Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Истаравшан" бидуни бохт дар лигаи аввали Тоҷикистон пешсаф аст


Акс аз вебсайти fft.tj

Бозиҳои даври ҳаждаҳуми мусобиқаи лигаи аввали футболи Тоҷикистон баргузор шуданд. Дар чор бозӣ мизбонон, дар як бозӣ меҳмонон ғолиб омаданд, як бозӣ бо ҳисоби мусовӣ хотима ёфт.

Пешсафи ҷадвали мусобиқа – “Истаравшан”-и шаҳри Истаравшан – бозиро дар майдони худ бо “Парвоз”-и Фурудгоҳи Хуҷанд бо ҳисоби 0:0 анҷом дод. Футболбозони шаҳри Истаравшан, ки дар 18 бозӣ 46 имтиёз гирифтаанд, мисли пешин дар ҷадвали мусобиқа мақоми аввалро касб намудаанд. Зимнан, “Истаравшан” ягона дастаест, ки то ҳоло бохт надорад.

Муддаии дигари медалҳои тилло - “Эсхата”-и Хуҷанд, ки дар майдони худ бар “Сомон”-и Данғара бо ҳисоби 3:0 пирӯз шуд, бо 41 имтиёз дар мақоми дувум қарор дорад. Довталаби медалҳои биринҷӣ - «Саройкамар»-и ноҳияи Панҷ, ки дар майдони худ «Дӯстӣ»-и Ҷайҳунро бо ҳисоби 1:0 шикаст дод, бо 36 имтиёз дар зинаи cевум ҷойгир шудааст.

Се бозии дигари даври ҳаждаҳум бо чунин натиҷаҳо ба анҷом расид: «Ваҳдат» – «Равшан» – 5:2, «Зарафшон» – «Исфара» – 1:2, «Душанбе-83» –«Шоҳин» – 5:0.

Бозиҳои даври нуздаҳуми мусобиқаи лигаи аввали футболи Тоҷикистон рӯзҳои 13-15-уми сентябр баргузор мешаванд.

Мусобиқаи лигаи аввали футболи Тоҷикистон. Даври 18-ум

«Ваҳдат» – «Равшан» – 5:2

Голҳо: Самариддин Расулов, 17 (1:0). Далер Чолов, 39 – аз пеналтӣ (1:1). Алишер Эргашев, 45 (2:1). Самариддин Расулов, 53 – аз пеналтӣ (3:1). Фаридун Нарзуллоев, 54 (4:1). Далер Чолов, 61 – аз пеналтӣ (4:2). Қосимов, 68 (5:2).

Беҳтарин бозигари дидор: Самариддин Расулов («Ваҳдат»).

Сардовар: Абдулло Давлатов (Шаҳринав).

6 сентябр. Ваҳдат. Варзишгоҳи марказӣ. 3000 тамошобин.

«Саройкамар» – «Дӯстӣ» – 1:0

Гол: Мунис Расулов, 44 – аз пеналтӣ.

Аз майдон хориҷ шуд: Маҳмаднабӣ Назаров («Дӯстӣ»), 90 – барои ба рӯйи ёвари довар задан.

Беҳтарин бозигари дидор: Соҳибҷон Ваҳҳобов («Саройкамар»).

Сардовар: Насим Ҳамидов (Душанбе).

6 сентябр. Ҷайҳун. Варзишгоҳи марказӣ. 5000 тамошобин.

«Зарафшон» – «Исфара» – 1:2

Голҳо: Ҳадис Қодиров, 18 (0:1). Парвиз Ҳамроев, 30 (1:1). Хушбахт Нодиров, 76 (1:2).

Беҳтарин бозигари дидор : Неъматҷон Отабоев («Зарафшон»).

Сардовар: Амирҷон Хоркашев (Душанбе).

6 сентябр. Панҷакент. Варзишгоҳи марказӣ. 3000 тамошобин.

«Душанбе-83» – «Шоҳин» – 5:0

Голҳо: Авуку Калеб, 4 (1:0). Элчибек Рашидбеков, 29 (2:0). Элчибек Рашидбеков, 47 (3:0). Идрис Амину, 62 (4:0). Исмоил Алимардонов, 83 (5:0).

Аз майдон хориҷ шуд: Саидалии Сафаралӣ («Шоҳин»), 61 – корти 2-юми зард, Умуров («Шоҳин»), 88 – корти 2-юми зард.

Беҳтарин бозигари дидор : Элчибек Рашидбеков («Душанбе-83»).

Сардовар: Хусрави Сиддиқзод (Душанбе).

6 сентябр. Душанбе. Майдони эҳтиётии Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 100 тамошобин.

«Эсхата» – «Сомон» – 3:0

Голҳо: Рустам Сабуров, 35 (1:0). Амирҷон Раҳимов, 68 (2:0). Шоҳрух Раҷабматов, 83 (3:0).

Беҳтарин бозигари дидор: Амирҷон Раҳимов («Эсхата»).

Сардовар: Абдурашид Муродов (Турсунзода).

7 сентябр. Хуҷанд. Варзишгоҳи «Спартак». 150 тамошобин.

«Истаравшан» – «Парвоз» – 0:0

Беҳтарин бозигари дидор: Асатулло Нуруллоев («Истаравшан»).

Сардовар: Насрулло Кабиров (Норак).

8 сентябр. Истаравшан. Варзишгоҳи марказӣ. 4000 тамошобин.

Шарҳҳоро бинед (2)

Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG