Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сӯҳбат бо марзбоне, ки ним сол дар асорати силоҳбадастон буд


Фарҳод Калонов
Фарҳод Калонов

Фарҳод Калонов, яке аз чаҳор марзбони тоҷик, ки баъд аз ним соли асорат дар Афғонистон ба Тоҷикистон баргаштаанд, мегӯяд, аслан барои халос хӯрданашон аз дасти силоҳбадастон бовар надоштанд.

Фарҳод Калонов, яке аз чаҳор марзбони тоҷик, ки ним сол дар асорати гурӯҳи силоҳбадаст буда, ҳамагӣ ду ҳафта пеш озод гардиданд, лаҳзаҳои будубош ва муносибати Толибон бо онҳо дар он сӯи Омӯро нақл кард.

Озодӣ: Фарҳод, аз он ки сиҳҳат ба Ватан ва ба назди хонавода баргаштед, муборак бошад. Аслан чӣ гуна шуд, ки ба асорат афтодед?

Фарҳод Калонов: "Мо чаҳор нафар барои ҳезумчинӣ рафта будем. Силоҳ надоштем. Дар масофаи дуртар аз қисми низомӣ, вале дар наздикии марз қарор доштем. Тақрибан баъд аз нисфирӯзӣ ногоҳ аз чаҳор тараф силоҳбадастон бо рӯйҳои пӯшида моро иҳота карданд. Аввалин суоле, ки аз онҳо кардем, ин буд, чӣ мехоҳанд? Онҳо гуфтанд, ба Афғонистон меравем, дар онҷо як кор ҳаст, баъд бармегардем. То як андоза дасту по хӯрдем. Моро пеш андохтанд ва ба назди соҳили дарё бурданд. Баъд ба балони калон шинонда ва ба Афғонистон бурданд. Вақте расидем, ба мо амр доданд, ки ба “қумандон”-ҳоямон занг занем. Мо ҳам занг задем ва онҳо аз силоҳбадастон хоҳиш карданд, ки моро накушанд. Инҳо ҳам гуфтанд, ки моро намекушанд ва субҳ ҷавоб хоҳанд дод. Аммо субҳи ваъдаии онҳо шаш моҳ давом кард. Он рӯзҳое, ки мо аз сар гузарондем, танҳо худамон медонему Худо. Мо ҳаргиз умед надоштем, аз дасти онҳо ҷон ба саломат мебарем."

Озодӣ: Шумо аз куҷо фаҳмидед, ки онҳо Толибон ҳастед?

Фарҳод Калонов: "Мо худ намедонистем, ки дар он ҷо Толибон ҳастанд, вале аз ин пештар дар бораи онҳо ба мо мегуфтанд, ки онҳо кӣ ҳастанд ва чӣ гуна ҳастанд. Онҳо моро ба як хонае бурданд ва онҷо ба пурсиш шурӯъ карданд. Ҳарчанд дар наздикии марзи худ будем, аммо онҳо гуфтанд, ки гӯиё мо ба он тарафи марз гузаштем. Баҳс бо онҳо маънӣ

Лаҳзае аз сӯҳбати Шаҳлои Гулхоҷа бо Фарҳод Калонов
Лаҳзае аз сӯҳбати Шаҳлои Гулхоҷа бо Фарҳод Калонов

надошт, аз ин хотир мо ҳам дигар якравӣ накардем. Дар хонае, ки моро нигоҳ медоштанд, умуман барқ набуд. Дари хона қуфл буд, моро шабонарӯз чанд нафар бо силоҳ посбонӣ мекарданд ва онҳо мунтазам иваз мешуданд. Албатта, аз худи Афғонистон кӯшиш мекарданд, ки барои гурехтани мо ёрӣ кунанд ва мо низ чунин талошро мекардем, вале вақте онҳо хатарро ҳис мекарданд, шабонгоҳ моро ба дигар хона интиқол медоданд. Ҳар моҳ ҷойи моро иваз мекарданд ва ҳатто намедонистем, ки ин хонаҳо дар куҷо ҷойгиранд. Аз ин хотир, ҳеч имкони ҳаракат ба назди дарёи Панҷро надоштем. Дар рӯзҳои аввал чаҳор нафарро якҷоя нигоҳ мекарданд, баъдан ду нафари моро ба ҷои дигар бурданд. Ҳеч бовар надоштем, ки дар Ватан барои озодии мо талош хоҳанд кард. Дар аввал хеле ноумед будем, аммо вақте фаҳмидем тамоми мақомот, аз ҷумла президент дар такопӯи раҳоии мо ҳастанд, қувват гирифтем ва дар интизории ин озодӣ будем."

Фарҳод Калонов: Ним сол дар асорати Толибон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:38 0:00

Озодӣ: Шумо аз куҷо фаҳмидед, ки дар Тоҷикистон барои озод карданатон талош доранд? Ба хабарҳо дастарасӣ доштед ва ё имкони тамос бо хонавода бароятон вуҷуд дошт?

Фарҳод Калонов: "Ба ростӣ, онҳо дар ним моҳ як бор иҷозат медоданд, ки аз телефонашон ба модарамон занг занем. Модарам вақти сӯҳбат бо ман зиёд гиря мекард. Ҳарчанд хеле азоб мекашидам, вале агар ҳамаи инро ба модар мегуфтам, шояд тоб намеовард. Аз ин хотир, ӯро дилпур мекардам, ки ҳама хуб аст ва онҳо бо мо муносибати хуб доранд. Модарам ба ман мегуфт, ки давлат бевосита барои озод намудани Шумо талош дорад ва Худо хоҳад ба Ватан меоед. Баъд аз шунидани ҳамин суханҳо ман умедвор мешудам, воқеан, соҳиб дорам, ватан дорам ва бо ёрии раисиҷумҳури Тоҷикистон ҳатман ба назди падару модар бозмегардем. Аммо пештар аз ин ҳама, ҳанӯз дар рӯзи дуюм ё сеюми асорат онҳо тариқи радиое, ки дар даст доштанд, ба мо шунавонданд, ки ҳам аз Афғонистон ва ҳам аз Радиои Озодӣ дар бораи асир афтодани мо чаҳор нафар ба дасти Толибон хабар медод. Баъд аз ин, дигар ба ягон манбаи хабарӣ дастрасӣ надоштем."

Радиои Озодӣ: Нисбат ба Шумо чӣ гуна муносибат мекарданд? Оё латту кӯб мешудед? Ва хӯрокатон асосан аз чӣ иборат буд?

Фарҳод Калонов: "Ҳарчанд дар ин муддат латту кӯб нашудем, аммо дар шароите, ки моро нигаҳдорӣ мекарданд, бадтар аз озору азият буд. Тасаввур кунед, ним сол мо дар чаҳор девори торик будем ва рӯшноиро намедидем. Вақте аз онҳо чизе дархост мекардем, ва ё дар бораи кай раҳо шуданамон суол менамудем, хеле кӯтоҳ ва дағалона посух медоданд. Зеро ба онҳо иҷозат набуд, ки бо мо зиёд сӯҳбат кунанд. Дар дили ман тарс вуҷуд дошт, чун гумон мекардам, онҳо ҳар лаҳза метавонистанд моро паронанд. Дар ин ним сол хобро фаромӯш кардам, ҳатто намедонистам кай рӯз аст ва кай шаб. Хӯрокам як навъ буд. Ҳар субҳ чой бо каме нон, нисфирӯзӣ дар як табақча ош медоданд, асосан ғизои мо ҳамин буд. Гоҳҳо ҳатто намефаҳмидем, ки чӣ мехӯрем. Ҳатто бемор ҳам шудам, мадори аз ҷой хестанро надоштам, доруву даво оварданд, каме ба худ омадам."

Радиои Озодӣ: Билохира нафаҳмидед, ки ҳадафи рабудани Шумо чӣ буд ва бо чӣ шарте шуморо раҳо караданд?

Фарҳод Калонов: "Рости гап, то охир мақсади онҳоро нафаҳмидем. Зеро онҳо миёни ҳамдигар бо паштуӣ сӯҳбат мекарданд. Агар бароямон чизе лозим мешуд, бо форсӣ ҳамроҳи мо гап мезаданд. То ҳанӯз намедонам чаро моро асир гирифтанд. Фақат ҳамин, ки ҳафт рӯз пеш аз раҳо шуданамон ҳар чаҳор нафарамонро якҷоя карда ва гуфтанд, ки баъд аз ҳафт рӯз моро озод мекунанд. Онҳо ба ваъдаи худ истоданд ва моро ба нафарони худамон таслим карданд ва мо бо онҳо тариқи мошин ба Ватан баргаштем. Ман мехостам, миннатдории худро ба президенти кишвар расонам, ки бароям имкон дод бори дигар ба дидори волидайн бирасам. Ҳоло ҳамагӣ се рӯз аст, ки дар назди волидайн ҳастам ва ҳанӯз то ба охир ба худ наомадаву бовариям намеояд, ки дар хоки ватанам."

Радиои Озодӣ: Ҳоло тасмими баъдии Шумо чӣ аст?

Фарҳод Калонов: "Ҳанӯз тасмими ниҳоӣ нагирифтам, аммо модарам мехоҳад ба зудӣ оиладор шавам."

Радиои Озодӣ: Алакай ҳамсари ояндаатонро интихоб кардед?

Фарҳод Калонов: "Ростӣ, қабл аз ба хидмат рафтанам, хушкарда доштам, вале вақте ба асорат афтодам, ӯ низ ба зинда раҳо шуданам боварӣ надошта, алакай оила бунёд кардааст. Албатта, то як андоза ноумед ҳам шудам, аммо умедворам модарам ягон духтари хуберо бароям пайдо мекунад."

XS
SM
MD
LG