Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду голи ҳимоятгарони “Истиқлол” ба дарвозаи ССКА “Помир”


“Истиқлол”-и Душанбе дар бозии мавқуфгузоштаи даври 20-уми мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ бар ССКА «Помир»-и Душанбе бо ҳисоби 2:0 пирӯз шуд. Ин бозӣ 25-уми ноябр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе барпо гардид.

Ҳарду голи “Истиқлол”-ро ҳимоятгарон дар нимаи дувуми дидор ба самар расониданд. Сиёвуш Асроров дар дақиқаи 60-ум ҳисобро боз кард. Тӯби дувумро Аҳтам Назаров дар дақиқаи 87-ум ба дарвозаи ССКА “Помир” ворид намуд.

Ба ин тартиб, то анҷоми мусобиқоти имсолаи лигаи олӣ як бозии дигар мондааст, вале натиҷаи он мавқеи дастаҳоро дар ҷадвал тағйир нахоҳад дод. Дар бозии мавқуфгузоштаи даври 17-ум “Истиқлол” имрӯз, 27-уми ноябр, дар Варзишгоҳи марказии ноҳияи Фархор бо «Ҳосилот» рақобат мекунад.

Дастаи «Истиқлол», ки бо 52 имтиёз дар ҷадвали мусобиқот мақоми аввалро касб кардааст, барои шашумин бор бо медалҳои тиллои мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон мукофотонида мешавад. “Истиқлол” таҳти раҳбарии сармураббӣ Мӯҳсин Муҳаммадиев дар 16 бозӣ пирӯз шуда, 4 бозиро мусовӣ анҷом додааст ва ягона дастаест, ки бохт надорад.

Тими “Хуҷанд”-и шаҳри Хуҷанд таҳти раҳбарии сармураббӣ Рустам Хоҷаев, ки бо 37 имтиёз дар ҷадвали мусобиқот мақоми дувумро касб кард, бо медалҳои нуқра сарфароз мегардад.

Бошгоҳи ССКА «Помир»-и Душанбе бо раҳбарии сармураббӣ Тоҳир Муъминов, ки бо 34 имтиёз дар ҷадвали мусобиқот мақоми севумро азони худ кард, соҳиби медалҳои биринҷӣ гардид.

«Панҷшер»-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, ки дар мусобиқоти имсолаи қаҳрамонии Тоҷикистон мақоми пешазохирин - ҳафтумро касб намуд, аз рӯи натиҷаҳои ду бозӣ бар барандаи медалҳои нуқраи лигаи аввал - “Эсхата”-и Хуҷанд (1:1 ва 3:2) ғолиб омад ва мавқеашро дар лигаи олӣ нигаҳ дошт.

Дастаи «Ҳосилот»-и ноҳияи Фархор, ки дар мусобиқоти имсола дар мақоми охирин қарор гирифт, лигаи олиро тарк карда, соли оянда дар лигаи аввал ширкат меварзад. Дастаи ғолиби мусобиқоти лигаи аввали Тоҷикистон дар соли 2017 - «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ - ба ҳаққи ширкат дар мусобиқоти лигаи олӣ дар мавсими нав мушарраф шудааст.

Ба иттилои дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон, мавсими имсолаи футбол дар кишвар рӯзи 2-юми декабр бо бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон миёни дастаҳои “Истиқлол” ва “Хуҷанд”, ки дар Варзишгоҳи марказии Душанбе доир хоҳад шуд, ба поён мерасад.

Мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Бозии мавқуфгузоштаи даври 20-ум

«Истиқлол» – ССКА «Помир» – 2:0

Голҳо: Сиёвуш Асроров, 60 (1:0). Аҳтам Назаров, 87 (2:0).

«Истиқлол» (Душанбе): Қурбоналӣ Бобоев, Александр Стетсенко, Артём Барановский, Сиёвуш Асроров, Аҳтам Назаров, Эҳсони Панҷшанбе, Амирбек Ҷӯрабоев, Ҷаҳонгир Алиев, Ромиш Ҷалилов (Фатҳулло Фатҳуллоев, 46), Дмитрий Барков (Ҳомид Ғуломӣ, 46), Дилшод Восиев.

ССКА «Помир» (Душанбе): Азимҷон Қараев, Зоир Ҷӯрабоев, Идибек Ҳабибуллоев, Комрони Мирзохон, Фирдавс Чақалов, Шамсиддин Қосимов, Орзу Додхудоев (Билол Сулаймонов, 46), Расул Пайзов, Шарафҷон Солеҳов, Самадҷон Шарифов, Абдухалил Боронов.

Огоҳӣ гирифтанд: Александр Стетсенко, Аҳтам Назаров, Эҳсони Панҷшанбе («Истиқлол»), Шамсиддин Қосимов, Билол Сулаймонов, Фирдавс Чақалов (ССКА «Помир»).

Бозигари беҳтарини дидор: Сиёвуш Асроров («Истиқлол»).

Сардовар: Хуршед Дадобоев (Хуҷанд).

25-уми ноябр. Душанбе. Варзишгоҳи марказӣ. 300 тамошогар.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқот

1. «Истиқлол» (Душанбе) - 20 бозӣ - 52 имтиёз

2. «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 21 бозӣ – 37 имтиёз

3. ССКА «Помир» (Душанбе) – 21 бозӣ – 34 имтиёз

4. «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 21 бозӣ – 24 имтиёз

5. «Барқчӣ» (Ҳисор) – 21 бозӣ – 24 имтиёз

6. «Вахш» (Қӯрғонтеппа) – 21 бозӣ – 22 имтиёз

7. «Панҷшер» (Ҷалолиддини Балхӣ) – 21 бозӣ – 19 имтиёз

8. «Ҳосилот» (Фархор) – 20 бозӣ – 15 имтиёз

Нишонзанҳо: Манучеҳр Ҷалилов («Истиқлол») – 15 тӯб, Дилшод Восиев («Истиқлол») – 13 тӯб, Дилшод Бозоров («Хуҷанд») – 10 тӯб.

Бозии мавқуфгузоштаи даври 17-ум

27-уми ноябр (душанбе)

Оғози бозӣ – соати 14:00

«Ҳосилот» – «Истиқлол»

Фархор, Варзишгоҳи марказӣ

Ҷоми Тоҷикистон. Финал

2-юми декабр (шанбе)

Оғози бозӣ – соати 14:00

«Истиқлол» – «Хуҷанд»

Душанбе, Варзишгоҳи марказӣ

XS
SM
MD
LG