Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

«Истиқлол» бо футболбози узбак қарордод баст


Бошгоҳи футболи «Истиқлол»-и Душанбе бо футболбози узбак Даврон Мирзоев қарордод ба имзо расонд.

Дар ин бора сомонаи бошгоҳи «Истиқлол» хабар додааст. Гуфта мешавад, ки қарордод бо ин ҳамлагари 25-сола то охири соли равон баста шудааст. Даврон Мирзоев, ки 16-уми март ба Душанбе омад, ба дастаи «Истиқлол» пайваст.

Шарҳи ҳол

Даврон Мирзоев 8-уми феврали соли 1989 таваллуд шудааст. Қадаш – 183 см, вазнаш – 73 кг. Дар дастаҳори «Пахтакор»-и Тошканд (2007-2008), «Рубин»-и Қазон (2009-2010) ва «Нефтехимик»-и Нижнекамск (2011-2013) бозӣ кардааст. Соли 2010 барандаи Ҷоми қаҳрамонҳои Иттиҳод гардидааст. Моҳи ноябри соли 2010 дар ҳайати мунтахаби олимпии Узбакистон дар Бозиҳои осиёӣ дар Гуанҷоуи Чин, инчунин дар ҳайати мунтахаби ҷавонони Узбакистон дар чемпионати ҷаҳон байни ҷавонон дар Миср ширкат кардааст. Дар ҳайати мунтахаби миллии Узбакистон чаҳор бозӣ анҷом додааст.

Дарвоқеъ, дастаи «Истиқлол» ба мавсими нави футбол таҳти раҳбарии сармураббии нав Мубин Эргашев омодагӣ мебинад. “Истиқлол”, ки соли гузашта дар мусобиқаи қаҳрамонии лигаи олии Тоҷикистон мақоми дувумро касб карда буд, имсол мақсад дорад, ки ба унвони қаҳрамонӣ мушарраф шавад. Бинобар ин роҳбарияти бошгоҳ тасмим гирифт, ки ҳайати дастаро пурқувват кунад.

Пеш аз Даврон Мирзоев ба даста якчанд бозигари нав, аз он ҷумла Жосимар Насименто, легионери бразилӣ, Дэвид Мауто, легионери африқоӣ аз Гана, собиқ бозигари “Равшан”-и Кӯлоб, Комил Саидов, ҳамлагари мунтахаби Тоҷикистон ва “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода, дарвозабони 20-сола Силванус Эванс, ки соли гузашта дар ҳайати «Вахш»-и Қӯрғонтеппа бозӣ мекард, нимҳимоятгар Хуршед Маҳмудов аз дастаи «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода қабул шуда буданд.

Инчунин бошгоҳи «Истиқлол» бо якчанд бозигар мӯҳлати шартномаро тамдид накард ва бо онҳо хайру хуш намуд. Нимҳимоятгар Иброҳим Рабимов, легионери эронӣ, ҳамлагар Ҳусейни Сӯҳробӣ, беҳтарин голзани мусобиқоти соли гузашта, ҳимоятгар Бенҷамин Авуку аз Гана ва Юҷин Сепуйя, ҳамлагари мунтахаби Уганда, аз ҷумлаи онҳоанд.

Дар ҳайати мураббиёни даста низ баъзе тағйирот ба амал омадааст. Аслиддин Ҳабибуллоеви 42-сола ёвари сармураббии нави даста Мубин Эргашев таъин шудааст. Вай солҳои ахир ёвари сармураббии дастаи «Вахш»-и Қӯрғонтеппа буд. Ӯ, инчунин, дар дастаи «Истиқлол» вазифаи мураббии дарвозабонҳоро низ ба ӯҳда дорад.
XS
SM
MD
LG