Пайвандҳои дастрасӣ

Марги як сокини ноҳияи Қубодиён аз гирифторӣ ба таби хунин (лихорадка) ва марги ду сокини ноҳияи Ҷайҳун (Қумсангири собиқ) бо гумони олудагӣ ба ин беморӣ дар як моҳи ахир, мояи нигаронии сохторҳои беҳдошти вилояти Хатлон шудааст.

Ба гуфтаи Сафар Хӯҷаёров, як масъули идораи санитарӣ- эпидемиологии ноҳияи Қубодиён, марги як нафар бо диагнози тасдиқшудаи таби хунин дар шароити бемористон сабт шудааст. Дар як сӯҳбат бо Радиои Озодӣ Хӯҷаёров гуфт, ки нафари ҷондода сокини деҳаи Саидназар Худоиқулови ҷамоати деҳоти "Тахти санин" буд. Ба эҳтимоли ғолиб, муроҷиати дери мариз ба бемористон, сабаби даргузашти ӯ шуд.

Пизишкон бемории таби хунинро аз қабили бемориҳои хатарноки сироятӣ унвон мекунанд, ки аз канаи сироятёфтаи чорво ба инсон мегузарад.

Хӯҷаёров мегӯяд, таби хунин як бемории хатарнок аст ва ҳатто маросими ҷанозаи гирифтори ин беморӣ бояд бо риояи ҳолатҳои санитарӣ баргузор шавад. Манзури ин мутахассиси тиб - тамос бо ҷисми мариз аст, ки метавонад ҳатто баъди даргузашти шахс, ба дигарон сироят кунад.

Шахси даргузашта Т.Б. - як ҷавонмарди 35-сола буд, ки аз роҳи кишоварзӣ даромад ба даст меовард. Ҳоло эҳтимоли табибон ин аст, ки ин мард метавонист дар саҳро ва дар натиҷаи тамос бо ҳашароти олуда ба таби хунин ба маризии маргбор, сироят ёфта бошад. Табибон соли 2016 низ марги як нафарро дар Қубодиён дар пайи гирифторӣ ба таби хунин сабт кардаанд.

Марги ду сокини дигари вилояти Хатлон - яке аз ҷамоти шаҳраки "Дӯстӣ" ва дигаре аз ҷамоати "Панҷ"-и ноҳияи Ҷайҳун низ дар миёни сокинони маҳаллӣ сарусадои зиёд кард. Бисёриҳо ҳарос доранд, ки ин ҷавонҳо ҳам тӯъмаи таби хунин шуданд. Вале Ҳабиб Сироҷов, сардори идораи санитарӣ-эпидемиологии ноҳияи Ҷайҳун дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки диагнози ин ду нафар ошкор нашуд. Айни замон, табибон тасдиқ намекунанд, ки дар маризии ин нафарон нишонаҳои таби хунин ба чашм мерасад.

Ба қавли наздикони фавтидаҳо, ҷавонҳо 29 ва 30-сола буда, дар муддати кӯтоҳ даргузаштанд. Ҳардуи онҳо низ кишоварз буданд ва тахминан ду ҳафта пеш ҷон доданд. Ҳоҷӣ Назрӣ, раиси маҳаллаи Обшорон, ки дар маросими гӯру чӯби яке аз фавтидаҳо иштирок кард, гуфт, "мо мурдаро шуста ҷаноза кардем, агар таби хунин мебуд, хатар медошт, касе нагуфт, ки ин ҷавон таби хунин дошт."

Ин дар ҳолест, ки Сайдулло Маллазода, сардори Раёсати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии вилояти Хатлон чанд рӯзи пеш зимни нишасти хабарияш дар шаҳри Қӯрғонтеппа гуфт, ки бо фаро расидани рӯзҳои гармии шадид, бемориҳои ниҳоят хафнок сабт шудаанд, вале шумораи гирифторони бемориро нагуфт. Бо эҳтимоли зиёд манзураш бемории таби хунин буд, ки гуфт, аз ҳашароти ҳайвонот ба одамҳо таъсир кардааст.

Агарчи мақомоти ноҳияи Ҷайҳун хуруҷи бемории таби хунинро дар ин ноҳия рад мекунад, вале гуфта мешавад, ки дар вилояти Хатлон хуруҷи ин беморӣ дар солҳои гузашта мушоҳида шудааст. Пизишкон бемории таби хунинро аз қабили бемориҳои хатарноки сироятӣ унвон мекунанд, ки аз канаи сироятёфтаи чорво ба инсон мегузарад. Онҳо мегӯянд, ҳангоми гирифтор шудани инсон ба ин беморӣ, агар нафари сироятёфта дар муддати 6-10 рӯз зери назорат гирифта нашавад, бемор ба марг рӯ ба рӯ хоҳад шуд.

Таби хунинро табибон навъи сангини бемории сироятӣ унвон мекунанд, ки бори аввал солҳои 1940-ум дар қаламрави нимҷазираи Қрим ва ҳам Конгои Африқо ошкор шудааст. Дар баробари баланд шудани ҳарорати бадани инсон, нишонаҳои хунрезӣ ва ё дар бадани инсон пайо шудани ҷароҳатҳои хунӣ, мушоҳида мешавад. Табибон мегӯянд, барои пешгирӣ аз ин ва дигар бемориҳо, инсон бояд ҳамеша меъёрҳои тозагиву гигиениро риоя карда, дастонашро бо оби тоза ва собун шустушӯ кунад. Дар сурати пайдо шудани нишонаҳои беморӣ, ҳатман ба духтур муроҷиат намояд.

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG