Дар вилояти Саратов дар натиҷаи як садамаи автомобилӣ 5 шаҳрванди Тоҷикистон ба ҳалокат расид. Cафорати Тоҷикистон дар Маскав гуфт, ки ҳуввияти чор нафари онҳо мушаххас шуда, санҷиши шахсияти нафари панҷум идома дорад.
Полиси вилояти Саратов гуфт, ки ҳодисаи мудҳиши бархурди як микроавтобус бо мошини борбари "КамАЗ" шоми рӯзи душанбе, 30 октябр дар шоҳроҳи Саратов - Нижний Новгород рух дод. Мусофирони микроавтобус шаҳрвандони Тоҷикистон буданд. Биноба тафтиши пешакӣ мошини "КамАЗ" пеши роҳи микроавтобусро гирифтаст ва қоидаи ҳаракатро ҷиддан нақз кардааст.
Аз рӯи ин ҳодиса мувофиқи моддаи 264-и Кодекси ҷиноии Русия («вайрон кардани қоидаи ҳаракат дар роҳ, ки бо марги беш аз ду нафар анҷомидааст») парвандаи ҷиноӣ боз шуд ва ронандаи мошини борбар таҳти боздошт қарор гирифт. Дар ин ҳодиса панҷ нафар ҷон дода, шаш нафари дигар ба бемористонҳои шаҳрҳои Петровск ва Саратов интиқол ёфтанд.
Дар изҳороти сафорати Тоҷикистон дар Русия гуфта мешавад, ки микроавтобуси навъи Volkswagen Caravelle 11 шаҳрванди Тоҷикистон мебурд. Дар ин садама ронандаи микроавтобус - Суннатулло Ҷӯраеви 21-сола ҳам ҷон додааст. Фарзияи пешакӣ ин аст, ки шаҳрвандони Тоҷикистон бо ҳадафи убури марзи Русия ва Қазоқистон ва гирифтани қайди убури марз ба хотири вуруди дубора ба хоки Русия ба самти сарҳад ҳаракат мекарданд.
Исми як қурбонӣ ҳанӯз мушаххас нашудааст. Исми чаҳор нафари кушташуда чунин аст:
1. Ҷӯраев Суннатулло Маҳмудович -10.06.1996, (зодаи ноҳияи Шаҳритуз);
2. Амонов Шералӣ Маҳмадалиевич - 26.11.1988, (зодаи ноҳияи Ҷайҳун);
3. Хидирзода Шерзоди Ашур - 11.07.1994, (зодаи Панҷакент) ;
4. Бобомуродов Илҳомҷон Хайруллоевич - 16.12.1988 (зодаи ноҳияи Шаҳринав)
Шаш мусофири микроавтобус бо ҷароҳатҳои мухталиф ба бемористонҳои Саратов қарор доранд, менависал сафорат. Вазъи оҳно вахим арзёбӣ мешавад.
Инҳо:
1.Зувайдуллоев Далер Маҳмадулоевич - 18.05.1988, (зодаи ноҳияи Данғара), ҳолаташ сангин аст
2.Тураев Абдухолиқ Амоналиевич - 08.03.1998, (зодаи ноҳияи Ёвон) – ҳолаташ миёна
3.Сулаймонов Ифтихорхуҷа Маҳмадшарифович - 28.04.1981, дар бемористони вилоятии Центрспас қарор дорад
4.Рустамов Замирҷон - 12.08.1995, дар шӯъбаи эҳёгарии бемористони ноҳияи Петровский, ҳолаташ сангини мӯътадил.
5.Фаёзов Толиб Муҳаббатович - 16.04.1984, миёнаш шикастааст, миёнаи сангин дар бемористони ноҳияи Петровский
6.Меликов Хуршед Имомқулович - 15.02.1998, зарби сар, ҳолаташ мӯътадил, дар бемористони ноҳияи Петровский.
Хешовандони қурбониҳову осебдидаҳои садама барои дарёфти ҷузъиёти ҳодиса ба ин телефонҳо муроҷиат карда метавонанд:
дар Тоҷикистон: 44 640 19 51;
дар Маскав: +7926 255 09 27;
дар Саратов +7962 616 30 62
Дар Русия соле на камтар аз 1 миллион шаҳрванди Тоҷикистон бо ҳадафи кор қарор доранд.