Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Духтарони футболбози тоҷик медали биринҷиро ба гардан овехтанд


Акс аз СAFA
Акс аз СAFA

Мусобиқаи байналмилалӣ миёни дастаҳои мунтахаби занона «CAFA Women’s Championship 2018», ки онро Созмони футболи Осиёи Марказӣ дар Варзишгоҳи миллии шаҳри Тошканд доир кард, рӯзи шанбеи 1-уми декабр бо бозиҳои даври панҷум ба поён расид.

Дастаи мунтахаби занонаи футболи Тоҷикистон бо раҳбарии сармураббӣ Сулаймон Бобокалонов дар даври охирин тими Афғонистонро бо ҳисоби 5:0 шикаст дод. Мадина Фозилова ва Шукронаи Ҷумъахон дуголӣ заданд. Як голи дигарро Лайло Ҳалимова ба ҳадаф расонд. Дар бозии дигари даври панҷум тими Эрон мунтахаби Қирғизистонро бо ҳисоби 5:0 мағлуб кард.

Ба ин тартиб, мунтахаби Узбекистон, ки дар ҳамаи бозиҳояш ғолиб омад, бо 12 имтиёз мақоми аввалро касб намуд ва бо ҷому медалҳои тиллои мусобиқа сарфароз гашт. Тими Эрон, ки бо 9 имтиёз дар ҷойи дувум қарор гирифт, бо медалҳои нуқра мукофотонида шуд.

Мунтахаби Тоҷикистон, ки бо 6 имтиёз ҷойи севумро соҳиб гашт, медалҳои биринҷиро азони худ кард. Занони футболбози тоҷик дар ин мусобиқаи байналмилалӣ дар ду бозӣ бар тимҳои Қирғизистон (1:0) ва Афғонистон (5:0) ғолиб омада, аз тимҳои Узбекистон (0:11) ва Эрон (1:4) шикаст хӯрданд. Инчунин мунтахаби Тоҷикистон бо ҷоизаи ифтихорӣ - «Fair play» - мукофот барои дастаи аз ҳама боодоб сарфароз гашт.

Дастаи Қирғизистон бо 3 имтиёз ҷойи чорумро гирифт. Вале тими Афғонистон бидуни имтиёз зинаи охирин – панҷумро ишғол намуд.

Мусобиқаи байналмилалии «CAFA Women’s Championship 2018»

Даври 1-ум

23-юми ноябр (ҷумъа)

Тоҷикистон Қирғизистон - 1:0

Узбекистон – Афғонистон – 20:0

Даври 2-юм

25-уми ноябр (якшанбе)

Афғонистон Эрон – 0:6

Узбекистон – Тоҷикистон 11:0

Даври 3-юм

27-уми ноябр (сешанбе)

Эрон – Узбекистон – 1:2

Қирғизистон Афғонистон – 1:0

Даври 4-ум

29-уми ноябр (панҷшанбе)

Қирғизистон Узбекистон – 0:10

Тоҷикистон Эрон – 1:4

Даври 5-ум

1-уми декабр (шанбе)

Афғонистон Тоҷикистон – 0:5

Голҳо: Мадина Фозилова, 17 (1:0). Шукронаи Ҷумъахон, 45 (2:0). Мадина Фозилова, 59 (3:0). Лайло Ҳалимова, 69 (4:0). Шукронаи Ҷумъахон, 84 (5:0).

Тоҷикистон: Муаттара Раҳматуллоева (Адолатхон Комилова, 85), Сайрамҷон Холназарова (Насиба Олимова, 85), Зуҳали Фарҳод (Зебонисо Абдуллоева, 70), Зулайхо Сафарова (Мавҷуда Сафарова, 70), Мадина Фозилова, Шукронаи Ҷумъаахон (Наргиза Бобоева, 85), Лайло Ҳалимова, Нодира Мирзоева, Муниса Мирзоева, Марҷона Файзуллоева, Некӯбахт Худододова.

Сардовар: Вероника Бернатская (Қирғизистон).

Нозири доварон: Виктор Колпаков (Узбекистон).

Комиссари бозӣ: Санҷар Ризоев (Узбекистон).

1-уми декабр. Тошканд. Варзишгоҳи миллӣ. 100 тамошобин.

Эрон – Қирғизистон – 5:0

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали ҷамъбастии мусобиқа

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т/Т

И

1

Узбекистон

4

4

0

0

43-1

12

2

Эрон

4

3

0

1

16-3

9

3

Тоҷикистон

4

2

0

2

7-15

6

4

Қирғизистон

4

1

0

3

1-16

3

5

Афғонистон

4

0

0

4

0-32

0

XS
SM
MD
LG