Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шариф Халил: Қаҳрамони имрӯз муҳоҷирони корианд


Чопхонаи "Тамаддун"-и шаҳри Тошканд нахустин маҷмӯаи ҳикояву достонҳои нависандаи тоҷик Шариф Халилро бо номи "Дар пошнаи кӯҳи баланд" дар ҳаҷми 500 нусха нашр кард. Ин маҷмӯа аз 212 саҳифа иборат аст.

Нависанда мегӯяд, ки барои чопи ин китоб шашсад доллар сармояи худро аз ҳисоби кор дар муҳоҷират дар Русия сарф кардааст. То сафар ба Санкт-Петербург, ки он ҷо дар ширкате ба ҳайси посбон кор мекунад, Шариф Халил дар шаҳри Тирмизи Узбакистон ба ҳайси рӯзноманигор кор мекард.

Дар як сӯҳбат бо Шариф Халил дар шаҳри Санкт-Петербург нашри китоби навро ба нависанда табрик гуфтем:

Шариф Халил: "Ташаккур, ин орзуи деринаи ман буд. Китоб дар Тошканд чоп шуд ва ҳанӯз худам онро надидаам. Ин орзуро баъзе ёрону рафиқон дар дили ман зинда нигаҳ доштам. Чопи китоб, ки яке аз мушкилоти асосиаш пайдо кардани маблағ аст, на ба ҳама муяссар мешавад. Бисёр нависандаҳо асарҳои худро менависанду як сӯ мегузоранд."

Озодӣ: Китоби шумо аз ҳисоби коратон дар Русия нашр шуд?

Шариф Халил: "Бале, аз ҳамин ҳисоб. Дар ин маҷмӯа ҳикояҳо, новеллаҳо ва достонҳо гирдоварӣ шудаанд. Китоб аз се бахш иборат аст. "Офтоб дар дил", бахши аввали китоб, аз маҷмӯаи ҳикояҳо иборат аст. Бахши дуюм "Як тика меҳр" аз новеллаҳо ва "Ёдмонаҳо" аз достонҳои хурд-хурд иборатанд."

Озодӣ: Чӣ тавр имкон даст дод, ки дар як кишвари бегона, дар шароити муҳоҷирати корӣ ва иҷрои кори сангин китоб навишта онро дар ватани худ ба чоп расонед?

Шариф Халил: "Ин саволи воқеан ҳам хуб аст. Сабаби аз ин ҷо, аз Русия ба эҷод фаъолонона машғул шудани ман ҳам ин аст, ки гурӯҳи дӯстонам дар баргаи Фейсбук сафҳаи дӯстдорони адабиёти тоҷикро боз карданд. Ҳама дар ин саҳифа маҳсули қалами худро мегузоштанд. Он ҷо баҳсҳои гарм буд, фикру андешаҳои худро дар бораи эҷодиёти ҳамдигар ошкоро мегуфтанд, камбудиҳоро ошкор менавиштанд ва маслиҳатҳои муфид ҳам медоданд. Ҳамин боис шуд, ки ман бештар нависам."

Озодӣ: Яъне аввалин хонандаҳои ҳикояҳои шумо корбарони Фейсбук шуданд?

Шариф Халил: "Албатта. Ман дар гузашта ҳам ҳикоя менавиштам, вале нашр накарда будам. Баъд аз соли 2012, ки бештар бо Интернет сару кор дорам, барои бештар навиштани ман ҳам мусоидат кард. Ин ҷо тамос бо аҳли қалам ва аҳли назару нухбагон хеле мусоидат кард. Албатта, дар хона ҳам ба Интернет сарукор доштам, вале азбаски доираи дастрасӣ ба китобу маводи тоҷикӣ дар хона маҳдуд аст, мурғи илҳомро рам медод. Имрӯз, ки Интернет дастрас асту аз сухани тоҷикӣ фаровон истифода карда мешавад, ба адиб ва навқаламон хеле илҳом мебахшад."

Озодӣ: Дар мисоли шумо дидан мумкин аст, ки дар Узбакистон имрӯз ҳам имкони нашри китоб ба забони тоҷикӣ будааст?

Шариф Халил: "Бале, ҳеч мамониат нест, масъала танҳо дар маблағ аст."

Озодӣ: Аз як нигоҳи аввал ба ҳикояҳоятон пай бурдан мумкин аст, ки қаҳрамони аксари қиссаҳои шумо муҳоҷирони корианд ва қиссаҳо ҳам саргуаштианд. Яъне қаҳрамони иҷтимоии асарҳои Шумо ҳамин образи муҳоҷири корӣ аст?

Шариф Халил: "Бале, ин ҷо ҳам қиссаҳои худам ва ҳам он саргузаштҳои оварда шудаанд, ки аз дӯстон шунидаам. Талош кардам, ки ба дунёи равонии қаҳрамонҳоям таваҷҷӯҳ кунам. Қаҳрамонҳои ман онҳое ҳастанд,

Шариф Халил

Шариф Халил (Холов) 43 сол дошта, дар деҳаи Бибиширини ноҳияи Бойсуни вилояти Сурхондарё ба дунё омадааст. Баъди таҳсил дар факултаи филологияи тоҷики донишгоҳи давлатии Самарқанд, дар факултаи журналистика ва тарҷумонии Донишгоҳи давлатии милии Тоҷикистон идома додааст. Ба ҳайси рӯзноманигор дар нашрияҳои «Садои Сурхон», «Бохтар» ва «Ховар» кор карда, дар оғози солҳои 2000-ум бо радио Озодӣ ҳам ҳамкорӣ кардааст. Падари се фарзанд аст, ки дар шаҳри Тирмиз зиндагӣ мекунанд.

ки дар дунёи неку бад, дар миёни ҳалолу ҳаром як муборизае доранд, онҳое, ки кор мекунанду бо меҳнат рӯз мегузаронанд. Баъзе ҳикояҳо аз ҳамватанони мо қисса мекунанд, ки дар ҳамин ғурбат аз ҳисоби фиреби ҳамватанони худ рӯз мегузаронанд. Бархе дар Русия аз дасти ҳамшаҳриҳои худ фиреб хӯрдаанд, дар бораи онҳо навиштам. Дар бораи онҳое, ки модари худро ёд мекунанд ва ба молу пулу сарват даст афшонда, мехоҳанд боз ба ватан, пеши модари худ баргарданд. Вале бояд гӯям, ки танҳо бо мавзӯи муҳоҷират маҳдуд нашудам ва мавзӯъҳои мухталифи дигарро ҳам фаро гирифтаам."

Озодӣ: Яке аз ҳамвтанони имрӯзаи мо дар Интернет навишта буд, ки "чӣ лозим ҳайкалу муҷассамаҳои шахсиятҳои таърихӣ гузоштан, вақте қаҳрамони имрӯзи мардуми тоҷик ҳамин муҳоҷири корӣ аст, ки амнияти иқтисодиву иҷтимоии кишварашро таъмин мекунад?" Шумо ҳам бо ин андеша розӣ ҳастед, ки дар Тоҷикистон ё дар Узбакистон маҳз муҳоҷирони корӣ қаҳрамонанд, на дигарҳо?

Шариф Халил: "Ҳар касе ин андешаро баён доштааст, хеле андешаи хуб аст. Мардикороне, ки барои қути лоямут ба ин ҷо омада кор мекунанд, меарзад, ки ба онҳо як ҳайкал гузоранд. Воқеан, аз назари ман, меарзад, ба занҳое, ки танҳо ба тарбияи фарзандонашон машғуланд, ҳайкал гузошт. Ҳама бори зиндагӣ ба дӯши ҳаминҳо аст. Муҳоҷират кайфу сафо нест, ҳар як рӯзи муҳоҷират баробари як сол аст. Худи ман ҳам 4-5 сол шуд, ки барои кор ба Русия меояму меравам."

Озодӣ: Ҳоло дар Узбакистон умеди Шумо ба кадом хонанда аст?

Шариф Халил: "Бештар ба хонандаҳое такя кардам, ки дар ноҳияҳо зиндагӣ мекунанд. Дар Тирмиз ҳам тоҷикон зиёданд, ҳарчанд мактабҳои тоҷикӣ дигар нест. Дар ноҳияҳо ҳанӯз мактабҳои тоҷикӣ ҳастанд."

Озодӣ: Умед дорем, ки нусхаи электронии китобатонро ҳам дар Интернет мегузоред, то доираи хонандагони китобатон фаротар аз муҳити Узбакистон дар миёни хонандагони зиёди тоҷику тоҷикзабони дигар паҳн шавад...

Шариф Халил: "Ташаккур, ҳамин ниятро дорам."

XS
SM
MD
LG