Пайвандҳои дастрасӣ

Корхонаи наздикони Зайд Саидро ба 2,5 млн доллар мефурӯшанд


Акс аз бойгонӣ

Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон корхонаи "Гулистон"-и Душанберо 24 миллиону 220 ҳазор сомонӣ (муодили дуним миллион доллари амрикоӣ) нарх кардааст.

Доираҳое, ки тавони харидории корхонаро доранд, махсус мунтазиранд, то чанд дафъа харидор ёфт нашавад ва бо нархи ночиз онро аз давлат бигиранд. Дар ҷаҳони фасод ин як схемаи озмудааст

Як масъули Кумитаи сармоягузорӣ рӯзи 2-юми апрел дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, айни замон корхона моли давлат аст ва 100 дар сади саҳмияҳояш ба фурӯш гузошта шудааст. «Бо пайдо шудани чанд харидор музоядаи фурӯши саҳмияҳои корхона доир мешавад», - гуфт.

Ин ҳамсуҳбати мо нагуфт, ки то ба ҳол чанд сармоягузор хоҳиши хариди корхонаро кардааст. Аммо, бино бар гуфтаи масъулони ин кумита, музояда замоне метавонад баргузор шавад, ки якчанд нафар хоҳиши хариди корхонаро изҳор кунанд, то дар шароити рақобатпазир саҳмияҳо фурӯхта шавад.

Зайд Саид
Зайд Саид

Ин корхонаи дӯзандагӣ, ки қаблан ба наздикони Зайд Саид – вазири пешини саноат ва раҳбари ҳизби сабтнашудаи “Тоҷикистони нав” – ва Дмитрий Фирташ – сармоядори украинӣ – тааллуқ дошт, бори чаҳорум ба фурӯш гузошта мешавад. Мақомот қаблан гуфта буданд, ки корхона дар музоядаҳои гузашта харидоре наёфт. Ҳукумат бори аввал соли 2014 ин корхонаро бо нархи 32 миллион сомонӣ ба фурӯш гузошта буд.

Таҳлилгарон солҳо боз харидор пайдо накардани корхонаи дӯзандагии “Гулистон”-ро, ки дар маркази шаҳри Душанбе ҷойгир аст биноҳояш масоҳати бузургеро ишғол мекунанд, ба чанд омил рабт медиҳанд. Абдумалик Қодиров, таҳлилгари тоҷик, рӯзи 2-юми апрел дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт:

  • “Сармоядороне, ки аз доираи наздик ба «оила» нестанд, аз харидани ин корхона парҳез мекунанд. Чун онҳо гузаштаи ин корхонаро медонанд. Қаблан он ба наздикони Зайд Саид тааллуқ дошт ва агар бихаранд, эҳсос мекунанд, ки гӯё ба адолату ҳақиқат хиёнат мекунанд.”
Абдумалик Қодиров
Абдумалик Қодиров

Қодиров гуфт, корхонаи дӯзандагии “Гулистон” дар маҳалли хуби пойтахт қарор дорад ва нархи бозории он ин шабу рӯз хеле болотар аз нархест, ки давлат таъйин кардааст. “Доираҳое, ки тавони харидории онро доранд, махсус мунтазиранд, ки корхона чанд бор харидор наёбад ва дар ниҳоят бо нархи ночизе онро аз давлат бигиранд. Дар ҷаҳони фасод ин як схемаи озмудаи ночиз кардани нархи корхонаҳои давлатӣ ва баъдан ба даст овардани он аст”, - иброз дошт Абдумалик Қодиров.

Ин таҳлилгари тоҷик гуфт, сармоягузорони хориҷӣ низ барои хариди корхона чандон майл зоҳир намекунанд, чун шароити пешбурди бизнес хуб нест ва кафолати амнияти моликият дар Тоҷикистон таъмин намебошад.

Корхонаи дӯзандагии "Гулистон", ки дар кӯчаи Теҳрони Душанбе ҷойгир аст, то замони мусодира шудан ба Дмитрий Фирташ, миллиардери украинӣ ва хонаводаи соҳибкори зиндонӣ Зайд Саид мутааллиқ буд. Ин корхона шими "ҷинс" ва куртаи пахтагӣ истеҳсол карда, маҳсулоташро асосан ба кишварҳои Аврупо содир менамуд.

Ин корхона соли 2014, баъди дастгир ва зиндонӣ шудани Зайд Саид бо қарори Додгоҳи иқтисодии шаҳри Душанбе ба фоидаи давлат мусодира гардидааст.

Дмитрий Фирташ
Дмитрий Фирташ

Дмитрий Фирташ дар оғози солҳои 2000-ум як муддат ба таври фаъолона ба бозори Тоҷикистон пой гузошт ва дар соли 2002 "Тоҷиказот" – бузургтарин корхонаи тавлиди нуриҳои минералӣ, воқеъ дар шаҳри Леваканд (Сарбанди собиқ)-и вилояти Хатлон ва соле баъд корхонаи дӯзандагии "Гулистон" дар маркази Душанбе ва корхонаи "Абрешими Хуҷанд" дар маркази вилояти Суғдро хусусӣ гардонд.

Гуфта мешавад, ин олигархи украинӣ дар Тоҷикистон аз 10 то 15 миллион долларашро "гум кардааст”. Дар муқобили дороиҳои Фирташ, ки 1,5 миллиард доллар ҳисоб мешавад, ин пули кам аст, аммо далел ин аст, ки ӯ ҳам корхонаи "Тоҷиказот"-ро аз даст дод ва ҳам пулеро, ки барои хусусигардонии он ба буҷет пардохта буд, бозпас нагирифт.

Коршиносон мегӯянд, ин вазъият сармоягузорони "иқлими сарди сармоягузорӣ" дар Тоҷикистони офтобиро нигарон мекунад.

Зайд Саид соли 2013, баъди таъсиси ҳизби "Тоҷикистони нав", ки тарафдори ислоҳот дар кишвар буд, дастгир ва дар доираи чанд парванда ба 29 соли зиндон маҳкум шуд. Мақомот чанд ширкату корхонаи мутааллиқ ба ӯ ва наздиконашро мусодира карданд. Аз ҷумла корхонаи "Тоҷикмармар" низ ба фоидаи давлат гирифта шуд.

Корхонаи "Гулистон" дар Душанбе
Корхонаи "Гулистон" дар Душанбе

Аммо ӯ ва тарафдоронаш ҳукми зиндонро дорои ангезаҳои сиёсӣ медонанд.

Тобистони соли гузашта Кумитаи ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид дар хулосаи 12-саҳифаӣ гуфт, ки дар қазияи Зайд Саид чандин муқаррароти Паймони байналмилалии ҳуқуқи сиёсӣ ва шаҳрвандӣ нақз шудааст. Ин ниҳод талаб карда буд, ки мақомоти Тоҷикистон бояд ин иштибоҳҳоро ислоҳ кунанд.

Дар хулосаи Кумитаи ҳуқуқи башар аз мақомоти тоҷик тақозо шуда буд, ки Зайд Саидовро озод кунанд ва дар ҳолати ҷой доштани зарурат, мурофиаи ӯро ба тарзи одилона баргузор намоянд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available
Идома
XS
SM
MD
LG