Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Истиқлол" бо "Насаф" дар Тошканд бозӣ мекунад


“Истиқлол”-и Душанбе 25 январ бо “Насаф”-и Қаршӣ дар Тошканд бозии санҷишӣ мекунад.

Дастаи “Истиқлол”-и Душанбе, қаҳрамони чаҳоркаратаи Тоҷикистон, бо тими “Насаф”-и Қаршӣ, барандаи Ҷоми Узбакистон-2015 ва ширкаткунандаи Лигаи қаҳрамонҳои Осиё-2016, дар Тошканд бозии санҷишӣ анҷом медиҳад.

Ба иттилои дафтари матбуоти “Истиқлол”, дар бораи баргузории ин бозии санҷишӣ миёни ҳарду даста рӯзи 11 январ ба мувофиқа расиданд. Бозии санҷишӣ байни “Насаф” ва “Истиқлол” рӯзи 25 январ дар шаҳри Тошканд, дар варзишгоҳи Академияи бошгоҳи футболи “Бунёдкор”, баргузор мешавад. Бозӣ соати 15:00 оғоз меёбад.

Ёдовар мешавем ба ҷуз «Насаф», дастаи «Истиқлол» дар доираи омодагиҳо ба мавсими нав дар Тошканд боз ду бозии санҷишӣ бо тимҳои «Олмалиқ» (19 январ) ва «Нефтчӣ-и Фарғона» (22 январ) анҷом медиҳад. Дастаи «Истиқлол» ба Тошканд дар рӯзи ин бозиҳо аз шаҳри Қайроққуми вилояти Суғд, ки феълан дар ин ҷо ҷамъомади таълимиву тамринии даста ҷараён дорад, сафар хоҳад кард.

Бозиҳои санҷишии «Истиқлол»

12 январ (сешанбе)

«Истиқлол» — «Хуҷанд»

Қайроққум, варзишгоҳи «Бонки миллӣ»

15 январ (ҷумъа)

«Хуҷанд» — «Истиқлол»

Қайроққум, варзишгоҳи «Бонки миллӣ»

19 январ (сешанбе)

«Олмалиқ» — «Истиқлол»

Тошканд, варзишгоҳи Академияи «Бунёдкор»

22 январ (ҷумъа)

«Нефтчӣ» — «Истиқлол»

Тошканд, варзишгоҳи Академияи «Бунёдкор»

25 январ (душанбе)

«Насаф» — «Истиқлол»

Тошканд, варзишгоҳи Академияи «Бунёдкор»

Эзоҳ: оғози бозиҳо – соати 15:00.

XS
SM
MD
LG