Дар бозии ниҳоии Ҷоми кишварҳои халиҷи Форс (Gulf Cup), ки дар пойтахти Баҳрайн - Манама баргузор шуд, дастаи мунтахаби Аморати Муттаҳидаи Араб бар тими миллии Ироқ дар замони изофӣ бо ҳисоби 2:1 пирӯз шуд.
Азизбек Раҷабов, ки бо даъвати раиси Созмони футболи Баҳрайн Шайх Салмон Бин Иброҳим Ал-Халифа барои тамошои ин бозӣ даъват шуда буд, дар бораи сафари худ ба Баҳрайн дар сомонаи Федератсияи футболи Тоҷикистон чунин гуфтааст:
«Ба ман имконият доданд, ки бо шароити баргузории бозии ниҳоии Ҷоми халиҷи Форс комилан шинос шуда, ҳамчунин, бо зерсохтори варзишгоҳ ва бахши маркетингии мусобиқа ошноӣ пайдо кунам. Бояд гуфт, ки ба ҳайси меҳмон дар ин бозӣ, инчунин, капитани собиқи мунтахаби Италия Фабио Каннаваро даъват шуда буд. Рӯзи дигар баъди бозии ниҳоӣ ман бо раиси Созмони футболи Баҳрайн Шайх Салмон Бин Иброҳим Ал-Халифа вохӯрдам. Сӯҳбати мо хеле судманду шавқовар гузашт. Дар ин мулоқот мо баъзе аз масоили ҳамкориро миёни федератсияҳои миллии ҳарду кишвар, минҷумла, баргузории бозии дӯстона миёни тимҳои миллии Баҳрайн ва Тоҷикистон баррасӣ кардем. Ҳамчунин мо гузаронидани ҷамъомадҳои муштараки таълимиву тамриниро дар Аврупо муҳокима намудем. Ман ба раҳбари Созмони футболи Баҳрайн аз номи раиси Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ нишони хотиравии ФФТ-ро тақдим кардам.”