Пайвандҳои дастрасӣ

Додгоҳ ҳукми мушовири ёрдамчии президентро шарҳ дод


Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии Душанбе расман эълон кард, ки Ҳасан Раҷабов -- мушовири собиқ ёрдамчии раисиҷумҳури Тоҷикистон бар асоси ду моддаи Кодекси ҷиноӣ ба зиндон маҳкум шудааст.

Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе расман эълон кард, ки Ҳасан Раҷабов -- мушовири собиқ ёрдамчии раисиҷумҳури Тоҷикистон дар умури кадрҳо бар асоси моддаи 247 ва 314-и Кодекси ҷиноӣ айбдор ва ба панҷ соли зиндон маҳкум шудааст. Як мақоми додгоҳ рӯзи 21 август дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ хабари гӯё бар асоси моддаи 319-и қонуни ҷиноӣ, яъне "аз ҷониби шахси мансабдор шахсан ё ба воситаи миёнарав гирифтани пора дар намуди пул"-ро рад кард.

Мусоҳиби мо гуфт, "Ҳасан Раҷабов бо моддаҳои 247 (қаллобӣ аз ҷониби шахс бо истифодаи мақоми хизматӣ) ва 314 (суистифода аз ваколатҳои мансабӣ) аз озодӣ маҳрум шуд."

Парвандаи Ҳасан Раҷабовро бо гумони фасод ва ришва Кумитаи давлатии амнияти миллӣ таҳқиқ мекард ва мурофиаи ӯ паси дарҳои баста сурат гирифтааст.

Ҳасан Раҷабов, мушовири Бахши ёрдамчии дастгоҳи раисиҷумҳури Тоҷикистон оид ба сиёсати кадрӣ аз сӯи кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар авоили моҳи июн дар утоқи кориаш боздошт шуда буд. Бино ба маълумоти бархе аз манбаъҳои огоҳ, чанде аз раисони собиқи ноҳияҳо зимни пажӯҳиши ин парванда бозпурсӣ шудаанд.

Раҷабов 21 феврали соли 2014 дар Бахши ёрдамчиёни президенти Тоҷикистон ба кор таъин шуда буд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG