Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Идомаи баҳси молики "Ҷумъабозор" ва ширкати сохтмонии "Асри мо"

Як рӯз баъд аз он, ки Додситонии вилояти Суғд дар баҳси замин тарафи соҳибмулкони "Ҷумъабозор"-ро гирифт, рӯзи якуми сентябр Додгоҳи иқтисодии вилояти Суғд даъвои моликони онро рад кард.

Додрас Толиб Давлатзода тибқи як ҳалномаи содиркардааш амали Ҳукумати шаҳри Хуҷандро қонунӣ донист ва ваҷҳҳои моликони бозорро беасос номид.

"АЗ ҚАРОРИ ДОДГОҲ РОЗӢ НЕСТЕМ"

Аминҷон Ҷӯраев, молики "Ҷумъабозор" мегӯяд, "мо соҳибмулкон, ҳамаамон ба Суди олии иқтисодӣ муроҷиат мекунем, ки ин масъаларо дида, баҳои ҳуқуқӣ диҳад. Мо бо ин қарори Суди иқтисодии вилояти Суғд розӣ нестем, зеро он ғайриқонунӣ аст. Ин масъаларо яктарафа диданд. Баҳои ҳуқуқӣ дода, ҳуқуқи соҳибмулкии моро ҳимоя кунад ва ҳақро ба ҳақдор расонад".

Мурофиаи додгоҳӣ 15-уми июл шурӯъ шуд ва санаи 16 уми июл таъиноти додрас барои боздоштани ҳамагуна амалиёт содир шуд. Аммо қарори шаҳрдори Хуҷанд барои ҷудо кардани замин ба ширкати "Асри мо" рӯзи 21- уми июл имзо шудааст. Масъулони Додгоҳ ва ҳам Додситонии вилояти Суғд дар нишастҳои хабарӣ то куҷо қонунӣ будани қарорро шарҳу тавзеҳ надода буданд.

Аминҷон Ҷӯраев, молики "Ҷумъабозор" дар шаҳри Хуҷанд.
Аминҷон Ҷӯраев, молики "Ҷумъабозор" дар шаҳри Хуҷанд.

Парвиз Мирзозода, раиси Додгоҳи иқтисодии вилояти Суғд гуфт, "барои таъсир нарасондан, маълумоти зиёд дода наметавонам. Барои он, ки ҳалнома мавриди баррасии судӣ қарор дорад, дар оянда маълумоти пурра пешниҳод мешавад".

Вале Фирдавс Шарифзода, раиси шаҳри Хуҷанд, 31-уми июл дар нишасти матбуотӣ далели тасмимашро чунин шарҳ дода буд: "Ба мо як ширкати бонуфуз аз пойтахт муроҷиат кард. Тибқи нақшаи генералӣ лоиҳа пешниҳод намуд. Дар қарор навишта шудааст, ки бояд мактаби миёна ва кӯдакистон созад. Дар ҳудуди он марказҳои бузурги савдо сохта мешаванд. Соҳибмулки "Ҷумъабозор" аз тарафи ширкат розӣ гардонида мешавад".

Шаҳрдори Хуҷанд ба хабарнигорон гуфт, ин масъала аввал аз чанд зина гузашт ва сипас қарор содир шуд. Бар пояи он, "ҳуқуқи истифодаи замин барои соҳибмулки воқеӣ қатъ гардида, он барои эҳтиёҷоти давлатӣ ё ҷамъиятӣ, гирифта мешавад".

"ҒАСБИ РЕЙДЕРӢ"?

Моликони ҳозираи "Ҷумъабозор" дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ иддао карданд, ки моликияти онҳо бо роҳи, ба гуфтаашон, "ғасби рейдерӣ" ба дасти касони дигар мегузарад. Ин минтақа дар яке аз маконҳои серхаридор, дар канори дарёи Сир, ҷойгир аст.

Соҳиби ҳозираи "Ҷумъабозор", муассиси ширкати "Ваҳдат" Аминҷон Ҷӯраев мегӯяд, ин бозорро дар соли 2010 аз "Тоҷикматлубот" харидааст. Дар ҳоле, ки дар қарори шаҳрдорӣ гуфта шудааст, ширкати "Асри мо" шаш бинои 22-ошёна ва чордаҳ бинои 24-ошёна хоҳад сохт, Аминҷон Ҷӯраев мегӯяд, "лоиҳаи онҳо низ ба ҳамин қарор мувофиқ аст."

Намое аз "Ҷумъабозор"-и Хуҷанд.
Намое аз "Ҷумъабозор"-и Хуҷанд.

"Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, мақомотҳои давлатӣ ҳуқуқи соҳибмулкии як соҳибкорро ҳимоя намекунанд, гирифта ба дигар соҳибкор медиҳанд, намедонам ояндаи ин чӣ мешавад. Лекин ман медонам, ки Пешвои миллат қонунро ҳимоя мекунанд, дар назди ӯ ҳама соҳибкор баробар аст",-афзуд Аминҷон Ҷӯраев, молики "Ҷумъабозор".

МАҚОМОТ: ДУРУСТУ ҚОНУНӢ АСТ

Ин ҳам дар ҳолест, ки як гурӯҳи корӣ барои таҳқиқи шикоят ва даъвоҳои пайдарҳам бар сари замину тақсими моликият ва бунёди биноҳои баландошёна, аз Душанбе ба шаҳри Хуҷанд сафар кардааст.

Дар ҳоле, ки мақомот шарҳе намедиҳанд, манбаъҳои огоҳи Радиои Озодӣ рӯзи 31-уми август бо шарти фош нашудани номашон гуфтанд, ки ин ҳайат "аз панҷоҳ нафар ва асосан аз намояндагони Оҷонси мубориза бо фасод, Додситонии кул ва Кумитаи сохтмон ва меъморӣ иборат аст". Ба иттилои дарёфтӣ, тафтиш то 5-уми сентябр идома хоҳад кард.

Дар моҳҳои охир сокинони чанд бинои бозмонда аз замони Шӯравӣ ва молики "Ҷумъабозор" дар Хуҷанд ба Радиои Озодӣ шикоят карда буданд, ки мақомот бе ризояти онҳо ва пардохти ҷуброни одилона, моликияташонро ба шахсони дигар, бавижа ширкати "Асри мо" вогузор кардаанд. Чизе, ки моликон ғасби ба истилоҳ "рейдерӣ", вале мақомот дурусту қонунӣ номиданд.

"Ҷумъабозор"-и шаҳри Хуҷанд.
"Ҷумъабозор"-и шаҳри Хуҷанд.

Дар бораи ширкати "Асри мо" маълумоти кофӣ дар даст нест. Чанд ҳуҷҷати ёфтшуда дар манбаъҳои боз баёнгари он аст, ки "Асри мо" ба бунёди баландошёнаҳо дар шаҳри Душанбе машғул аст. Хабарнигори Радиои Озодӣ ба намояндагии ширкати "Асри мо" дар Хуҷанд муроҷиат кард, вале онҳо аз додани ҳама гуна ҷузъиёт худдорӣ карданд.

Солҳои охир дар Тоҷикистон баҳсҳои вобаста ба манзили наву кӯҳна зиёд аст. Сокинон аксар вақт шикоят мекунанд, ки ширкатҳои бинокор манзилашонро вайрон карда, дар иваз ҷуброни ночиз пешниҳод мекунанд.

Гӯшаҳо

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG