Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Либоси варзишии исломӣ бо бренди "Қирғизистон". ВИДЕО


Дар Қирғизистоне, ки аксар сокинонаш мусулмон ҳастанд, дар пайи таҳияи либоси варзишии исломӣ шуданд. Ин тарҳ дар ниҳоят амалӣ шуд ва намунаҳои ин навъи пероҳанҳо муаррифӣ гардид.

Намунаҳои либосҳои варзишии исломӣ, ки таҳти бренди “Қирғизистон” омода шудааст, аз нигоҳи аввал аз пероҳанҳои варзишии маъмулӣ бо дарозияш фарқ мекунад. Ба гуфтаи тарроҳон доман -- қисмати баданро, ки аз чашми дигарон пинҳон доштан зарур аст, мепӯшонад. Муса Григорев, як тарроҳ мегӯяд, ки "мо ният доштем барои мусулмонҳо -- онҳое, ки мехоҳанд либосҳои исломиро ба бар намоянд, намунаҳоеро пешниҳод кунем, то онҳо дар ҷомеа эҳсоси роҳат дошта бошанд."

Пас аз мушоҳида як ҷузъиёти ғайриоддӣ ва аз ҷониби дигар хеле муҳим ошкор шуд. Ва воқеан ҳам ҳайратовар буд. Манжет бо зиреҳ таҳорат карданро хеле осон мекунад ва тарроҳон мегӯянд, либосҳои таҳиякардаашон хеле роҳатанд ва метавон онҳоро ҳар рӯз пӯшид. Варзишгарон ҳам аллакай фурсати санҷидани ин либосҳоро доштанд.

Як варзишгар мегӯяд, ки "бисёр қуллай аст. Бо ин либосҳо мешавад дар шаҳр низ гаштугузор кард чун замонавист."

Тарроҳони қирғиз либоси исломии варзишӣ пешкаш мекунанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:35 0:00

Рӯҳониён ҳам аз пироҳанҳои нави варзишӣ хуш истиқбол доранд ва ба бовари онҳо, ин либосҳо пурра ба меъёрҳои шарит мувофиқат мекунанд. Аз нигоҳи рӯҳониён, қабои нав бояд ҷавононро ба машқ кардан таҳрик бидиҳад, зеро дар сарчашмаҳои исломӣ, ба зарурати обу тоб додани бадан, таъкид шудааст.

Жоробай Шерғозиев, муовини муфтиёти Қирғизистон мегӯяд, ки "ҳазрати Муҳаммад ҳамеша ҷонибдори тарзи ҳаёти солим буд. Ҳатто дар он замон ҳам мардум медавиданд ва гӯштин мегирифтанд". Данияр Мурадилов, рӯҳонӣ дигар меафзояд, ки "ҳатто чунин истилоҳе мавҷуд аст, тани солим рӯҳи солим дорад. Ман бо итминон гуфтан метавонам, ки чунин ақида аз ислом маншаъ мегирад."

Ҳоло тарроҳон танҳо барои мардон либос таҳия кардаанд ва дар фикри занон ҳам ҳастанд. Тарроҳ Азиз Исмагомбетов мегӯяд, ки имрӯз чунин тамоюле вуҷуд дорад, ки зану шавҳар як ҷуфт либосро мепӯшанд ва бо фарзандон якҷоя сайругашт мекунанд: "Мо ҳоло ҳамингуна идеяро дорем ва тарҳҳоро мекашем."

Ба гуфтаи истеҳсолкунандагон, пироҳанҳои варзишии исломӣ аз матоъҳои пахта ва синтетикии баландсифат омода мешаванд. Муаллифони бренд умедворанд, ки маҳсули эҷоди онҳо берун аз Қирғизистон ҳам маъруф мешавад.

XS
SM
MD
LG