Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қудрат Афардӣ, раиси дафтари ТВ "Мир" дар Душанбе даргузашт. ВИДЕО


акс аз саҳифаи фейсбукии Сарвиноз Ҳоҷиева гирифта шудааст

Қудрат Афардӣ, раиси намояндагии ширкати телевизион ва радиоии “Мир” дар Тоҷикистон рӯзи 17 август дар синни 44-солагӣ даргузашт.

Ба гуфтаи наздикон, Қудрат Афардӣ дар соати 12 рӯз дар манзили падараш Сайф Раҳими Афардӣ, нависандаи равоншоди тоҷик, ки 18 сол қабл дар назди хонааш ба қатл расида буд, бар асари сактаи қалб ба таври ногаҳонӣ ҷон дод.

Таҳти мудирияти ӯ компания ба ҳеҷ мушкил рӯ ба рӯ нашудааст ва барномаву гузоришҳо сари вақт омода мешуд. Барои ҳам ман ва ҳам гурӯҳи эҷодӣ марги ӯ як фоҷеа аст

Ҳамкорон ва наздикони Қудрат гуфтанд, ки аз субҳ саломатиаш якбора тағйир кард ва баъди ба беморхона бурдану анҷоми муоинаи қалбӣ, дар хона, дар фосилаи тахминан ду соат даргузашт. Аз ӯ ду кӯдаки хурдсол боқӣ монд.

Илҳом Маҳкамов, продюсери ширкати телевизион ва радиои «Мир» дар Тоҷикистон рӯзи 17 август ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳодисаи марги раҳбари ҷавон чунон ногаҳонӣ буд, ки бовар карданаш сахт аст. Ӯ гуфт, ки ҳама кормандони ин шабакаи телевизионӣ дар ҳолати шок ҳастанд. Вай гуфт, ки иллати марги ӯ танҳо ба саломатиаш рабт дорад ва ҳеҷ сабаби дигаре буда наметавонад.

«Таи ин 10 соле, ки Қудрат Афардӣ раҳбарии ин ширкатро ба уҳда дошт, тавонист дили кормандонро бо як алоқаву эҳтироми хосс ба даст орад. Таҳти мудирияти ӯ компания ба ҳеҷ мушкил рӯ ба рӯ нашудааст ва барномаву гузоришҳо сари вақт омода мешуд. Барои ҳам ман ва ҳам гурӯҳи эҷодӣ марги ӯ як фоҷеа аст».

Суҳбати мо бо Илҳом Маҳкамов дар саҳни бинои ширкати телевизион ва радиои «Мир» сурат гирифт. Ин лаҳзаҳое буд, ки дар манзили падари Қудрат Афардӣ, макони марги ӯ, дӯстону ҳамкорони дигар ва наздикони хонавода ҷамъ шуда буданд. Бархе наздикон – ҳамкорону дӯстони падари Қудрат – Сайф Раҳими Афардӣ буданд, ки соли 2000 барои маросими дафни нависандаи маъруф омада буданд.

Дар саҳни ин манзил, масъулон ва кормандони шабакаҳои телевизиони Тоҷикистон, Иттиҳоди журналистон, ширкатҳои телевизионҳои хориҷӣ ва ҳамкасбонаш ҷамъ омада буданд.

Раиси намояндагии ширкати "Мир" Қудрат Афардӣ даргузашт
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:32 0:00

Қудрат Афардӣ кор дар шабакаи "Мир"-ро охири декабри соли 2007 шурӯъ карда, соли 2012 бо амри президенти Русия Владимир Путин дар баробари дигар раҳбарони намояндагиҳои ширкати телевизионии «Мир» дар қаламрави Муштарак-ул-Манофеъ, «барои саҳмаш дар рушди телевизиону радио ва кори пурмаҳсули бисёрсолааш» бо «Ордени дӯстӣ» қадрдонӣ шуда буд.

Қудрат Афардӣ - писари бузурги нависандаи равоншод Сайф Раҳим (Афардӣ) буд. Қабл аз "Мир" дар идораҳои дигари давлатӣ, аз ҷумла дар соҳаи "Тоҷиккино" кор кардааст. Ӯ хатмкардаи Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон буд. Ӯ падари ду фарзанд буд.

Шарҳҳоро бинед (9)

Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG