Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳаҷҷи имсола – зери чораҳои амниятӣ ва ҳавои тафсон. ВИДЕО


Арабистони Саудӣ дар як машқи низомӣ тавоноиҳои нерӯҳои интизомиашро барои пешгирӣ аз амалиёти эҳтимолии террористӣ ба намоиш гузошт.

Вале таъмини амният танҳо мушкиле нест, ки Саудӣ бо он рӯбарӯст. Ҳаҷҷи имсола дар шароити фавқулода гарми ҳаво доир мегардад ва масъулияти мақомоти Саудиро барои нигоҳ доштани саломатии зоирон дучанд мекунад.

Имсол барои зиёрат аз Маккаву Мадина ва ё ҳаракат аз роҳҳое, ки 14 аср пеш паёмбари ислом Муҳаммад аз онҳо гузаштааст, 1 миллиону 600 ҳазор нафар, аз ҷумла ҳазорҳо нафар аз Тоҷикистон, ба Арабистони Саудӣ рафтаанд. Баъзеҳо баъд аз интизории зиёд ба инҷо расидаанд.

Фотима Саид, як шаҳрванди Миср гуфт, “ман ду дафъа барои зиёрат дархост додам, аммо нашуд. Имсол Худо хост. Худоро ҳазорон бор шукр мегӯям. Аз ин бештар чизе гуфта наметавонам.”

Маросими Ҳаҷ рӯзи 9-уми август шуруъ мешавад. Аксари зойирон дар Макка ҳастанд, бақия дар Мадина ҷойгир шудаанд. Мақомоти Арабистони Саудӣ барои таъмини амнияти зойирон чаораҳои амниятиро дар Маккаву Мадина тақвият додаанд.

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

Арабистони Саудӣ ба қабули як миллиону шашсад ҳазор ҳоҷӣ омода аст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:29 0:00

​Муҳаммад Унува аз Нигерия аз шароити фароҳамшуда розӣ будааст. “Инҷо бисёр хуб ва ҷолиб аст. Ба ҳар ҳар куҷое, ки наравед, одамони гуногун аз Индонезия, Покистон ва кишварҳои дигарро мебинед. Мо хушҳол ҳастем, якҷо зиндагӣ мекунем, бисёр хуб аст”, -- гуфт ӯ.

Қарор аст, имсол аз Тоҷикистон беш аз шашуним ҳазор нафар ба зиёрати Маккаву Мадина бираванд. Интиқоли онҳо ба Арабистони Саудӣ аз рӯзи 22-уми июл оғоз шуд.

Имсол дар Тоҷикистон пардохти хироҷ барои ҳар довталаби ҳаҷ ҳатмӣ карданд. Ҳар нафаре, ки ба Ҳаҷ меравад, бояд 50 доллар хироҷ супорад.

Тайи ду соли охир сафи орзумандони сафари Ҳаҷ дар Тоҷикистон кам шудааст. Мақомот мегӯянд, соли гузашта ба ҷойи ҳафтуним ҳазор нафар ҳамагӣ шашуним ҳазор довталаби зиёрати Ҳаҷро пайдо карданд. Дар ҳоле ки, ба гуфтаи онҳо, дар гузашта одамон то соли 2030 барои зиёрати Каъба навбат гирифта буданд.

Коршиноосн мегӯянд, аз як тараф буҳрони молӣ ва аз тарафи дигар иқдомҳои маҷбурие ба монанди ободонӣ ва ё тақдими пули Ҳаҷ ба дармондагон ба ин вазъият сабаб шудааст.

XS
SM
MD
LG