Хабари ҳабси чандин раҳбари бонки “Ипотека”-и Узбакистон кормандони риштаи бонки ин кишварро шадидан нигарон кардааст. Бино ба хабарҳои расида, пас аз ин воқеа сарварони чандин бонки дигари Узбакистон аз тарси ҳабс шудан кишварро тарк кардаанд.
Миркомил Тошкандӣ, яке аз кормандони бонки “Ипотека” ба Радиои Озодӣ гуфт: “Бале, ман дар бонки “Ипотека” кор мекунам ва аз боздошту барканорӣ ва иваз шудани як қатор раҳбарони он хабар дорам. Ҳамаи ин ба амалиёти молиявии марбут ба асъории хориҷӣ бастагӣ дорад, ки дар даҳ-понзадҳ рӯзи охир ба амал омадааст. Аслан ин як рӯйдоди қобили интизор буд.”
Маъракаи мубориза бо амалиёти молиявии хилофи қонун бо се қарори ҳукумати Узбакистон оғоз ёфта, эътидоли нисбӣ ва зоҳириро дар бозори асъори ин кишвар ба ҳам задааст. Аз аввали сол Узбакистон бо мақсади ҳимоят аз тавлидкунандагони дохилӣ воридотро маҳдуд кард. Ин қарор сабаб гашт, ки тоҷирон аз сафари хориҷӣ, махсусан Чин худдорӣ кунанд ва сармояе, ки барои ворид кардани мол аз хориҷа ҷамъ оварда буданд, дар кишвар боқӣ монад.
Бино бар қарори дигари ҳукумати Узбакистон сар аз 1-уми феврали соли равон пули хориҷии шаҳрвандон на ба шакли нақдина, балки бо кортҳои “VISA International” ва “MasterCard” дода мешавад, яъне онҳо акнун маҷбуранд, амалан ба муомилаи ғайринақдӣ рӯй оранд. Кортҳо дар навбати худ ба ашхосе дода мешаванд, ки сафари хориҷӣ дар пеш доранд.
Ва бо дастури сеюми ҳукумати Узбакистон мубориза бо ҳама гуна муомилоти пулии ғайрибонкӣ шиддат ёфт. Акнун дар ниҳодҳои интизомӣ ва андоз бахшҳое таъсис ёфт, ки ҳама навъи тиҷорат бо истифода аз пули хориҷиро зери назорат мегиранд. Дар гузашта низ табдили пули хориҷӣ ҳамчун саррофии ғайриқонунӣ ҷурми ҷиноӣ ба шумор мерафт, аммо акнун ҳабси садҳо, ба истилоҳ, “валютчикҳо” ё пулфурӯшони кӯчаву бозор ба маъракаи густарда табдил ёфт.
Мақомоти давлати Узбакистон вазъи феълӣ дар бозори асъорро шарҳ намедиҳанд, аммо коршиносон дар сӯҳбат бо Бахши узбакии Радиои Озодӣ мегӯянд, маъракаи зидди асъор ба коҳиши саҳми пули хориҷӣ дар захираҳои буҷавии Узбакистон рабт дошта метавонад. Иқтисодшинос Малик Абдураззоқов гуфтааст, ҳамаи қарорҳои охири ҳукумат ба он ишора мекунанд, ки давлат мехоҳад, назорати худро ба асъоре, ки дар ин кишвар аст, таҳким бахшад. Ба ақидаи ин таҳлилгар коҳиши нафақа ва ёронаҳои давлат низ далели онанд, ки хазинаи он бо камомаде рӯбарӯст.

100 хазор сомонат аз сарат монад. Бечорахо фарзандшона аз даст додаанду шумо бошед дар фикри пул.
Mardum ba farishtaho monand shud? Doruhota hamasha xurdi in sahar, obed va begoh? Nekim rostsha bugu.
In konun bardak, artish bardak, va ministeri difo ham bardak, chi khela konun, ki hatto yurist ham onro fahmondan nametavonad. Ana Vatan, pozorishe, in 17 hazor khudash omada khizmat mekunand, on 583 hazor ra moned. In holati janji elon nashudaast ku? Boz in sharmandagi oblava.., pesh bo khursandi meraft mardum, hozir oblava
Духтар аз писар бехтар аст, духтар хамеша нисбати падару модараш бомухаббат, гамхор ва босипос хаст, Писар ки дур шуд хама чиз аз едаш меравад! Зан агар оташ нашуд, Хом мемондем мо
Ту рози хасти ки ин барномаи чинихо ба мо точикон амали шавад?