Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сингапур Тоҷикистонро дар Ҳисор шикаст дод


Лаҳзае аз бозии рӯзи 15-уми сентябр.

Дастаи мунтахаби занонаи Тоҷикистон (U-16) дар аввалин бозиаш дар марҳалаи аввали интихобии мусобиқаи қаҳрамонии футболи Осиё-2019 миёни духтарони зери 16-сола дар гуруҳи «С» аз тими Сингапур (U-16) бо ҳисоби 1:4 шикаст хӯрд.

Ин бозӣ рӯзи шанбеи 15-уми сентябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор баргузор шуд. Ҳисобро бозигари мунтахаби Тоҷикистон Амина Собирова дар дақиқаи 12-ум боз кард. Вале баъдан духтарони футболбози тоҷик аз ҳамсолонашон аз Сингапур чор гол хӯрданд. Се голро Путри Нур Сялиза дар дақиқаҳои 14-ум, 19-ум ва 34-ум ва як голро Данелле Тан Ли Ерн дар дақиқаи 33-юм ба ҳадаф расонданд.

Дар бозии дигари гуруҳи “С” тими мунтахаби Эрон (U-16) ба дарвозаи дастаи мунтахаби Ҷазираҳои Мариани Шимолӣ (U-16) 12 голи беҷавоб зад.

Натиҷаҳои гуруҳи "С"

Дар гуруҳи «С» барои дарёфти роҳхат ба даври баъдӣ дастаҳои мунтахаби духтарони зери 16-солаи Тоҷикистон, Тайланд, Эрон, Ҷазираҳои Мариани Шимолӣ ва Сингапур рақобат мекунанд. Мусобиқаи интихобӣ дар ин гурӯҳ то 23-юми сентябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор идома меёбад.

Бозиҳои даври дувум рӯзи душанбеи 17-уми сентябр баргузор мешаванд. Бозӣ миёни дастаҳои мунтахаби Сингапур ваТайланд дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор соати 16:00 шуруъ мешавад. Баъдан соати 19:00 дар ин варзишгоҳ тимҳои Тоҷикистон ва Ҷазираҳои Мариани Шимолӣ рақобат мекунанд.

Ба марҳалаи дувуми интихобии қаҳрамонии Осиё-2019, ки аз 23-юми феврал то 3-юми марти соли оянда баргузор мешавад, ҳашт дастаи марҳалаи аввали интихобӣ – ғолибони шаш гурӯҳ ва ду дастаи беҳтарини ҷойҳои дувум – роҳ меёбанд.

Бояд гуфт, ки се дастаи беҳтарини мусобиқаи қаҳрамонии охирини Осиё – Кореяи Шимолӣ, Кореяи Ҷанубӣ ва Ҷопон – ба мусобиқаи қитъавӣ, ки соли оянда доир мешавад, мустақиман роҳхат гирифтанд.

Ҷадвали бозиҳо

Мусобиқаи интихобии қаҳрамонии Осиё-2019 миёни духтарони зери 16-сола

Марҳалаи аввал. Гурӯҳи «С»

Даври 1-ум

Тоҷикистон – Сингапур – 1:4

Голҳо: Амина Собирова, 12 (1:0). Путри Нур Сялиза, 14 (1:1). Путри Нур Сялиза, 19 (1:2). Данелле Тан Ли Ерн, 33 (1:3). Путри Нур Сялиза, 34 (1:4).

Тоҷикистон: Луиза Саидамарова, Нисо Абдуллоева, Нилуфар Абдулҳаева, Карина Мирзоева, Сайёҳат Раҷабова (Дилдора Раҳмонова, 82), Зевар Шамсова, Лайло Кучкинова, Матлуба Сафарова, Мадина Давлатова, Амина Собирова, Миҷгона Марофиева (Рухшона Файзуллоева, 67).

Сардовар: Ми Сию (Чин).

Нозири доварон: Май Ҳоанг Транг (Ветнам).

Комиссари бозӣ: Труонг Ҳиеу Ҳуонг (Ветнам).

15 сентябр. Ҳисор. Варзишгоҳи марказӣ. 200 тамошобин.

Ҷазираҳои Мариани Шимолӣ Эрон – 0:12

Голҳо: Нигин Зандӣ Дареҳ, 5 (0:1). Марям Сулаймонпур, 8 (0:2). Саида Заҳро Масъумӣ, 12 (0:3). Нигин Зандӣ Дареҳ, 16 (0:4). Нигин Зандӣ Дареҳ, 18 (0:5). Ҳелиа Пилтан Тасавок, 35 (0:6). Рогҳае Ҷалол Насаб, 54 (0:7). Нигин Зандӣ Дареҳ, 57 (0:8). Рогҳае Ҷалол Насаб, 59 (0:9). Рогҳае Ҷалол Насаб, 67 (0:10). Ҳастӣ Ғуломӣ Ғадиколаӣ, 79 (0:11). Ҳастӣ Ғуломӣ Ғадиколаӣ, 83 (0:12).

Сардовар: Ли Чи (Тайбэйи Чин).

Нозири доварон: Мариа Пиедаде Ребелло (Ҳиндустон).

Комиссари бозӣ: Мелисса Кинг (Австралия).

15 сентябр. Ҳисор. Варзишгоҳи марказӣ. 180 тамошобин

Дар ҳамин ҳол дар ҷадвали мусобиқаи гурӯҳи “С” дастаҳои Эрон ва Сингапур бо сеимтиёзӣ пешсафанд.

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

Эрон

1

1

0

0

12-0

3

2

Сингапур

1

1

0

0

4-1

3

3

Тайланд

0

0

0

0

0-0

0

4

Тоҷикистон

1

0

0

1

1-4

0

5

Ҷазираҳои Мариани Шимолӣ

1

0

0

1

0-12

0

Тақвими бозиҳои гурӯҳи «С»

Даври 1-ум

15 сентябр (шанбе)

Ҷазираҳои Мариани Шимолӣ – Эрон – 0:12

Тоҷикистон – Сингапур – 1:4

Даври 2-юм

17 сентябр (душанбе)

16:00 – Сингапур – Тайланд

19:00 – Тоҷикистон – Ҷазираҳои Мариани Шимолӣ

Даври 3-юм

19 сентябр (чоршанбе)

16:00 – Эрон – Сингапур

19:00 – Тайланд – Тоҷикистон

Даври 4-ум

21 сентябр (ҷумъа)

16:00 – Ҷазираҳои Мариани Шимолӣ – Тайланд

19:00 – Эрон – Тоҷикистон

Даври 5-ум

16:00 – Сингапур – Ҷазираҳои Мариани Шимолӣ

19:00 – Тайланд – Эрон

Эзоҳ: ҳамаи бозиҳо дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор баргузор мешаванд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG