Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ғолибони мусобиқаи “Гузариш” ба хотираи Ислом Маҳмадшоев


Акс аз вебсайти fft.tj
Акс аз вебсайти fft.tj

Мусобиқаи ҷумҳуриявии “Гузариш” оид ба футбол миёни наврасони зери 17-сола ба хотираи собиқ дабири кулли Федератсияи футболи Тоҷикистон Ислом Маҳмадшоев бо пирӯзии дастаи мунтахаби наврасони кишвар (U-16) ба поён расид.

Ба иттилои дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ), дар ин мусобиқаи ҷумҳуриявӣ, ки аз 25-ум то 29-уми ноябр дар майдони урдугоҳи Академияи футболи Тоҷикистон воқеъ дар дараи Алмосии Ҳисор баргузор шуд, ба ҷуз мунтахаби наврасони кишвар (U-16), дастаҳои мунтахаби вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ (ШНТҶ), шаҳри Душанбе, инчунин тими «Орзу-2026»-и Академияи футболи ФФТ иштирок карданд.

Мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16), ки дар панҷ бозӣ се пирӯзӣ ба даст оварда, ду бозиро бо натиҷаи мусовӣ анҷом дод, бо 11 имтиёз ғолиби ин мусобиқаи ҷумҳуриявӣ гардид. Тими «Орзу-2026»-и Академияи футболи ФФТ бо 10 имтиёз мақоми дувум ва дастаи мунтахаби шаҳри Душанбе бо 8 имтиёз мақоми севумро касб намуданд.

Дар маросими пӯшидашавии мусобиқа ба дастаи ғолиб ва тимҳое, ки ҷойҳои дувуму севумро соҳиб шуданд, ҷому медалу ифтихорномаҳои ФФТ супурда шуд.

Ислом Зоиров, ҳамлагари мунтахаби наврасони Тоҷикистон, ки 9 гол задааст, бо ҷоизаи “Беҳтарин нишонзани мусобиқа” сарфароз гардид. Инчунин беҳтарин бозигарон дар ҳайати дастаҳои худ - Алинур Ниёзбеков (Академияи футболи ФФТ), Суннат Исмоилов (мунтахаби Хатлон), Иброҳим Зокиров (мунтахаби ШНТҶ), Ҳасан Латипов (мунтахаби Душанбе) ва Шаҳром Назаров (мунтахаби наврасони Тоҷикистон) – бо ҷоизаҳои Федератсияи футболи Тоҷикистон мукофотонида шуданд.

Бояд гуфт, ки Ислом Маҳмадшоев аз соли 2004-ум фаъолияти худро дар Федератсияи футболи Тоҷикистон дар бахши равобити байналмилалӣ оғоз намуда, баъдан ба ҳайси сардори шӯъбаи байналмилалӣ ва аз моҳи июли соли 2013 дар мақоми дабири кулли Федератсияи футболи Тоҷикистон ифои вазифа намудааст. Ӯ 23-юми июли соли 2015 дар пайи бемории ҷигар дар бемористони ба номи Склифосовскийи шаҳри Маскав дар сини 36-солагӣ аз дунё даргузаштааст. Ҷасади Ислом Маҳмадшоев ба ватанаш – Тоҷикистон - интиқол дода, дар ин ҷо ба хок супорида шудааст.

XS
SM
MD
LG