Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Бозии бузург” ё ҳалли мушкилоти Осиёи Марказӣ?


Як сиёсатшиноси ғарбӣ пешниҳод кардааст, ки ба баҳси қудратҳо дар Осиёи Марказӣ бояд таври дигар нигарист.

Ҳар яке аз қудратҳои ҷаҳонӣ дар баробари кишварҳои Осиёи Марказӣ сиёсати хоси худро пеш мебарад ва аксаран фаромӯш мешавад, ки худи ин кишварҳо низ ҳар кадом ниёзҳои хоси худро дорад. Бо зикри ин нукта, таҳлилгари Шӯрои равобити хориҷии Аврупо ва устоди Академияи Улуми Иҷтимоии Шонгҳой, Рафаелло Пантуччӣ, менависад, ҳамин ниёзу масъалаҳои “маҳаллӣ” аз “муборизаи хаёлии нуфуз” дар Осиёи Марказӣ дида ба маротиб муҳимтаранд.

Моҳи гузашта Русия изҳори омодагӣ кард, ки ба маблағи 1 миллиарду 100 миллион доллар ба Қирғизистон ва 200 миллион доллар ба Тоҷикистон силоҳ хоҳад дод ва боҷи гумрукии фуровардаҳои нафтиро бекор хоҳад кард. Чин гуфт, ба кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой10 миллиард доллар медиҳад, то пайомадҳои бӯҳрони молиро паси сар кунанд. Ҳинд талош дорад, бо Тоҷикистон равобити стартегӣ бунёд намояд ва Иёлоти Муттаҳида дар пайи таҳкими чунин равобит бо Узбакистон аст. Ин талошҳо, мегӯяд ҷаноби Пантуччӣ, “Бозии бузург” дар Осиёи Марказиро ба ёд меорад.

“Бозии бузург” як истилоҳи илмиест барои шарҳи рақобатҳои Бритониё ва Русия дар ин минтақа дар садаи 19-ум, ки ба хотири нуфуз ва манфиатҳои худ кишварҳои Осиёи Марказиро зидди ҳам мешӯронданд ё марзи онҳоро ба хости хеш тағйир медоданд. Аммо нигоҳ ба минтақа аз ин дурбин, ба ақидаи коршинос, дур шудан аз воқеият аст, зеро қудратҳои беруна на барои он дар Осиёи Марказӣ сармоягузорӣ мекунанд, ки нуфузи ҳамдигарро кам кунанд, балки манфиатҳои худро пеш баранд.

Барои намуна, вақте Русия ба Тоҷикистону Қирғизистон силоҳ медиҳад, ҳадафаш ин аст, ки саноати ҳарбии худро равнақ бахшад. Дар пасманзари вазъи амниятии Афғонистон Русия манфиатдор аст, ки нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистону Қирғизистон қавӣ бошанд, аммо Маскавро ин орзу низ ҳаст, ки пойгоҳи ҳарбии Амрико дар ин минтақа боқӣ намонад.

Чин ба робитаҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ тамаркуз кардааст. Аммо сармоягузориҳои он дар сохтмони роҳу пул ё корхонаҳои гуногун ин ҳадафро низ дорад, ки шаҳрвандони худашро бо кор ва даромад таъмин намояд. Ин кишвар ахиран ба яке аз бузургтарин сармоягузорони Тоҷикистон ва Қирғизистон табдил ёфтааст.

Манфиати асосии Иёлоти Муттаҳида дар Осиёи Марказӣ айни замон таҳкими робита бо Узбакистон аст, ки бештар ба стратегияи хуруҷи НАТО аз Афғонистон дар соли 2014 бастагӣ допад. Иёлоти Муттаҳида ва Аврупо фаротар аз ин роҳи хуруҷ дар Осиёи Марказӣ манфиати мустақимтаре надоранд.

Ҳиндустон, Эрон, Ҷопон, Кореяи Ҷанубӣ, Покистон ва Туркия низ ҳамагӣ ба манофеи худ дар Осиёи Марказӣ таъкид мекунанд ва ҳар кадом ин минтақаро аз зовияи худ мебинад, вале ҳамаи онҳо мехоҳанд, пайвандҳои иқтисодии худро бо он қувват бахшанд. Аммо ҳамаи ин баҳси беруниҳо як чизро фаромӯш мекунад, ки кишварҳои худи минтақа низ манфиатҳои худро доранд ва ин ҷанбаъ низ бояд ба назар гирифта шавад.

Бо ишора ба ин ва устоди Академияи Улуми Иҷтимоии Шонгҳой, Рафаеллои Пантуччӣ меафзояд, “ҳамчун кишварҳои нисбатан камбағал онҳо ҳамоно дар марҳилаи рушд ҳастанд ва аз таваҷҷуҳи беруна, макхсусан сармоягузориҳои хориҷии барояшон бисёр зарур ошкоро истиқбол мекунанд. Ин нукта махсусан ба Тоҷикистону Қирғизистон дахл дорад, ки захираҳои бузурги табиӣ насибашон нагаштааст.

Биноан, вақте Русия меояд ва ёрии муҳиме пешниҳод мекунад, онҳо мепазиранд. Ба ҳамин тарз онҳо аз имдоди Чин низ хушҳоланд. Ин дар ҳолест, ки Чин мехоҳад, виляоти ноороми Шинҷону Уйғурро ба “дарвоза”-и равобити хуб ва рушди иқтисодию тиҷоратии Авруосиё табдил диҳад.

Бо таъкиди ин нуктаҳо Рафаеллои Пантуччӣ, таҳлилгари Шӯрои равобити хориҷии Аврупо ва устоди Академияи Улуми Иҷтимоии Шонгҳой, мегӯяд, тамаркузи якравона бар муборизаи қудратҳои бузург дар минтақа сабаб мешавад, ки бархе аз ҷузъиёти муҳим аз назарҳо ниҳон монад. Ҳамон гуна ки ба Тоҷикистону Қирғизистон додани силоҳ аз тарафи Русия, нигарониҳои амниятиро низ дар назар дорад. Нақши Чин ҳам дар минтақа “духӯра” шумурда мешавад. Ҳол он ки талоши ҳама барои ҳалли масъалаҳои мавҷудаи минтақа аст, на ба хотири “Бозии бузург”, ки акнун бояд ба моли таърих табдил дода шавад.
XS
SM
MD
LG