Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Олмон як маркази табодули илмиашро дар Душанбе баст


Пас аз 15 соли фаъолият Хадамоти Табодули Академикии Олмон (DAAD) дафтараш дар Душанберо бастааст. Маркази иттилооти DAAD, ки то кунун ба таҳсили садҳо донишҷӯ ва унвонҷӯи тоҷик дар Олмон мусоидат кардааст, эълон кард, ки маркази мазкур аз рӯзи 30-уми июн фаъолияташро дар Тоҷикистон қатъ кардааст.

Кордула Лукассен, сухангӯи Хадамоти Табодули Академикии Олмон дар як посухи катбӣ дар бораи сабабҳои бастани маркази иттилоотӣ дар Душанбе ба Радиои Озодӣ гуфт, ба далели тағйири қонунгузориҳо дар Олмон ва ҳам кишварҳои мизбони дафтари хадамот, ин муассиса тасмим гирифт, шеваи фаъолияташро бознигарӣ кунад ва барои ҳамин фаъолияти марказҳояш дар 57 кишвари ҷаҳонро омӯхт.

Дар посухи ӯ омадааст: “Таҳлил нишон дод, ки дар муқоиса ба марказ дар Тоҷикистон дигар марказҳо дар арсаи байналмилалӣ ва Осиёи Марказӣ мақоми баландтар доранд. Аз ҳамин сабаб, вазорати умури хориҷии Олмон ва DAAD бо машварат бо вазорати маорифу таҳқиқи Олмон ба мувофиқа расиданд, ки маркази иттилоотии DAAD дар Душанбе аз рӯзи 30-уми июн баста шавад.”

Айни замон ба гуфтаи Кордула Лукассен, Хадамоти Табодули Академикии Олмон ният дорад дар миёнамуддат дар Осиёи Марказӣ як дафтари минтақавӣ боз кунад, ки фаъолиятҳояш дар Тоҷикистонро ҳам мудирият мекунад. Дар саҳифаи маркази тоҷикистонии DAAD дар Фейсбук ҳам омадааст, ки баъд аз 30-уми июн ин саҳифа ва ҳам саҳифаи интернетии созмон дигар фаъол нахоҳанд буд ва хоҳишмандон дар сурати зарурат ба саҳифаи аслӣ ва ҷаҳонии DAAD муроҷиат кунанд.

Маркази иттилоотии Хадамоти Табодули Академикии Олмон, ки ба донишҷӯ ва унвонҷуёни тоҷик то кунун ба 700 нафар дар Тоҷикистон кӯмак кардааст, ки дар Олмон ройгон таҳсил кунанд, таҳқиқи анҷом диҳанд ва ё рисолаи илмӣ ҳимоят кунанд. Таҳсил дар Олмон умдатан бояд бо забони олмонӣ ва ё англисӣ сурат бигирад.

Бо вуҷуди онки DAAD эълон кардааст, маркази иттилоотиашро дар Тоҷикистон мебандад ва ҳам дар саҳифаи Фейсбукаш чунин эълонеро нашр кардааст, аммо чунин эълонҳо дар саҳифаҳои марказҳои созмон аз ҷумла Қазоқистону Қирғизистон ва Озарбойҷон дида намешавад. Вокуниши мақомоти расмии Тоҷикистон ва ё маҳфилҳои таҳқиқотиву илмӣ ба қатъи фаъолияти Хадамоти Табодули Академикии Олмон ҳанӯз маълум нест.

Хадамоти Табодули Академикии Олмон, як созмони муштараки донишгоҳҳои ин кишвар ва бузургтарин муассисаи кӯмакрасон барои табодули илмӣ ва донишгоҳӣ дар ҷаҳон аст. Айни замон ба он 236 донишгоҳу муассисаҳои таҳсили олӣ шомил ҳастанд. Дар саҳифаи созмон омадааст, ки ин марказ дар ҳамкории наздик бо сафорати Олмон дар Душанбе дар арсаҳои илмӣ, маориф ва инкишоф дар Тоҷикистон фаъолият мекунад.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG