Пайвандҳои дастрасӣ

Голи легионер Дмитрий Барков "Истиқлол"-ро пирӯз кард


Дастаи “Истиқлол»-и Душанбе дар бозии аввали марҳилаи ниҳоии байниминтақавии Ҷоми AFC (Конфедератсиони футболи Осиё)-2017 бар тими «Бенгалуру”-и Ҳиндустон бо ҳисоби 1:0 ғалаба кард. Ин бозӣ шаби 27-уми сентябр дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор бо ҳузури 11 000 тамошогар баргузор шуд.

Голи ягонаро дар нимаи аввали дидор, дар дақиқаи 27-ум, Дмитрий Барков, легионери русиягии “Истиқлол”, ба ҳадаф расонд. Вай тӯби ба ҷаримагоҳи меҳмонон моҳирона ҳавододаи капитани даста Фатҳулло Фатҳуллоевро бо зарбаи сар вориди дарвоза кард.

Дар бозии ниҳоии Ҷоми AFC-2017, ки рӯзи 4-уми ноябр барпо мегардад, ғолиби ҷуфти «Истиқлол» (Тоҷикистон)/«Бенгалуру» (Ҳиндустон) бо «Эйр Форс» (Ироқ) рақобат мекунад. Агар “Истиқлол” ба финал барояд, онгоҳ бозии ниҳоӣ дар Тоҷикистон барпо мегардад.

“Истиқлол”, қаҳрамони шашкаратаи Тоҷикистон, таҳти раҳбарии сармураббӣ Мӯҳсин Муҳаммадиев муқобили “Бенгалуру” бо чунин ҳайат ба майдон омад: Никола Стошич, Сиёвуш Асроров, Александр Стетсенко, Аҳтам Назаров, Ромиш Ҷалилов, Эҳсони Панҷшанбе (Муҳаммадҷони Ҳасан, 90+1), Нуриддин Давронов (Табрези Давлатмир, 79), Ҷаҳонгир Алиев, Фатҳулло Фатҳуллоев (капитан), Дмитрий Барков, Манучеҳр Ҷалилов (Дилшод Восиев, 82).

Дастаи “Бенгалуру”, қаҳрамони дукаратаи Ҳиндустон ва финалисти мусобиқаи порсолаи Ҷоми AFC, таҳти раҳбарии сармураббӣ Алберто Рока Пуйоли испаниягӣ дар бозии аввал муқобили “Истиқлол” бо чунин ҳайат бозӣ кард: Гурпрет Синкх, Рахул Беке, Коллин Абраншес (Харманҷот Сингх Хабра, 66), Хуан Антонио, Ленни Родригес (Элвин Ҷорҷ, 87), Димас Делгадо, Сунил Четри, Уданта Синкх Куман, Нишу Кумар, Эрик Паарталу, Антонио Довале (Дэниэл Лалхлимпуа, 77).

Ҳакамони ин бозӣ бо сарварии Валентин Коваленко, довари FIFA (Федератсиони байналмилалии футбол), аз Узбакистон буданд.

Ғолиби ҷуфти “Истиқлол” – “Бенгалуру” аз рӯи натоиҷи ду бозӣ маълум мегардад. Бозии ҷавобӣ рӯзи 18-уми октябр дар шаҳри Бангалори Ҳиндустон баргузор хоҳад шуд.

26-уми сентябр дар бозии ҷавобии ниҳоии минтақаи ғарбӣ бошгоҳи «Эйр Форс»-и Ироқ дар майдони худ бар тими «Ал-Ваҳда»-и Сурия бо ҳисоби 1:0 ғолиб омад. Дар бозии аввали ин дастаҳо, ки 12-уми сентябр барпо гардида буд, «Ал-Ваҳда» бо ҳисоби 2:1 пирӯз шудааст. Як голи дар меҳмонӣ задаи ироқиҳо «Эйр Форс»-ро ба финал баровард.

