Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафари дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон ба Санкт-Петербург


Дастаи мунтахаби ҷавонони футболи Тоҷикистон
Дастаи мунтахаби ҷавонони футболи Тоҷикистон

Дастаи мунтахаби ҷавонони футболи Тоҷикистон барои ширкат дар Ҷоми Иттиҳод-2013 ба шаҳри Санкт-Петербурги Русия сафар кард.

Бозиҳои Ҷоми Иттиҳод-2013 аз 18-ум то 27-уми январ дар маҷмааи фарҳангию варзишии «Петербургский» дар се гурӯҳ баргузор мешаванд. Футболбозони ҷавони тоҷик дар гурӯҳи “А” бо тимҳои Беларус, Латвия ва Эстония рақобат мекунанд. Ба гурӯҳи “В” дастаҳои Қирғизистон, Қазоқистон, Русия, Узбакистон, ба гурӯҳи “С” тимҳои Украина, Литва, Молдова ва Туркманистон дохиланд.

Ду дастаи беҳтарин аз ҳар гурӯҳ ва ду тими беҳтарини ҷойҳои севумро ишғолкарда ба даври дувуми мусобиқа роҳ меёбанд. Бозии ниҳоии Ҷоми Иттиҳод-2013 рӯзи 27-уми январ барпо мегардад.

Ба иттилои Мубин Эргашев, сармураббии дастаи мунтахаби ҷавонони кишвар, ба ҳайати даста 21 бозигари синнашон то 21-сола аз бошгоҳҳои футболи лигаи олии ҷумҳурӣ (3 дарвозабон, 8 ҳимоятгар, 6 нимҳимоятгар ва 4 ҳамлагар) дохиланд.

Ҳайати дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-21) дар Ҷоми Иттиҳод-2013:

дарвозабонҳо: Фаррух Бердиев («Истаравшан»), Саидҷон Саидраҳмонов, Эмомалӣ Сониев (ҳарду - «Истиқлол»);

ҳимоятгарон: Фуруғ Қодиров, Руслан Тиллоев (ҳарду – ССКА «Помир»), Наим Улмасов, Сиёвуш Асроров, Сергей Абрамов (ҳарсе – «Вахш»), Алишер Шарифов («Регар-ТадАЗ»), Аҳтам Назаров, Павел Калугин (ҳарду – «Энергетик»);

нимҳимоятгарон: Нуриддин Давронов, Ҷаҳонгир Эргашев (ҳарду – «Истиқлол»), Шамсиддин Қосимов (ССКА «Помир»), Ҷамолиддин Зардиев («Вахш»), Нодирбек Маъмиров («Парвоз»), Расул Файзов («Регар-ТадАЗ»);

ҳамлагарон: Наврӯз Рустамов («Равшан»), Фирдавсӣ Қурбонов («Истиқлол»), Шодибек Ғаффоров, Шавкати Ҳотам (ҳарду – «Энергетик»).

Мунтахаби Тоҷикистон нахустин бозиашро рӯзи 18-уми январ муқобили тими Эстония (оғози бозӣ соати 16.15 ба вақти Душанбе), бозии дувумашро 19-уми январ бо дастаи Латвия (20.00) ва бозии севумашро 21-уми январ бо тими Беларус (13.00) анҷом медиҳад.

“Вазифаи мо дар Ҷоми Иттиҳод-2013 ҳадди ақал аз сабқати гурӯҳӣ ба даври баъдӣ баромадан аст. Фикр мекунам, ки ин вазифа барои мо иҷрошаванда мебошад. Мо ба бачаҳои худ бовар дорем”,-иброз дошт Мубин Эргашев пеш аз сафар ба Санкт-Петербург.
XS
SM
MD
LG