Дастаи мунтахаби футболбозони то 23-солаи Тоҷикистон дар бозии даври 1/8-ниҳоии мусобиқот аз рӯи барномаи Бозиҳои XVII осиёӣ дар Инчони Кореяи Ҷанубӣ аз тими Ироқ бо ҳисоби 2-4 шикаст хӯрд ва аз ҳаққи идомаи сабқат маҳрум шуд. Ин бозӣ 26 сентябр дар варзишгоҳи «Инчон»-и шаҳри Инчон баргузор гардид.
Ду голи мунтахаби Тоҷикистонро Дилшод Восиев (35) ва Фатҳулло Фатҳуллоев (87) заданд. Дарвоқеъ, мунтахаби Ироқ дар сабқати гурӯҳӣ бар тимҳои Непал (4:0), Ҷопон (3:1) ва Кувайт (3:0) пирӯз шудааст.
Натоиҷи бозиҳои дигари даври1/8-ниҳоии мусобиқот:
25 сентябр (панҷшанбе)
Фаластин – Ҷопон 0-4
Урдун - Қирғизистон – 2-0
Кореяи Ҷанубӣ – Ҳонконг – 3-0.
Тайланд – Чин– 2-0
26 сентябр (ҷумъа)
Ироқ – Тоҷикистон – 4-2
12.00 – Ветнам–Имороти Маттаҳидаи Араб
16.00– Узбакистон–Арабистони Саудӣ
16.00 –Кореяи Шимолӣ - Индонезия
Эзоҳ: Замони оғози бозиҳо ба вақти Душанбе аст.