Бар асоси як таҳқиқоти созмони ҷамъиятии «Заршедабону» дар шаҳру ноҳияи Кӯлоб маълум шудааст, ки волидайни кӯдакону наврасони имконияташон маҳдуд шарм медоштаанд, то дигаронро аз маъюбии фарзанди худ огоҳ созанд.
Дилафрӯз Умарова, сокини Кӯлоб аз ҷумлаи он волидайнест, ки намехост, атрофиён аз бемории фалаҷи пой доштани духтари хӯрдсолаш огаҳӣ пайдо кунанд. Бемории фалаҷ роҳгардӣ бидуни асобағаларо барои ин духтар номумкин гардонид, вале Дилафрӯз модари ӯ мегӯяд, талош мекард, духтараш аз хона берун нашавад, то дигарон ба ҳолаш наханданд. Аммо дар ду соли пеш бо ташвиқи созмонҳои ҷамъиятӣ ин андешаро аз сар дур кард ва фарзандашро ба Маркази тозатаъсиси тавонбахшии кӯдакону наврасони дорои имконияташон маҳдуд супурд.
Ҳоло хонум Дилафрӯз мегӯяд: «Мо хабар надоштем, ки чунин ҷойҳое барои парастории кӯдакони маъюб вуҷуд дорад. Вақте мо ҷалб шудем ва дидем, ки мисли духтарони мо ва аз онҳо вазнинтар инсонҳо ҳастанд, боз шукрона кардем ва ба зиндагӣ дилгарм шудем. То ин вақт мо шарм медоштем, ки фарзандамон ба берун барояд. Ҳоло талош дорем, дар чунин марказҳо таълим гирифта, оянда мувофиқи имкониятҳо соҳиби касб шаванд.»
Ҳамакнун хонум Дилафрӯз ҳамроҳ бо панҷ волидайни дигар иттиҳоди волидайни кӯдакону наврасони дорои имконияти маҳдудро созмон додаанд ва барои ҷалби дигар кӯдакони маъюб талош мекунанд.
Қаламниссо Абдуқаюмова, раҳбари созмони ҷамъиятии «Заршедабону», ки бо кӯмаки созмонҳои хайриявӣ ва ҳукумати маҳаллӣ дар се Маркази тавонбахшӣ барои таълиму тарбияи беш аз 500 кӯдаку навраси дорои имконияташ маҳдуд шароит муҳайё кардааст, мегӯяд, то ҳол бархе волидайн чун мебинанд, ки тифлашон маъюб аст, умедро аз ӯ мекананд ва ҳеҷ талоши ҷиддие барои ояндаи ӯ намекунанд. Дар ҳоле, ки ба гуфтаи ӯ, аксари чунин кӯдакон ҳарчанд, пурра солим ҳам нашаванд, вале барои худ як чизе дар чунин марказҳо меомӯзанд.
Ӯ гуфт:«Ҳанӯз мо корро дар соли 2008 сар кардем. Кор бе мушкилӣ намешавад. Вақте корро сар кардем, волидайн омода набуданд. Волидайн чунин кӯдаконашонро аз ҷомеа дур нигоҳ медоштанд. Мегуфтанд, ки бигзор онҳо дар хона бимонанд, вале мо бо онҳо кор кардем ва гуфтем, ки инҳо ҳам ҳақи кор кардан, омӯхтан доранд. Имсол мо 13 нафар чунин кӯдакро омӯзиш додем ва ба мактабҳои махсус барои таълим гирифтану касб омӯхтан равон кардем.»
Олиҳамо, наврасест, ки фалаҷи дасту пой доштааст ва ҳатто то 10 солагӣ имкони ҳарф задан надоштааст. Ҳоло Олиҳамоҳ дар чунин як марказ ҳарф заданро омӯхта эҷоди шеър мекунад. Ин кӯдаки маъюб барои модараш шеър қироат кард:
«Туро ранҷур мебинам,
Фиғон аз ранҷи дунёӣ,
Дилат аз ишқ менолад,
Шаби торики танҳоӣ
Зи бахти худ пушаймонӣ,
Пушаймонӣ надорад суд
Ниҳон дар хеш месӯзӣ
Алови дил надорад дуд.»
Шарифгул Холиқова, модари Олиҳамоҳ мегӯяд, умед надошт, ки фарзандаш ҳарф заданро омӯзад, аммо аз оне, ки ҳоло шеъри зиёде аз бар карда, ҳамчунин шеър менависад, хеле хушҳол аст.
Созмони ҷамъиятии «Заршедабону» бо кӯмаки ҳукуматҳои маҳаллӣ ва созмонҳои хайриявӣ дар шаҳри Кӯлоб ду Маркази омӯзишӣ ва дар ноҳия Ховалинг як марказ барои наврасону кӯдакони дорои имконияти маҳдуд ташкил кардааст.
Ин созмон зимни як таҳқиқ маълум кардааст, ки дар шаҳру ноҳияи Кӯлоб, ки беш аз 150 ҳазор аҳолӣ дорад, 1,5 ҳазор кӯдаки дорои имконияташ маҳдуд ба сар мебарад, ки на ҳама ба таълиму тарбия ва табобат фаро гирифта шудаанд. «Заршедабону» талош дорад, то кӯдакони маъюб бештар ба омӯзишу парвариш ҷалб шаванд, зеро ба андешаи масъулони он, ин табақаи ҷомеа аз ҳама бештар ба нигоҳубин эҳтиёҷ дорад.