Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бурди «Вахш» дар бозии чорякфинали Ҷоми Тоҷикистон


Дастаи “Вахш”-и Қӯрғонтеппа дар бозии аввали чорякниҳоии Ҷоми Тоҷикистон бар тими «Эсхата”-и Хуҷанд бо ҳисоби 2-1 ғалаба кард.

Ин бозӣ рӯзи 10-уми сентябр дар варзишгоҳи «Спартак»-и шаҳри Хуҷанд баргузор шуд. Нахуст дастаи лигаи аввал – «Эсхата» муваффақ гашт. Иброҳим Раҳматов, бозигари мизбонон, дар дақиқаи 6-ум тӯбро аз пеналтӣ ё ҷаримаи 11-метра ба ҳадаф расонд. Баъди 19 дақиқа Наврӯз Рустамов, ҳамлагари меҳмонон, ҳисобро баробар кард. Голи дувум ва ҳалкунандаи «Вахш»-ро ҳамлагар Абдухалил Боронов дар дақиқаи 41-ум зад.

Дарвоқеъ, дар нимаи дувуми бозӣ, дар дақиқаи 80-ум, сардовар Диловаршоҳ Орзуев ба Наврӯз Рустамов, ки рақибашро бо оринҷаш зад, корти сурх нишон дод ва ӯ аз майдон хориҷ шуд.

Исроил Шарифов, раиси бошгоҳи футболи «Вахш», ки дар арафаи ҷашни Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон бо медали «Хизмати шоиста» мукофотонида шуд, ба радиои Озодӣ гуфт, «ҳайати даста дар давраи дувуми мусобиқоти қаҳрамонии кишвар аз ҳисоби бозигарони нав, ба мисли Фозил Сатторов, Абдухалил Боронов, Алишер Салимов, Умедҷон Шарифов ва легионери африқоӣ Жозеф Боатенг пурқувват шуд. Инчунин бо собиқ ҳамлагари «Равшан» Наврӯз Рустамов ба мӯҳлати як сол қарордод бастем. Мақсад дорем, ки имсол дар байни 5 дастаи беҳтарини лигаи олӣ ҷойгир шавем.»

Бозии ҷавобии «Вахш» бо «Эсхата» рӯзи 17-уми сентябр дар варзишгоҳи «Пахтакор»-и шаҳри Қӯрғонтеппа барпо мегардад.

Се бозии дигари даври чорякниҳоӣ имрӯз, 11-уми сентябр, миёни дастаҳои лигаи олӣ - “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода – “Энергетик”-и Душанбе, “Парвоз”-и Бобоҷон Ғафуров – “Равшан”-и Кӯлоб ва “Истаравшан”-и Истаравшан – “Истиқлол”-и Душанбе баргузор мешавад.

Ҷоми Тоҷикистон-2013
1/4 финал. Бозиҳои аввал

10-уми сентябр (сешанбе)
«ЭСХАТА» (Хуҷанд) - «ВАХШ» (Қӯрғонтеппа). Хуҷанд, варзишгоҳи «Спартак». Сардовар: Диловаршоҳ Орзуев (Ҳисор).
Голҳо: Иброҳим Раҳматов, 6 – аз пеналтӣ (1:0). Наврӯз Рустамов, 25 (1:1). Абдухалил Боронов, 41 (1:2).
Аз майдон хориҷ шуд: Наврӯз Рустамов («Вахш»), 80 – барои задани рақиб бо оринҷаш.

11-уми сентябр (чоршанбе)
Оғози бозиҳо – соати 16.30
«РЕГАР-ТАДАЗ» (Турсунзода) - «ЭНЕРГЕТИК» (Душанбе).Турсунзода, варзишгоҳи «Металлург». Сардовар: Хуршед Дадобоев (Хуҷанд).
"ПАРВОЗ" (Бобоҷон Ғафуров) - "РАВШАН" (Кӯлоб). Бобоҷон Ғафуров, варзишгоҳи"Фурудгоҳ".». Сардовар: Насрулло Кабиров (Норак).
«ИСТАРАВШАН» (Истаравшан) - «ИСТИҚЛОЛ» (Душанбе). Истаравшан, Варзишгоҳи марказӣ. Сардовар: Сафармаҳмад Шоймардонов.

1/4 финал. Бозиҳои ҷавобӣ
17-уми сентябр (сешанбе)
Оғози бозӣ - соати 16.00
«ВАХШ» - «ЭСХАТА» . Қӯрғонтеппа, варзишгоҳи «Пахтакор».


18-уми сентябр (чоршанбе)
Оғози бозиҳо – соати 16.30
«ЭНЕРГЕТИК» - «РЕГАР-ТАДАЗ». Душанбе, варзишгоҳи «Авиатор».
"РАВШАН" - "ПАРВОЗ". Кӯлоб, Варзишгоҳи марказӣ.
«ИСТИҚЛОЛ» - «ИСТАРАВШАН». Душанбе, майдони сунъии Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ.
XS
SM
MD
LG