз ин пеш «Истиқлол» солҳои 2010, 2011, 2014, 2015 ва 2016 ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфтааст.

Дар ҳамин ҳол “Истиқлол” бо 42 имтиёз аз 16 бозӣ дар ҷадвали мусобиқа дар мақоми аввал қарор дорад ва сарфи назар аз натоиҷи панҷ бозии охиринаш барои рақибонаш дастнорас шуд. “Истиқлол” таҳти раҳбарии сармураббӣ Мӯҳсин Муҳаммадиев дар 13 бозӣ пирӯз шуда, 3 бозиро мусовӣ анҷом додааст ва ягона дастест, ки то ҳоло бохт надорад.

Дастаи "Истиқлол" ин мавсим таҳти раҳбарии Муҳсин Муҳаммадиев ба қаҳрамонӣ даст ёфт.
Дастаи "Истиқлол" ин мавсим таҳти раҳбарии Муҳсин Муҳаммадиев ба қаҳрамонӣ даст ёфт.

Барои медалҳои нуқраи мусобиқаи имсола дастаҳои ССКА “Помир”-и Душанбе ва “Хуҷанд”-и Хуҷанд талош доранд. Низомиён, ки камаш бо медалҳои биринҷӣ мукофотонида мешаванд, бо 33 имтиёз дар зинаи дувум ҷойгир шудаанд. Хуҷандиҳо бо 30 имтиёз дар зинаи севуми ҷадвал қарор гирифтаанд. Вале ССКА “Помир” нисбат ба “Хуҷанд” ду бозӣ бештар анҷом додааст.

Мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Даври 19-ум

«Панҷшер» - «Истиқлол» - 0:5

Голҳо: : Фатҳулло Фатҳуллоев, 37 (0:1). Нуриддин Давронов, 45+1 – аз пеналтӣ (0:2). Дилшод Восиев, 48 (0:3), Ҷаҳонгир Алиев, 85 (0:4). Фатҳулло Фатҳуллоев, 90 (0:5).

«Панҷшер» (Ҷалолиддини Балхӣ): Сафар Наботов, Равшан Азизов, Иззатулло Рӯзиев, Абдулатиф Тоҷиаҳмадов, Қурбонбой Шералиев, Шавкат Худойназаров, Ҳасан Холов, Алишер Салимов, Акрам Қурбонов (Хушбахт Миров, 83), Фаррух Фузайлов (Фирӯз Одинаев, 82), Шавкати Ҳотам (Хайриддин Тӯрахонов, 60).

«Истиқлол» (Душанбе): Никола Стошич, Александр Стесенко, Сиёвуш Асроров (Артём Барановский, 46), Табрези Давлатмир, Ромиш Ҷалилов, Эҳсони Панҷшанбе, Нуриддин Давронов (Муҳаммадҷони Ҳасан, 46), Ҷаҳонгир Алиев, Фатҳулло Фатҳуллоев, Дмитрий Барков (Дилшод Восиев, 46), Манучеҳр Ҷалилов.

Огоҳонида шуданд: Изатулло Рӯзиев, Равшан Азизов («Панҷшер»), Муҳаммадҷони Ҳасан, Табрези Давлатмир («Истиқлол»).

Бозигари беҳтарини вохӯрӣ: Фатҳулло Фатҳуллоев («Истиқлол»).

Сардовар: Абдурашид Муродов (Турсунзода).

18 сентябр. Ҳисор. Варзишгоҳи марказӣ». 500 тамошогар.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа чунин аст: 1. “Истиқлол” – 42 имтиёз (16 бозӣ). 2. ССКА “Помир” – 33 имтиёз (19 бозӣ). 3. “Хуҷанд” – 30 имтиёз (17 бозӣ). 4. “Барқчӣ” – 20 имтиёз (17 бозӣ). 5. “Регар-ТадАЗ” – 20 имтиёз (19 бозӣ). 6. “Вахш” – 18 имтиёз (18 бозӣ). 7. “Панҷшер” – 16 имтиёз (19 бозӣ). 8. “Ҳосилот” – 15 имтиёз (17 бозӣ).

Нишонзанҳо: Манучеҳр Ҷалилов («Истиқлол») – 14 тӯб, Дилшод Бозоров («Хуҷанд»), Дилшод Восиев («Истиқлол») – 8-тӯбӣ.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG