Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

5 гол ба дарвозаи "Регар" ва Ҷоми чоруми “Истиқлол”


«Истиқлол»-и Душанбе, ки дар бозии ниҳоии Ҷоми футболи Тоҷикистон имрӯз, 23-юми ноябр, бар «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода бо ҳисоби 5:2 пирӯз шуд, барои бори чаҳорум ин ҷоизаи олии футболи кишварро ба даст овард.

Бозии ниҳоии Ҷоми футболи Тоҷикистон байни дастаҳои «Истиқлол»-и Душанбе ва «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода, ки рӯзи якшанбеи 23-юми ноябр дар Варзишгоҳи марказии пойтахти кишвар бо ҳузури 7 ҳазор тамошобин баргузор шуд, бо пирӯзии душанбегиҳо бо ҳисоби 5:2 анҷом ёфт.

Се голи “Истиқлол”-ро капитани даста Дилшод Восиев (дар дақиқаҳои 22, 79 ва 90+3) ба ҳадаф расонда, ҳет-трик кард. Ду голи дигарро Хуршед Маҳмудов дар дақиқаи 12 ва Ромиш Ҷалилов дар дақиқаи 43-юм заданд.

Ҳарду голи “Регар-ТадАЗ”-ро Аҳтам Ҳамроқулов дар дақиқаҳои 31 ва 49 ба дарвозаи “Истиқлол” ворид кард.

Мубин Эргашев, сармураббии дастаи “Истиқлол”, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “мавсими соли оянда мо нахуст дар Ҷоми АФК – Конфедератсиюни футболи Осиё – Тоҷикистонро намояндагӣ хоҳем кард. Мо, албатта, мекӯшем, ки дар ин мусобиқаи пурнуфузи қитъавӣ муваффақона бозӣ кунем ва мухлисонамонро шод гардонем.”

Дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” барои бори чаҳорум паиҳам дар бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон бо ҳам рақобат карданд.

Ҷоми Тоҷикистон-2014. Финал

«ИСТИҚЛОЛ» - «РЕГАР-ТАДАЗ» - 5:2

Голҳо: Хуршед Маҳмудов, 12 (1:0). Дилшод Восиев, 22 (2:0). Аҳтам Ҳамроқулов, 31 (2:1). Ромиш Ҷалилов, 43 (3:1). Аҳтам Ҳамроқулов, 48 (3:2). Дилшод Восиев, 81 (4:2). Дилшод Восиев, 90+3 (5:2).

«Истиқлол» (Душанбе): Алишер Тӯйчиев, Эраҷ Раҷабов, Дэвид Мавутор, Сиёвуш Асроров, Ҷаҳонгир Ҷалилов, Ромиш Ҷалилов, Нуриддин Давронов, Хуршед Маҳмудов, Фатҳулло Фатҳуллоев (Аҳтам Назаров, 88), Дилшод Восиев, Умедҷон Шарифов (Глаубер Да Силва, 83).

«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода): Алишер Додов, Фаррух Чориев, Алишер Шарифов, Фарҳод Холбеков, Акбар Бобомуродов, Расул Файзов, Бахтиёр Қаландаров, Сироҷиддин Музаффаров, Фирӯз Қараев (Фирӯз Раҳматов, 70), Абдурасул Раҳмонов, Аҳтам Ҳамроқулов (Нуъмон Зокиров, 85).

Огоҳонида шуданд: Умедҷон Шарифов, Нуриддин Давронов («Истиқлол»).

Бозигари беҳтарин: Дилшод Восиев («Истиқлол»).

Сардовар: Хуршед Дадабоев (Хуҷанд).

Нозири доварон: Шавкат Аҳмадов (Душанбе).

Комиссари бозӣ: Ҷовидон Ҳасанов (Душанбе).

23-юми ноябр. Душанбе. Варзишгоҳи марказӣ. 7000 тамошобин.

Нархи чиптаи тамошои ин бозӣ барои ҳамаи минбарҳои варзишгоҳ 5 сомонӣ муқаррар шуда буд. Инчунин мухлисон бо ин чиптаҳо дар бозии лотерея, ки баъди анҷоми маросими супурдани ҷоизаҳои ФФТ ба дастаҳо доир шуд, иштирок карданд. Бурди ассосии лотерея - мошини сабукрави тамғаи «Мерседес-Бенс» - насиби соҳибкоре бо номи Баҳриддин Назаров гардид.

Бояд тазаккур дод, ки мусобиқа барои Ҷоми Тоҷикистон сар аз соли 1992 барои бори 23-юм барпо гардид. Ҳамагӣ 10 даста барандагони Ҷом гардидаанд. Аз ҳама бештар – 6 бор дастаи “Регар-ТадАЗ” Ҷоми Тоҷикистонро ба даст овардааст.

4 бор “Истиқлол”-и Душанбе ва 3 бор “Хуҷанд”-и Хуҷанд барандагони Ҷом шудаанд. Дастаҳои “Вахш”-и Қӯрғонтеппа, “Варзоб”-и Душанбе ва “Парвоз” (собиқ “Авиатор”)-и Бобоҷон Ғафуров дуборӣ соҳибони Ҷоми Тоҷикистон гаштаанд. Дастаҳои “Помир”-и Душанбе, “Ситора”-и Душанбе, “Равшан”-и Кӯлоб ва “Пахтакор”-и ноҳияи Ҷаббор Расулов якборӣ Ҷомро азони худ кардаанд.

Натоиҷи ҳамаи бозиҳои ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон:

1992 – «Помир» (Душанбе) - «Регар» (Турсунзода) – 1:0
1993 – «Ситора» (Душанбе) – «Равшан» (Кӯлоб) - 0:0. Аз рӯи пеналтӣ - 5:3
1994 – «Равшан» (Кӯлоб) – «Шодмон» (Ҳисор) – 2:1
1995 – «Пахтакор» (Ҷаббор Расулов) – «Регар- ТадАЗ» (Турсунзода) – 0:0. Аз рӯи пеналтӣ - 3:2
1996/1997 – «Вахш» (Қӯрғонтеппа) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 4:0
1997/1998 – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – «Ранҷбар» (Восеъ) – 2:1
1998 – «Варзоб» (Душанбе) – «Хуҷа Каримов» (Ғозималик) – 3:1

1999 – «Варзоб» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 0:0. Аз рӯи пеналтӣ - 4:2
2000/2001 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Варзоб» (Душанбе) – 4:2
2001/2002 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) - 3:1.
2002 – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – «Вахш» (Қӯрғонтеппа) – 3:0
2003 – «Вахш» (Қӯрғонтеппа) – «Олимп-Ансол» (Кӯлоб) – 3:1
2004 – «Авиатор» (Бобоҷон Ғафуров) – «Уротеппа» (Истаравшан) – 5:0
2005 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) - «Вахш» (Қӯрғонтеппа) – 1:1. Аз рӯи пеналтӣ - 3:1
2006 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Хима» (Душанбе) – 2:1
2007 – «Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров) – «Хима (Душанбе) – 1:0.
2008 – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – «Энергетик» (Душанбе) – 2:1
2009 – «Истиқлол» (Душанбе) - ССКА «Помир» (Душанбе) - 3:1
2010 - «Истиқлол» (Душанбе) - «Хуҷанд» (Хуҷанд) - 5:0
2011 - “Регар-ТадАЗ” (Турсунзода) - “Истиқлол” (Душанбе) - 1:0
2012- “Регар-ТадАЗ” (Турсунзода) - “Истиқлол” (Душанбе) – 1:1. Аз рӯи пеналтӣ - 6:5
2013 – “Истиқлол» (Душанбе) - “Регар-ТадАЗ” (Турсунзода) – 2:0
2014 – “Истиқлол» (Душанбе) - “Регар-ТадАЗ” (Турсунзода) – 5:2

XS
SM
MD
LG