Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Абдухалил Холиқзода: "Як хатои хурд кишварро ба фоҷиаи бузург мекашонад" ВИДЕО


Абдухалил Холиқзода

Абдухалил Холиқзода – раиси ҳайати мудирони бемористони Ибни Сино ва соҳибкори шинохтаи тоҷик – китоби ёддоштҳояшро бо номи "Моҷарои рафта" нашр кард. Дар китоб лаҳзаҳои пурошӯби даргириҳои дохилӣ ва талошҳо барои сулҳ дар Тоҷикистон тасвир шудааст.

  • Холиқзода фориғуттаҳсили бахши ховаршиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, бештар ҳамчун соҳибкор фаъолият мекунад. Ӯ соли 2009 фаъолияти бемористони “Ибни Сино”-ро дар Тоҷикистон ба роҳ монд. Абдухалил Холиқзода дар гузашта нашри чандин китоб, аз ҷумла Девони Рӯдакӣ ва китоби дувуми «Сармаддеҳ»-ро сармоягузорӣ кардааст.
Бародарам Абдулҳаким, ки ҳамроҳи ман ба тиҷорат машғул буд, аз тарафи силоҳбадастони ноҳияи Кофарниҳон (ҳоло шаҳри Ваҳдат) ба гарав гирифта шуд.

Радиои Озодӣ: Ҳар китоб ё асар паёми меҳварӣ дорад, ки қарор аст ба хонанда бирасонад. Паёми аслии "Моҷарои рафта" чист ва ба кӣ нигаронда шудааст?

Абдухалил Холиқзода: "Дар аввал китобро барои хонаводаи худ навиштам. Вале чун хонаводаи ман ҷузъе аз аҳолии Тоҷикистон аст, зарур шумурдам, то ҳама бидонанд. Бо оғози ҷанги шаҳрвандӣ ва шурӯи ҳараҷу мараҷ дар дохили кишвар маҷбур шудам, ки фарзандони кӯчаки худро ба берун аз Тоҷикистон барам. Ва ин дурӣ барои фарзандон боис шуд, ки аз зодгоҳ, аслу насаб ва миллати сарбаланди худ бехабар бимонанд. Бо ин вуҷуд, паёми хусусии ман ин аст: хонанда аз иштибоҳҳое, ки сар зада ва кишварро вориди ҷанги шаҳрвандӣ намуд, огоҳ шавад. Агар ин китоб ба мардум расонда тавонад, ки як иштибоҳи хурд метавонад кишварро ба як фоҷиаи бузург бикашонад, пас, баҷост."

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

"Моҷарои рафта" - ёддоштҳои Абдухалил Холиқзода
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:05:31 0:00

Радиои Озодӣ: Дар “Моҷарои рафта” аз ҳодисаи ба гарав гирифта шудани бародаратон Абдулҳаким низ зикр кардаед. Ин ҳодиса чӣ гуна иттифоқ афтода буд?

Абдухалил Холиқзода: "Аслан таърихнавис ваё қазоваткунандаи ҳодисаҳо нестам. Ончиро ки шоҳид будам, навиштам. Соли 1997, пас аз имзои созишномаи сулҳ, дар атрофи Душанбе гуруҳҳои мусаллаҳи худсар ба мисли гуруҳи Саидмухтор, Раҳмон Гитлеру Мансур Муваккалов ва дигарон фаъол буданд. Ин гурруҳҳо одамони зиёд, аз ҷумла муовини раиси Бонки миллиро ба гарав гирифта буданд.

Бародарам Абдулҳаким, ки ҳамроҳи ман ба тиҷорат машғул буд, аз тарафи силоҳбадастони ноҳияи Кофарниҳон (ҳоло шаҳри Ваҳдат) ба гарав гирифта шуд. Пас аз 6 рӯз роҳе пайдо кард ва аз дасти онҳо фирор кард. Дар робита ба ин ҳодиса баҳси додгоҳӣ сурат гирифт ва гуфта шуд, ин афрод тайи чанд рӯз омодагӣ гирифта, аз пайи Абдулҳаким гаштаанд. Инро ҳам бояд гӯям, ки дар ҳодисаи дигаре бародарам Абдуҳалим аз тарафи силоҳбадастони Фронти Халқӣ дар ноҳияи Айнӣ кушта шудааст. Ман дар китоб дар бораи ин ҳодисаи дарднок низ навиштаам."

Радиои Озодӣ: Дар масъалаи тиҷорат ва соҳибкорӣ дар Тоҷикистон, ки машғулияти аслии Шумо низ ба шумор меояд, дар мақолаҳоятон гап задаед. Чӣ бояд кард, то вазъи соҳибкорӣ дар Тоҷикистон беҳбуд ёбад?

Лаҳзае аз суҳбати Мирзонабии Холиқзод бо Абдухалил Холиқзода
Лаҳзае аз суҳбати Мирзонабии Холиқзод бо Абдухалил Холиқзода

Абдухалил Холиқзода: "Соҳибкорӣ ба мисли занбӯри асал аст. Занбӯри асал аз баргҳои гул асал ҷамъ меорад ва ҳам гулҳоро гардолуд мекунад, то шукуфо бошанд. Аммо бархе мақомоти мо ба соҳибкорон бархӯрди нодуруст мекунанд. Президенти кишвар дар суханронии худ аз санҷишҳои барзиёд танқид кард, вале бо ин вуҷуд вазъият ҳамчунон идома дорад. Имрӯз Тоҷикистон ба як барномаи хоси соҳибкорӣ ва имтиёзҳо барои тоҷирон ниёз дорад. Дар барнома роҳҳои зина ба зинаи рушди соҳибкорӣ мушаххас нишон дода шавад, ки бо гузашти як муддат мо ба куҷо бояд расем. Ва мақомот бояд масъулияти баланд эҳсос кунанд. Албатта, дар китобам “Моҷарои рафта”, ки қисми аввали мушоҳидаҳоям мебошад, дар ин масъала навиштаам. Вале дар қисмҳои баъдӣ боз муфассалтар инъикос хоҳам кард."

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG