Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Меҳмонсаро барои легионерҳои "Равшан"


Имрӯз дар маркази шаҳри Кӯлоб меҳмонсарое барои буду боши легионерҳои тими футболи "Равшан" ифтитоҳ ёфт. Ин меҳмонсаро тавассути Нуриддин Набиев, соҳибкор ва мухлиси ашадии тими футболи "Равшан" сохта шудааст.

Дар маросими баҳрабардории ин меҳмонсаро Абдуғаффор Раҳмонов, шаҳрдори Кулоб ширкат ва дар суханроние аз иқдомоти соҳибкорон барои дастгирӣ ва ҳимояи варзишгарон, бахусус тими футболи ин минтақа қадрдонӣ кард.

Ба гуфтаи худи соҳибкор Нуриддин Набиев, алоқаи зиёд ба футбол ва бахусус тими "Равшан" ӯро водор кардааст, то барои ин даста кӯмаке карда бошад.

Меҳмонсаро аз ду қабат иборат буда, барои 10 нафар дар назар гирифта шуда, дар он куллия шароити зарурӣ фароҳам шудааст.

Ҳоло дар ҳайати тими футболи "Равшан" 5 легионер аз Кения ва Эрон бозӣ мекунанд, ки мушкили аслии онҳо набуди ҷойи буду бош бо шароитҳои замонавӣ ба шумор мерафт. Ҳатто дар матбуоти маҳаллӣ низ сару садоҳое нашр шуд, ки бархе аз ин легионерҳо ба сабаби надоштани ҷои зист мумкин аст, тими футболи "Равшан" -ро тарк кунанд.

Меҳмонсаро барои легионерҳои тими "Равшан" дар ҳоле мавриди истифода қарор гирфт, ки фардо бозии марказии даври 12-уми мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ – «Истиқлол»-и Душанбе ва «Равшан»-и Кӯлоб дар варзишгоҳи «Металлург»-и Турсунзода барпо мегардад.

Доварони ин бозӣ аз Қазоқистон даъват шудаанд. Сергей Гороховодатскийи 36-сола аз шаҳри Алматӣ сардовари ин бозӣ таъин шуда, ёварони ӯ ҳамшаҳриҳояш - Серик Кошкарови 40-сола ва Самат Тергеусизови 27-сола мебошанд.

Бозии даври аввали мусобиқот миёни «Равшан» ва «Истиқлол»-ро, ки 15-уми июн дар варзишгоҳи марказии шаҳри Кӯлоб баргузор шуда, бо ҳисоби 1:0 ба фоидаи мизбонон анҷом ёфта буд, гурӯҳи доварон аз Қирғизистон бо раҳбарии Дмитрий Машенсев доварӣ карда буданд.

Дар айни ҳол дар ҷадвали мусобиқа «Равшан» бо 27 имтиёз дар ҷойи аввал ва «Истиқлол» бо 24 имтиёз дар ҷойи дувум мебошанд.
XS
SM
MD
LG