Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Гапи гуфтанӣ”. Айби кист, ки мансабдорон “ситора” мешаванд?


Вазири пешини маориф ва илм, ҳоло раиси Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон Нуриддин Саид

Раҷаби Мирзо,

рӯзноманигор ва таҳлилгар

Бознашр аз веблоги "Рӯзи нав"

Нишастҳои матбуотии мансабдорони тоҷик оғоз ёфт. Барои на танҳо хабарнигорон, балки мардуми одӣ ҳам шояд ин нукта ҷолиб бошад, ки дар баробари маълумоти аз онҳо ҳосилшуда, курсинишинон бо кадом “суханони таърихӣ” – и худ барои чанд муддат вирди забонҳо мегарданд.

Масъулини бахши идеологии ҳукумат ташкил шудани ин нишастҳои матбуотиро ҳамчун як иқдоми бесобиқа дар дунё арзёбӣ карданӣ мешаванд. Дуруст аст, ки маҳз бо ин шакл баргузор шудани мулоқот бо журналистон ва дастрасӣ бо манбаъҳои ахбори муҳим дар ҷаҳон то андозае нодир аст. Аммо анҷом додани нишастҳои матбуотиву брифингҳо барои журналистон ва ҳамин тавр бо маълумоти муҳим бохабар кардани шаҳрвандон дар ҷаҳон кори бесобиқа нест. Ҳатто аз сатҳи вазирону раисон болотар. Он мӯҳлати семоҳаву шашмоҳа низ надорад. Зикри ин нуктаро барои он муҳим мешуморам, ки баъзан ҳамкасбони мо шикоят мекунанд: ин ё он вазир, ё аз сатҳи он поинтар, аз посух ба саволҳо худдорӣ мекунанд ва мегӯянд нишасти шашмоҳаро бояд интизор шуд.

Шояд ҳадафи Президенти Тоҷикистон, вақте 15-уми сентябри соли 2011 ба ташкил намудани ин нишастҳо амр дод, дигар буд. Ба эҳтимоли қавӣ ин посух ба онҳое буд, ки мегуфтанд Ҳукумати Тоҷикистон шаффофияти зиёд надорад. Дар ибтидо тасмим ин буд, ки мақомдорон ҳар се моҳ ба саволҳои журналистон ҷавоб бидиҳанд. Дертар ин мӯҳлат ба шашмоҳа иваз гардид. Ин ҳам як муаммост, ки чаро чунин шуд. Маълумоти кофии ҳамоҳангшуда надоштанд? Мансабдорони зиёд “ситора” хоҳанд гашт?

Саволи дуюм дар кишварҳое мисли мо метавонад ҷиддӣ бошад. Ба ҳар сурат, даҳсолае пеш мо вазирону мансабдорони таъсиргузоре ҳам доштем, ки мардум аз онҳо шинохти бештар дошт. Ҳоло инро гуфтан имкон дорад? Фикр накунам, ки ҳатто дар доираҳои таҳлилӣ низ ҳама вазирону раисон ашхоси аз ҳад маъруф бошанд.

Ин як вижагии дигари Тоҷикистон аст, ки мансабдорони муҳим “журналистгурез” ба ҳисоб мераванд. Ҳарчи ҳаст ё не, мансабдоре дар сатҳи вазир ё раиси кумита як мақоми сиёсист. Дар дунё кам иттифоқе пеш наомадааст, ки ин ё он вазир ахиран президент ҳам интихоб шуда. Дар мо баръакс, гӯё маҳз аз рӯи мақоли “аз бало – ҳазар” рафтор мекунанд. “Бало” номаълум аст, ки чист: сӯҳбат бо журналистон ё орзуву хоҳиши аз мақоми соҳибшуда болотар рафтан?

Аз ин ҷост, ки баъзан журналистон мегӯянд, бархе мансабдорон нишастҳои матбуотиро ҳам ба ҳадафҳои гуногун истифода мекунанд. Ё ягон муовини “доно”-и худро равон мекунанд, ё аз муовини “амбитсиядор”, аммо начандон босаводаш, вақте мавриди “ҳамлаи” журналистон меафтад, қасос мегиранд.

Дар ҳақиқат, чунин ҳолатҳо кам набуд, ки ин ё он мансабдор пас аз нишастҳои матбуотӣ ба ангуштнамои ҷомеа табдил ёфт. Фикр накунам, ки Бег Сабур – раиси Хадамоти алоқа ва Нуриддин Саид – вазири вақти маориф ва илм дар ин росто танҳо буданд.

Бег Сабур пас аз як ё ду нишасти “аҷиб”- и матбуотӣ (аз ҷумла вақте сабаби қатъ шудани интернетро ба “тири шикорчӣ” нисбат дод) дар маъракаҳое ҳамчунин дигар ҳозир намешавад.

Аммо муовинаш Илҳомҷон Атоев исбот намуд, ки аз роҳбари худ “кам” намеояд.Дар нишастҳои пешин ҳам ӯ журналистону одамони дигарро “зиқшавӣ” намонда буд, аммо дар нишасти ахири худ ба қавле “гузаронд”: вақте гуфт, ки сабаби суръати нохуби интернет дар Тоҷикистон ба мавқеи ҷуғрофии кишвар рабт дорад.

Бисёрии корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ин посухи шахси дуюми бахши алоқаро ба танз кашиданд, аммо яке хеле сахт гуфт: шояд ин масъул намедонад, ки интернет аз спутник меояд!

Дар ин ҳолат, шояд гапро ба касбият надоштани Атоев бурдан ноҳаққӣ мебуд, чун огоҳон мегӯянд ӯ дар ин соҳа одами тасодуфӣ нест. Вале дар ҳамон замон барои “сафед” кардани иқдомоти номатлуб “гапи хуб” пайдо накард.

Зимнан, ӯ дар ин ҳолат танҳо нест. Масалан, вазири собиқи кишоварзӣ Иззатулло Шарифӣ, ки аз ӯ ба сифати академики номдор, ректори собиқи Донишгоҳи кишоварзӣ ва Президенти Академияи кишоварзӣ шинохт доштем, тобистони соли гузашта баланд шудани нархи маҳсулоти кишоварзиро ба … ”хуб шудани зиндагии мардум” нисбат дод. Дар посух ба ин ҷавоби вазир корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ба шӯхӣ гуфтанд, ки шояд манзури Шарифӣ зиндагии мансабдорон аст, ки ба эҳтимоли зиёд “бисёр олиҷаноб шудааст”. Аммо ӯ вақте гуфт, ки болоравии нархи тарбузу харбуза воҳимае беш несту «1 ҳандалак 50 дирам аст. Ман худам доим мехарам. Тарбуз 5 сомонӣ. Бо чӣ мехоҳед, мардум?”, хулоса дигар шуд: ин вазир ҳатто маълумоти оддитаринро аз соҳаи худ надорад! Вагарна он шабу рӯз нархи тарбузу харбуза дар бозор аз 20-30 сомонӣ кам набуд...

Ҳамон соли гузашта, вақте дар нишасти матбуотии “Тоҷикматлубот” аз муовини раис Хуршед Раҳмонзода сабаби боло рафтани нархи тарбузро пурсиданд, ӯ бепарвоёна инро ба гармии ҳаво нисбат дод.

Маълум аст, ки одамон ба ин гуфтори як масъул вокуниши ҷиддӣ бадар карданд: “– Гармӣ зарар дорад, хунукӣ зарар дорад… Ҳаво намебуд, гуноҳро ба гардани кӣ бор мекаранд? Бечораи табиат!”.

Обид Назариён, муовини аввали вазири фарҳанг ҳам “одами шӯх” будааст. Махсусан вақте дар бораи иштироки донишҷӯён дар маршировкаҳо изҳор назар кард ва гуфт: “ ҷавонон ба наздам меоянду мепурсанд кай маршировкаҳо шуруъ мешаванд, то ки иштирок намоем. Бовар мекунед, ҳатто ду ҷавон ба ман сидқан арзи сипос карданд, ки онҳо маҳз якдигарро дар ҳамин «маршировка» вохӯрдаанд ва ишқи худро пайдо кардаанд. Сахт аз ман миннатдоранд!».

Ҷумъахон Давлатзода – директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки журналистон ҳамчун одами ҷиддӣ мешинохтанд, танҳо бо ҷавоби худ дар бораи сабабҳои нашр нашудани дороии мансабдорон дар матбуот ба шумори “қаҳрамонҳо” шомил шуд. Ӯ дар ин ҳолат на мансабдорон, балки мардумро муҷрим донист, ки “барои ин омода нестанд”.

Баррасиҳои ин посух мухталиф буданд, вале хулосаи шӯхиомези як корбари интернет, ки дар худ оҳанги ҷиддӣ ҳам дошт, мавзӯъро боз ҳам ҷиддитар кард: “Мо-ку ба донистани “асрори” онҳо омодаем, аммо шояд худи мансабдорон омода набошанд. Агар дороии онҳо ошкор шавад, шояд ҳамтоёнашон талхакаф шаванд, ки мабодо дороии яке аз дигараш бештар набошад”.

Як “асрори” дигари мансабдоронро Фотеҳ Аминзода – раиси ноҳияи Темурмалик, ки пас аз пешвозгириҳояш барои кушодани як дорухона дар сармои зимистон духтаронро бо либоси тунук бароварда буданду соли гузашта хеле “машҳур” буд, ошкор намуд. Ба саволи як журналист, ки ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дахл доштааст, ӯ мегӯяд: «Гӯш кун, дар ҳамин ноҳия суд ҳам манам, прокурор ва милиса ҳам ман ҳастам. Дар назди шумо ман ҷавоб мегӯям. Аммо агар зарур бошад, онҳоро даъват мекунам».

Дар ҳамин ҳол, роҳбарони мақомоти қудратӣ ва сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ назар ба ниҳодҳои дигар ба назар мерасид, ки ба нишастҳои матбуотӣ бо омодагии ҷиддитар меоянд. Хоса, Рамазон Раҳимзода – вазири корҳои дохилӣ, ки соли гузашта рекорд нишон дод. На танҳо бо ин ки нишасташ қариб се соат идома ёфт, балки ба таври маҷозӣ бо тамоми сохтору шӯъбаву раёсатҳои корҳои дохилӣ дар шаҳру ноҳия ва вилоятҳо тамос барқарор намуду дар сурати пайдоиши савол онҳо посух медоданд.

Додситони кулл Юсуф Раҳмон бошад, дар нишасти соли гузашта аз журналистон даъват ба амал овард, ки дар маълум кардани ҷинояткорон ба онҳо кӯмак намоянд ва ҳатто гуфт: “Журналистонеро, ки ҳақиқат менависанд, ман эҳтиром мекунам”.

Пас аз ин хабарнигорон ҷуръат пайдо карда,дар бораи дороиҳои ӯ ва фарзандону хешу табораш пурсон шуданд. Дуруст аст, ки ба ин саволҳо ҷаноби прокурор бо табассум посух дод.

Аммо дар замони бӯҳрони коронавируси имсол ниҳоди зертобеи Юсуф Раҳмон, ки гуфта буд журналистони ҳақиқатпарастро эҳтиром мекунад, вобаста ба фаъолияти ҳамкасбони мо дигаргуна мавқеъ гирифт. Воқеан, саволи муҳим дар нишасти дирӯза ба додситони кул воқеият доштан ё надоштани ифтитоҳи парвандаи ҷиноятӣ ба чанд журналист буд, ки додситони кулл бо сабабҳои номаълум ба он посух надод.

Ҳоло номаълум, ки раиси Суди Олӣ Шермуҳаммади Шоҳиён ба нишасти матбуотии пешорӯ чӣ омодагӣ дорад. Ҳарчанд дар нишасти гузаштаи худ се армуғони ҷолиб нисбати журналистон дошт:

  1. Қазияи журналист Маҳмадюсуф Исмоилов, ки бо иттиҳоми гирифтани 400 сомонӣ ба 11 соли зиндон маҳкум шудаасту Шоҳиён ваъда дод, ки онро ба зудӣ ба баррасӣ хоҳад гирифт;
  2. Мушкили оилавии журналист Рамзия Мирзобекова ва ҳукми ноодилонаи судяи ноҳияи Шоҳмансур;
  3. Ваъда дар ин бора, ки барои пешгирӣ аз ҳукмҳои ноодилонаи судяҳо ва маълумоти воқеии ҷомеа, аз ин пас навори ҷараёни мурофиаҳоро дар сомонаи Суди Олӣ ҷой медиҳанд.

Мутаассифона ҳарсе масъала ҳалношуда монд.

Вазири нақлиёт Худоёр Худоёрзода, ки соли гузашта дар бораи эҳтимоли пулакӣ шудани роҳи Душанбе – Бохтар бадоҳатан сухан гуфта буд, дар нишасти соли гузаштаи матбуотиаш аз журналистон гиламанд шуд, ки “пеш аз пода чанг меандозед”.

Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин ҳам он замон норозигии худро аз ҳамкасбони мо пинҳон надошт: «Баъзе журналистон аз мушкилоти мавҷудаи Ботканду Исфара бе факту далел Интернетро пур мекунанд. Масалан мо ҳоло ба музокирот ворид нашудаем, мебинем журналистон аллакай пеш аз мо ба минтақаи марзӣ омадаанд, суҳбати мо анҷом нашудаасту вале онҳо тамоми расонаҳои хабариро пур кардаанд, ки ҷониби Қирғизистон чунин гуфту Тоҷикистон чунон. Камтар тоқат бояд кунем ва кӯшиш намоем, ки муносибатҳоро ба ҷойи гарм кардан сард нагардонем».

Нишастҳои матбуотии соли гузашта ду қаҳрамони бенохунаки нав ҳам дошт: Муҳаммадюсуф Имомзода ва Абдулло Раҳмонзода.

Вазири нави маориф ва илми Тоҷикистон Имомзода дар сӯҳбат бо журналистон пойафзолфурӯшӣ дар мактабҳои миёнаро салоҳияти аз ӯ берун донист: “Ман устод ҳастам, ман муаллимам ва ба ман суол дар бораи касбияти худам диҳед. Дар масъалаи пойафзол вазорати саноат ва дигар сохторҳо ҳастанд, ки аз онҳо пурсед. Агар масъаларо вазири пешин баррасӣ карда бошад, рафта аз ӯ пурсед, хоҳиш мекунам».

Абдулло Раҳмонзода, раиси он вақт тозатаъини Кумитаи ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон ҳам гуфт, ки масъалаи бо “командаи худ” омадан ба вазифа дар фикраш нест: “Командаи худро надорам, ба маънои ин ки ба кадом идорае, ки рафтам, ҳамроҳи худам касеро набурдам ва касеро аз он идораҳо ба ин ҷой кашиданӣ нестам. Ҳама дар ҷояш. Беташвиш бошед. Акнун барои як корманди дигарро овардану дар қолаби кори кумита ворид кардан вақт даркор аст, ки ин дигар хиёнат ба кор ва соҳа мешавад. Сеюм, ин ҳеҷ барои ман ҳамчун инсон, ки маънавиётро дар ҷойи аввал мегузорам, қобили қабул нест”.

Ӯ ҳамчунин ваъда дод, ки дар мубориза бо маҳалгароӣ раҳм нахоҳад дошт.

Нишасти матбуотии ин ду чеҳраи навро интизор хоҳем шуд. Воқеан, вазорати маориф аллакай як тасмими хуб гирифт. Онҳо чанд рӯз пеш аз нишасти матбуотӣ ҳисоботи шашмоҳаи корҳои анҷомдодаи вазоратро дар ихтиёри хабарнигорон гузоштанд ва бо ҳамин исбот намуданианд, ки мисли бархе аз идораву вазоратҳо вақти нишастро бо хондани ҳисобот пур карданӣ нестанд. Ба қавле гапи гуфтанӣ доранд...

Гапи гуфтанӣ!

Ин як мавзӯи бисёр муҳим аст. Барои як сиёсатмадор сухан баъзан аслиҳаи муҳим ба шумор меравад. Одамон аз суханронии як мансабдор ҳамеша маълумот ва тезиси муҳим пайдо карданӣ мешаванд, ки чӣ ояндае онҳоро интизор аст ва мушкилоти онҳо аз куҷо сарчашма мегирад?

Муҳимтарин тезисро, ки ман ёд дорам, прокурори вақти пойтахт ва ҳоло додситони вилояти Суғд Ҳабибулло Воҳидзода гуфт. Сухан аз зимистони соли 2003 меравад, ки барфи зиёде борид ва Душанбе бе барқу бе газ монд. Эмомалӣ Раҳмон дар сафари Амрико буд. Ӯ вазири энергетика Ҷӯрабек Нурмуҳаммадов, раиси “Тоҷикгаз” Маҳмадрузӣ Искандаров ва муовини сарвазир Фарррух Муҳиддиновро водор кард, ки тавассути ТВ суханронӣ карда, вазъиятро шарҳ диҳанд ва аз мардум узр пурсанд. Мардум аввалин бор шоҳид буд, ки вазирон аз онҳо узрхоҳӣ мекунанд. Баъд шаҳрдори собиқ Убайдуллоев, муовини сарвазир Муҳиддинов, вазири энергетика ва раиси “Тоҷикгаз” танбеҳ ҳам гирифтанд.

Аммо “танбеҳ”- и сахттаринро прокурори Душанбе Воҳидзода тариқи ТВ “Пойтахт” ба мансабдорон дода буд, ки гуфт:

-- Дар мушкилиҳои мо ҳамеша табиат, сардиву гармӣ айбдор аст, аммо гӯё на соҳибвазифаҳо!

Он вақт манзури прокурор нокорагӣ ё камкорагии мансабдорон буд. Ҳоло бошад, гап дар бораи норозигии онҳо аз журналистон меравад, ки суханронии масъулинро ба мардум мерасонанд ва баъзан онҳо мавриди хандахариш қарор мегиранд.

Дар ин кӣ гунаҳкор аст?

Аз Идора. Матолибе, ки дар ин гӯша ба нашр мерасанд, назари муаллифон буда, баёнгари мавқеи Радиои Озодӣ шумурда намешаванд.

Шарҳҳоро бинед (21)

XS
SM
MD
LG