Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шиносномаи Узбакистон танҳо барои мардуми худӣ


Тоҷикистониҳое, ки пас аз фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ ба Узбакистон кӯч бастанд ва шаҳрванд шуданд, акнун аз шиносномаҳои худ маҳрум ва ба нафарони бидуни шаҳрвандӣ табдил мешаванд.

Радиои Озодлик, бахши узбакии радиои Озодӣ муайян кардааст, ки дар Узбакистон сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ собиқ тоҷикистониёнро, ки соҳиби шиносномаҳои шаҳрванди Узбакистонанд, аз паспорташон маҳрум мекунанд.

Дар иваз ба ин афрод санади шахси бидуни шаҳрвандӣ дода мешавад, ки ин нафарро аз шароити як шаҳрванди комилҳуқуқи Узбакистон маҳрум мекунад. Озодлик муайян кардааст, ки то имрӯз даҳҳо нафар аз шиносномаҳои худ маҳрум шудаанд.

Солҳои оғози ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон бар тибқи баъзе хабарҳо садҳо шаҳрванди ин кишвар ба Узбакистон назди хешу ақрабояшон кӯч баста, дар вилоятҳои Сурхондарёву Самарқанду Бухоро маскан гирифтанд. Бархе аз онҳое, ки то солҳои 1994 кӯчиданд, тавонистанд шаҳрвандӣ ва шиноснома бигиранд, дигарҳо ҳеҷ гоҳ чунин ҳақ пайдо накарданд.

Дар бораи масъалаи шахсони бидуни ҳақи шаҳрвандӣ дар Ӯзбакистон сӯҳбате дорем бо Садриддини Ашӯр, шореҳи Радиои Озодлик:

Тоҷикистониҳои собиқро аз шаҳрвандии Узбакистон маҳрум мекунанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:06:38 0:00

XS
SM
MD
LG