Муҳсин Муҳаммадиев, сармураббии дастаи "Истиқлол"
Муҳсин Муҳаммадиев, сармураббии дастаи "Истиқлол"

Ҳамин тариқ, дар бозии ниҳоии Ҷоми AFC-2017, ки рӯзи 4-уми ноябр барпо мегардад, ғолиби ҷуфти «Истиқлол» (Тоҷикистон)/«Бенгалуру» (Ҳиндустон) бо «Эйр Форс» (Ироқ) рақобат мекунад. Агар “Истиқлол” ба финал барояд, онгоҳ бозии ниҳоӣ дар Тоҷикистон барпо мегардад.

Маблағи ҷавоизи бозии ниҳоии Ҷоми AFC – 2017 - мусобиқаи аз рӯи моҳият дувуми бошгоҳии Осиё – якуним миллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Ба дастаи ғолиб ҷоизаи молӣ ба маблағи як миллион доллар ва ба финалист 500 ҳазор доллар супурда мешавад.

Ёдовар мешавем, «Истиқлол» соли 2015-ум дар бозии ниҳоии Ҷоми AFC аз дастаи “Ҷоҳор Дарул Таъзим”-и Малайзия бо ҳисоби 0:1 мағлуб шуда буд. Дар ин бозӣ, ки 31-уми октябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе бо ҳузури 18 ҳазор мухлис барпо гардид, голи ягонаро ҳамлагар Леандро Веласкес, легионери аргентинии “Ҷоҳор Дарул Таъзим”, дар нимаи аввали дидор, дар дақиқаи 23-юм, ба ҳадаф расонд.

Ғолиби ин мусобиқаи пурнуфузи бошгоҳии қитъавӣ - “Ҷоҳор Дарул Таъзим” - бо Ҷоми AFC–2015, медалҳои тилло ва ҷоизаи молӣ ба маблағи 350 ҳазор доллар сарфароз гашт. Ба дастаи “Истиқлол” – финалисти Ҷоми AFC–2015 – ҷоми хотиравӣ, медалҳои нуқра ва 250 ҳазор доллар тақдим гардид.

Ҷоми АFC-2017

Финали байниминтақавӣ. Бозии аввал

27 сентябр (чоршанбе)

«Истиқлол» (Тоҷикистон) – «Бенгалуру» (Ҳиндустон) – 1:0

Гол: Дмитрий Барков, 27

Беҳтарин бозигари вохӯрӣ: Фатҳулло Фатҳуллоев (“Истиқлол”).

Огоҳонида шуд: Нуриддин Давронов, 73 (“Истиқлол”).

Сардовар: Валентин Коваленко (Узбакистон).

Ёварони сардовар: Маъмур Саидқосимов, Ҳусниддин Шодмонов (ҳарду аз Узбакистон).

Довари эҳтиётӣ: Азиз Осимов (Узбакистон).

Нозири доварон: Салим Саид Ал-Сувайдӣ (Имороти Муттаҳидаи Араб).

Комиссари бозӣ: Парк Сеонг Кин (Кореяи Ҷанубӣ).

Ҳисор, Варзишгоҳи марказӣ, 11 000 тамошогар.

Бозии ҷавобӣ

18 октябр (чоршанбе)

«Бенгалуру» (Ҳиндустон) - «Истиқлол» (Тоҷикистон)

Минтақаи ғарбӣ. Финал

Бозии аввал

12 сентябр (сешанбе)

«Ал-Ваҳда» (Сурия) – «Эйр Форс» (Ироқ) – 2:1

Бозии ҷавобӣ

26 сентябр (сешанбе)

«Эйр Форс» (Ироқ) - «Ал-Ваҳда» (Сурия) – 1:0

Бозии ниҳоии Ҷоми AFC-2017

4 ноябр (шанбе)

Ғолиби ҷуфти «Истиқлол» (Тоҷикистон)/«Бенгалуру» (Ҳиндустон) – «Эйр Форс» (Ироқ)

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG