Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон ба Непал меравад


Конфедератсияи футболи Осиё тақвими мусобиқаи интихобии қаҳрамонии Осиё (U-14) миёни наврасонро тасдиқ кард.

Дастаҳои мунтахаби қора ба минтақаҳо тақсим шудаанд. Мунтахаби Тоҷикистон (сармураббии даста Раҷаб Расулов) ба гурӯҳи С (минтақаи Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ) дохил аст ва бо дастаҳои мунтахаби Непал, Бутан, Узбакистон, Молдив ва Афғонистон рақобат хоҳад кард.

Бозиҳои ин гурӯҳ аз 5-ум то 10-уми апрели соли оянда дар пойтахти Непал - Катманду баргузор мешаванд. Бар асоси қуръакашӣ ҳамагӣ 8 гурӯҳ ташкил шудааст. Дастаҳое, ки дар гурӯҳҳо ҷойҳои якумро мегиранд, ба марҳилаи ниҳоии мусобиқаи қаҳрамонии Осиё-2014 роҳ меёбанд.

Натоиҷи қуръакашии мусобиқаи интихобии қаҳрамонии Осиё миёни наврасон (U-14):

Гурӯҳи А: Умон, Баҳрайн, Лубнон, Сурия, Ироқ, АМА.

Гурӯҳи В: Арабистони Саудӣ, Қатар, Кувайт, Урдун, Фаластин, Яман.

Гурӯҳи С: Непал, Бутан, Узбакистон, Тоҷикистон, Молдив, Афғонистон.

Гурӯҳи D: Эрон, Покистон, Ҳиндустон, Туркманистон, Шри-Ланка, Қирғизистон.

Гурӯҳи Е: Мянмар, Бруней, Малайзия, Вйетнам, Филиппин, Тимори Шарқӣ.

Гурӯҳи F: Тайланд, Лаос, Индонезия, Бангладеш, Сингапур, Камбоҷа.

Гурӯҳи G: Чин, Ҷазоири Мариани Шимолӣ, Кореяи Ҷанубӣ, Тайван, Гуам.

Гурӯҳи H: Муғулистон, Ҳонконг, Кореяи Шимолӣ, Макао, Ҷопон.

Тақвими мусобиқаи интихобии қаҳрамонии Осиё миёни наврасон (U-14)

Гурӯҳи С:
Даври 1-ум

Узбакистон – Непал
Тоҷикистон – Афғонистон
Бутан – Молдив

Даври 2-юм
Непал – Молдив
Бутан – Тоҷикистон
Узбакистон – Афғонистон

Даври 3-юм
Молдив – Узбакистон
Афғонистон – Бутан
Непал – Тоҷикистон

Даври 4-ум
Тоҷикистон – Молдив
Афғонистон – Непал
Бутан – Узбакистон

Даври 5-ум
Молдив – Афғонистон
Узбакистон – Тоҷикистон
Непал – Бутан
XS
SM
MD
LG