Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Паём": Илҳомҷон Ёқубов дар Литва латту кӯб шудааст


Илҳомҷон Ёқубов
Илҳомҷон Ёқубов

Сомонаи "Паём", расонаи наздик ба мухолифини тоҷик, хабар дод, ки рӯзи 16-уми март ба Илҳомҷон Ёқубов - раиси Анҷумани муҳоҷирони Осиёи Марказӣ дар Аврупо ва узви Паймони Миллӣ (фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнуъст) - дар шаҳри Каунаси Литва ҳамла шудааст.

Ёқубов чанд сол боз дар онҷо кору зиндагӣ дорад. Манбаъ навишт, яке аз ду ҳамлаварро дастгир кардаанд. Намояндаи пулиси Каунас дар суҳбати телефонӣ моҷарои рухдода ва хабари дастгир шудани яке аз ҳамлаваронро тасдиқ ё рад накард. Ӯ гуфт, ҷузъиётро дар ҷавоб ба дархости расмӣ мефиристанд ва дар сурати дастрас шудан онро нашр мекунем.

Илҳомҷон Ёқубов рӯзи 16-уми март пас аз берун шудан аз идораи пулис дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки аризаи ӯро қабул кардаанд ва ҳувияту маҳалли зисти ҳамлаварон ба ӯ ва маъмурони пулис маълум аст. "Аммо ному насаби ин афродро гуфта наметавонам, чунки пулис аз ман хост, то анҷоми тафтишот ошкор накунам", - иброз дошт ӯ.

Ба нақли Ёқубов, ҳодиса субҳи душанбе рӯй додааст: "Яке аз дӯстон, ки пештар бо ӯ ошно шуда будам, ба хӯрдани субҳона даъват кард. Ба мошинаш нишастам. Баъди ду дақиқа ҷавони дигаре, ки дар мошин буд, ба ман бо мушту лагад ҳамла кард. Талош кард буғӣ кунад ва дари мошинро ҳам бастанд. Ман ҳам ду-се ҷавоб додам, ки он ҷавон андаке карахт шуд ва тавонистам дарро кушода, худро ба берун ҳаво диҳам."

Илҳомҷон Ёқубов мегӯяд, ташхис нишон дод, ки ӯ осеби мағзӣ дида, устухони бинӣ ва қарбурғааш шикастааст. "Баъди гузориш додан ба пулис барои ташхиси дубора ба шифохона меравам. Дар инҷо гирифторони коронавирус зиёданд, ҷой нест. Пизишкон кӯшиш доранд, ки маро дар ягон ҷой бистарӣ кунанд", - иброз дошт ӯ.

Дар ҳоле ки пулис ҷузъиёти ҳамларо ошкор накардааст, сомонаи "Паём" онро "сӯиқасд ба ҷони раиси Анҷумани муҳоҷирони Осиёи Марказӣ дар Аврупо" номид.

Илҳомҷон Ёқубов, муштзан ва қаҳрамони собиқи Осиёи Марказӣ, то соли 2014 раҳбари намояндагии ҳизби ҳоло дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ дар вилояти Суғд буд.

Ӯ чанд моҳ пеш аз қарори Додгоҳи олии Тоҷикистон дар соли 2015, дар наворе баста шудани ҳизбро пешниҳод кард. Ёқубов дертар, баъди кӯчиданаш ба Аврупо гуфт, ки ин наворҳо таҳти фишор забту паҳн шудаанд.

Бонки Миллии Тоҷикистон чанд сол пеш ӯро дар "рӯйхати сиёҳ" ва дар қатори афроди алоқаманд ба терроризм ҷой дода буд. Намояндагони мухолифин баҳори соли 2018 хабар доданд, ки Бонки Миллӣ рӯйхaтро бознигарӣ карда ва номи Ёқубовро аз онҷо бардоштааст.

Ба иттилои худи Ёқубов, мақомоти Тоҷикистон соли 2016, пас аз иштирокаш дар нишасти Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар Варшава нисбат ба ӯ бар асоси моддаи 189 ва 307-и Кодекси ҷиноӣ парванда кушодаанд.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
XS
SM
MD
LG