Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шарти як узви "Гурӯҳи 24" барои бозгашт ба Тоҷикистон


Оятулло Гиляев
Оятулло Гиляев

Як узви собиқи "Гурӯҳи 24" баъди раҳоияш аз зиндоне дар Русия мехоҳад ба назди зану фарзандонаш баргардад, вале мегӯяд, бояд мақомот ваъда диҳанд, ки бо ӯ рафтори боадолатона сурат хоҳад гирифт.

Як узви собиқи созмони дар Тоҷикистон мамнӯи “Гурӯҳи 24” баъди раҳоияш аз зиндоне дар Новосибирск қасд дорад, ки ба назди зану фарзандонаш ба Душанбе баргардад, аммо мегӯяд, аз эҳтимоли мавриди “ғазаби” мақомот қарор гирифтанаш хавф дорад. Оятуллоҳ Гиляев, сокини 27-солаи Душанбе, рӯзи 26 январ бо Озодӣ дар тамос шуда ва гуфт, ки дар сурати “рафтори боадолатона нисбат ба ӯ аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ” омодааст, ба ватан баргардад.

Оятуллоҳ Гиляев дар охирҳои соли 2014 бо дархости ҷониби Тоҷикистон дар Русия боздошт ва аммо баъди бештар аз як солаш раҳо шуд. Ӯ мегӯяд, зоҳиран дар ин муддат мақомоти тоҷик ба суроғаш нарафтаанд. Аммо дар кишвар Оятуллоҳ бар асоси моддаи 307-и қонуни ҷиноӣ, яъне “даъвати оммавӣ барои бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионии Тоҷикистон” муттаҳам мешавад ва алайҳи ӯ парванда боз гардидааст.

Ӯ гуфт, “розӣ ҳастам, ба додгоҳ биравам, ба шарте ки парвандаам ҳамаҷониба ва воқеӣ муҳокима шавад ва айбу бандҳои иловагӣ изофа нагардад.” Гиляев мегӯяд, ҳамагӣ ду моҳ узвияти созмони “Гурӯҳи 24”-ро дошта, ҳамагӣ як бор дар ҳамоиши мухолифон дар Новосибирск иштирок кардааст. “Ду фарзанд дорам ва мехоҳам як зиндагии ором дошта бошам,” – гуфт ӯ.

Оятулло Гиляев гуфт, ӯ дар моҳи октябри соли 2014 бо мақомоти Тоҷикистон дар тамос шуда ва гуфта будааст, ки аз узвият дар “Гурӯҳи 24” пушаймон аст ва мехоҳад ба Тоҷикистон баргардад. Сипас, дар суҳбати телефонӣ бо як намояндаи мақомоти интизомии Тоҷикистон машварат карда, рӯзи 10 октябри соли 2014 барои зану фарзандонаш билети ҳавопаймо харида онҳоро ба Тоҷикистон фиристодааст.

Ҷаноби Гиляев 19 октябри соли 2014 барои худаш ба Душанбе билет харида, аммо ба далели дар ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор доштанаш аз ҷониби милисаи шаҳри Новосибирск боздошт шудааст. Баъди раҳояш ӯ дар Русия таксиронӣ мекунад.

Оятуллоҳ Гиляев дар робита ба чигуна шомил шуданаш ба ин созмон гуфт, роҳбарони “Гурӯҳи 24” дар Новосибирск ӯро даъват намуда ва бо нишон додани сабти наворҳо ва матну гузоришҳо зикр кардаанд, ки ҳадафи ин гурӯҳ рушди кишвар аст ва чунин гурӯҳҳои мухолиф дар ҳар кишвари дигар низ ҳастанд ва барои пешрафт мусоидат хоҳанд кард. “Баъд аз ин ҳарфҳо ба "Гурӯҳи 24" шомил шудам, вале пас аз боздошт дарк кардам, ки барои рушди кишвар ҳеч барномаи дуруст надоштанд ва фақат танқид мекарданд,” – афзуд ӯ.

Ҳоло Оятуллоҳ Гиляев мунтазири посухи ниҳоии мақомоти интизомии Тоҷикистон аст.

“Гурӯҳи 24” як созмони мухолифи ҳукумати кунунии Тоҷикистон аст, ки соли 2012 аз сӯи Умаралӣ Қувватов ва Шарофиддин Гадоев, ду тоҷири дар гузашта ба доираҳои ҳокими ин кишвар наздик, таъсис ёфтааст. “Гурӯҳи 24” бо кумаки созмони “Ҷавонон барои эҳёи Тоҷикистон” дар тобистон ва тирамоҳи соли 2014 дар чанд шаҳри Русия гирдиҳамоиҳои муҳоҷирони тоҷик алайҳи ҳукумати Тоҷикистонро ташкил дод ва мардумро рӯзи 10 октябр ба як тазоҳуроти бузург дар майдони марказии Душанбе даъват кард.

Ин тазоҳурот дар ниҳоят доир нашуд, вале Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи 9 октябр фаъолияти “Гурӯҳи 24”-ро расман манъ ва моҳи декабри соли 2014 ин созмонро ба рӯйхати созмонҳои ифротӣ шомил кард. Раҳбари "Гурӯҳи 24" Умаралӣ Қувватов моҳи марти соли 2015 дар як сӯиқасди мусаллаҳона дар Истамбули Туркия кушта шуд.

XS
SM
MD
LG