Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дастаи наврасони “Истиқлол” (U-17) қаҳрамони Тоҷикистон шуд


Дастаи “Истиқлол”-и Душанбе ғолиби мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни наврасони зери 17-сола гардид. «Истиқлол», ки ҳанӯз ду давр пеш аз хотимаи мусобиқот ба унвони қаҳрамони Тоҷикистон даст ёфтааст, дар даври охирин рӯзи якшанбеи 19-уми ноябр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе тими «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзодаро бо ҳисоби 3:1 шикаст дод.

Дастаи наврасони “Истиқлол”, ки таҳти раҳбарии сармураббӣ Юсуф Рабиев, собиқ ҳамлагаритими мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон, аз 20 бозӣ дар 17-тоаш ғолиб омада, як бозиро мусовӣ анҷом додааст ва танҳо дар ду бозӣ мағлуб гаштааст, бо 52 имтиёз дар ҷадвали мусобиқот мақоми аввалро касб кард ва бо медалҳои тилло сарфароз шуд.

Медалҳои нуқраи мусобиқот насиби дастаи мактаби варзишии шумораи яки шаҳри Хуҷанд гардид. Футболбозони навраси “Хуҷанд”, ки бозии даври охиринро дар меҳмонӣ бо тими Академияи футболи Тоҷикистон «Орзу-2026» бо натиҷаи мусовӣ ва бидуни гол анҷом доданд, бо 45 имтиёз мақоми дувумро касб намуданд. Дастаи наврасони «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода, ки бо 43 имтиёз дар мақоми севум қарор гирифт, бо медалҳои биринҷӣ мукофотонида шуд.

Ба иттилои мақомоти Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ), мусобиқоти қаҳрамонии кишвар миёни наврасони зери 17-сола имсол бо ширкати 11 даста барои аввалин бор дар ду давра баргузор шуд. Дастаҳо ҳам дар майдони худ ва ҳам дар сафар бозӣ карданд.

Пас аз анҷоми бозии охирини мусобиқот миёни дастаҳои «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» рӯзи якшанбеи 19-уми ноябр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе маросими супурдани ҷоизаҳои ФФТ доир шуд. Дар ин маросим муовини раиси ФФТ Дилшод Ҷӯраев ва мудири кулли Лигаи футболи кӯдакону наврасони Тоҷикистон Увайдо Давлатбеков ба ғолибону ҷоизадорони мусобиқот медалҳо, ҷому дипломҳо супориданд.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали ҷамъбастии мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни наврасони зери 17-сола:

1.”Истиқлол” (Душанбе) – 52 имтиёз (тӯбҳо - 79-14)

2. Мактаби варзишии №1 (Хуҷанд) – 45 имтиёз (66-23)

3. «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 43 имтиёз (66-31)

4. РШВСМ (МҶМОВ, Душанбе) – 38 имтиёз (48-37)

5. «Орзу-2026» (Душанбе) – 29 имтиёз (38-29)

6. «Истаравшан» (Истаравшан) – 27 имтиёз (39-41)

7. «Равшан» (Кӯлоб) – 23 имтиёз (25-60)

8. «Вахш» (Қӯрғонтеппа) – 23 имтиёз (39-27)

9. РШВСМ-«Варзоб» (Душанбе) – 18 имтиёз (26-47)

10. ССКА «Помир» (Душанбе) – 8 имтиёз (22-60).

11. «Панҷшер» (Ҷалолиддини Балхӣ) – 8 имтиёз (21-80)

XS
SM
MD
LG