Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рақобати "Истиқлол" бо "Эйр Форс" барои 1 миллион доллар


Мӯҳсин Муҳаммадиев
Мӯҳсин Муҳаммадиев

Имрӯз, 4-уми ноябр, дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор бозии ниҳоии Ҷоми AFC (Конфедератсиони футболи Осиё)-2017 миёни дастаҳои “Истиқлол”-и Душанбе, қаҳрамони шашкаратаи Тоҷикистон ва “Эйр Форс”-и Ироқ, барандаи Ҷоми AFC-2016, барпо мегардад. Бозӣ соати 17:00 шуруъ хоҳад шуд.

Маблағи ҷавоизи бозии ниҳоии Ҷоми AFC-2017 якуним миллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Ба дастаи ғолиб ҷоизаи молӣ ба маблағи як миллион доллар ва ба финалист 500 ҳазор доллар супурда мешавад.

Дар остонаи ин бозӣ ​Хусам Ал-Саид, сармураббии тими "Эйр Форс", гуфт, даста барои нигоҳ доштани унвони ғолиби порсолаи мусобиқот қудрат дорад. Ӯ рӯзи 3-юми ноябр дар як нишасти хабарӣ дар Душанбе афзуд, “мо, ки ба финал баромадем, натиҷаи бисёр хуб аст. Ҳамчун барандаи феълии Ҷом, табиист, ки мо тамоми қувваамонро баҳри пирӯзӣ сафарбар мекунем. Бояд гуфт, ки ба мо барои дар майдони рӯпӯшаш сунъӣ бозӣ кардан, одат намудан зарур аст. Зеро ки мо ҳамеша дар майдони чаманаш табиӣ бозӣ ва тамрин мекунем. Дигар ҳама хуб аст, мекӯшем, ки дастоварди худро такрор намоем.”

Мӯҳсин Муҳаммадиев, сармураббии тими «Истиқлол», ба хабарнигорон гуфт, “мо барои ба ин бозии ҳалкунанда расидан роҳи тӯлониро тай кардем, ёздаҳ моҳ заҳмат кашидем, сафарҳои зиёд буд. Худоро шукр, ки мо кори асосиро иҷро кардем, вале вазифаи аз ҳама муҳимро фардо бояд ҳал намоем. Дар ҷараёни бозиҳои чаҳорякниҳоӣ ва ниманиҳоӣ мо дар ҳайати даста мушкилот доштем. Агар дар хотир дошта бешед, он замон ман гуфта будам, ки ба ҳамаи мушкилиҳо нигоҳ накарда, мо ба финал мебароем ва ин Ҷомро соҳиб мешавем.”

Довари ФИФА Муҳаммад Абдулло Ҳасан Муҳаммади 39-сола аз Имороти Муттаҳидаи Араб сардовари ин бозӣ таъйин шудааст. Ба ӯ ҳамватанонаш - Муҳаммад Аҳмад Юсуф Абдулло Ал-Ҳаммадии 33-сола ва Ҳасан Муҳаммад Ҳасан Абдулло Ал-Маҳрии 39-сола кӯмак мекунанд.

Вазифаи довари эҳтиётиро Умар Алӣ Абдулло Ҷумъа Ал-Ҷнейбии 35-сола аз Имороти Муттаҳидаи Араб бар дӯш дорад. Собит Убайд Сурур Собит Ал-Алии 36-сола (ӯ ҳам аз Иморот) довари панҷум мебошад. Абдул Карим Саид Ҳассоунеҳ аз Урдун нозири доварон ва Патит Супхапхонгс аз Тайланд комиссари ин бозӣ таъйин шудаанд.

Аввалин барандаи Ҷоми AFC бошгоҳи “Ал-Ҷайш”-и Сурия мебошад, ки соли 2004-ум бар тими дигари ин кишвар “Ал Ваҳда”аз рӯи натоиҷи ду бозӣ (3:2 ва 0:1) пирӯз шудааст.

Маблағи ҷавоизи бозии ниҳоии Ҷоми AFC-2017 - мусобиқаи аз рӯи моҳият дувуми бошгоҳии Осиё – якуним миллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Ба дастаи ғолиб ҷоизаи молӣ ба маблағи як миллион доллар ва ба финалист 500 ҳазор доллар супурда мешавад.

Бояд тазаккур дод, Ҷоми AFC шуруъ аз соли 2004-ум барои бори чордаҳум баргузор шудааст. Ҳамагӣ даҳ даста барандаи ин Ҷом гардидааст. Аз ҳама бештар бошгоҳи варзишии “Кувайт” (Кувайт) се бор Ҷомро ба даст овардааст. “Ал-Файсал”-и Урдун ду бор соҳиби Ҷоми AFC шудааст. “Ал-Қадсия” (Кувайт), “Ал-Муҳаррак” (Баҳрайн), “Ал-Ҷайш” (Сурия), “Шабоб Ал-Урдун” (Урдун), “Ал-Иттиҳод” (Сурия), “Насаф” (Узбакистон), “Ҷоҳор Дарул Такзим” (Малайзия) ва “Эйр Форс” (Ироқ) якборӣ барандагони Ҷоми AFC гардидаанд.

Аввалин барандаи Ҷоми AFC бошгоҳи “Ал-Ҷайш”-и Сурия мебошад, ки соли 2004-ум бар тими дигари ин кишвар “Ал Ваҳда”аз рӯи натоиҷи ду бозӣ (3:2 ва 0:1) пирӯз шудааст. Аз соли 2011 финал аз як бозӣ иборат аст. Соли гузашта “Эйр Форс”-и Ироқ дар бозии ниҳоӣ “Бенгалуру”-и Ҳиндустонро бо ҳисоби 1:0 шикаст дода буд.

«Истиқлол»-и Тоҷикистон соли 2015 дар бозии ниҳоии Ҷоми AFC, ки 31-уми октябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе доир шуда буд, аз дастаи “Ҷоҳор Дарул Таъзим”-и Малайзия бо ҳисоби 0:1 шикаст хӯрд. Дастаи ғолиб бо Ҷоми AFC, медалҳои тилло ва ҷоизаи молӣ ба маблағи 350 ҳазор доллар сарфароз гашт. Ба финалист ҷоми хотиравӣ, медалҳои нуқра ва 250 ҳазор доллар супурда шуд.

XS
SM
MD
LG