Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Наздикони Икромзодаро пас аз навиштани баёнот раҳо карданд


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Наздикони Ҳамза Икромзодаро танҳо пас аз навиштани баёнот, аз идораи пулис раҳо кардаанд.

Наздикони Ҳамза Икромзода тасмим доштанд, ки рӯзи шанбеи 1-уми феврал ба хотири аз боздоштгоҳи ҷаримавӣ озод гардидани Давлатёр Курбонов – яке аз шоҳидони қазияи марги Ҳамза Икромзода дар назди маҳбаси шумораи 1-и Душанбе гуруснанишинӣ доир намоянд. Аммо посбонҳо ва кормандони маҳбасхонаи 1-и Душанбе монеъ шуда, онҳоро ба Шӯъбаи корҳои дохилаи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе интиқол доданд.

Дилогоҳ Икромзода, хоҳари Ҳамза Икромзода рӯзи 2-юми феврал дар сӯҳбат ба радиои «Озодӣ» гуфт, пас аз интиқол ба идораи пулис, онҳоро ҳудуди як соат нигоҳ доштанд ва ба дунболи навиштани баёнот ва сӯҳбат бо сардори идораи пулис, раҳояшон карданд.

Зулайхо Ҷӯраева модар ва Дилогоҳ Икромзода, хоҳари Ҳамза Икромзода дар назди маҳбасхонаи яки Душанбе талаб доштанд, то маъмурияти ин зиндон онҳоро барои мулоқот ба назди худ қабул кунад. Аммо ба қавли посбонҳои ин зиндон, маъмурияти маҳбасхона иҷозаи вуруди онҳоро надод. Ин ҳам дар ҳолест, ки рӯзи 1-уми феврал бархе аз хабарнигорон ҷиҳати пӯшиш додани ҷарраёни гуруснанишинии модару хоҳари Ҳамза Икромзода ба назди ин маҳбасхона рафта буданд, аммо посбонҳо онҳоро водор карданд, то макони баргузории ин ҳодисаро тарк намоянд.

Дилхоҳ Икромзода гуфт, ки маъмурияти маҳбасхонаи 1-и Душанбе гуфта буд, бо онҳо дар идораи пулис мулоқот мекунад. Аммо ба гуфтаи ӯ, дар шӯъбаи корҳои дохилӣ танҳо сардори идораи пулис бо онҳо сӯҳбат анҷом дод ва бинобар сардии ҳаво ва бемории модараш, онҳо зиёд мунтазир намонда ва аз онҷо берун рафтанд.

Ба гуфтаи Дилогоҳ Икромзода -- хоҳари Ҳамза Икромзода, тасмими гуруснанишинии онҳо ба хотири аз боздоштгоҳи ҷаримавӣ озод гардидани Давлатёр Курбонов – яке аз шоҳидони қазияи марги Ҳамза Икромзода будааст. Тавре гуфта мешавад, Давлатёр Қурбоновро барои шоҳиди доданаш оид ба шиканҷа шудани Ҳамза Икромзода, 13 рӯз инҷониб дар боздоштгоҳи ҷаримавии муассисаи ислоҳии №1-и пойтахт нигоҳдорӣ мешавад ва наздикони вай мегӯянд, дар он ҷо боздоштшудагонро шиканҷа медиҳанд.

Ба гуфтаи наздикони Ҳамза Икромзода, қабл аз омадани онҳо ба Душанбе, субҳи рӯзи шанбе маъмурони амниятӣ ва мақоми маҳалии Ҳисор монеи хориҷ шудан ва рафтани онҳо ба пойтахт шудаанд.

Ҳамза Икромзода, сокини 27-солаи рустои Хирманаки ноҳияи Ҳисор, рӯзи 20-юми сентябри соли 2012 дар маҳбаси шумораи аввали пойтахт ба ҳалокат расид. Пайвандони ӯ мегӯянд, дар бадани вай из ва осори марги маҷбурӣ бо истифода аз дарзмоли тафсон мушоҳида мешуд. Аммо мақомот ин ҳодисаро рад намуда онро худкушӣ арзёбӣ карданд. Мақомот ибтидо иллати марги ӯро сактаби қалб гуфтанд, вале наздиконаш аломатҳои шиканҷа дар бадани ӯро расонаӣ карда, мақомотро маҷбур ба кушодани парванда алайҳи зиндонҳо карданд.

Як маъмури собиқи ин зиндон Маҳмуд Исмоилов даро моҳи июни соли 2013 бо ҷурми даст доштан дар марги Икромзода ба 5,5 соли зиндон маҳкум шуд. Вале додгоҳҳо даъвои волидони Ҳамза барои рӯёндани 10 миллион доллар ҷуброн аз идораи зиндонҳоро напазируфтанд.
XS
SM
MD
LG