Рӯзи 17 декабр бо анҷоми як маросими бошукӯҳ дар шаҳри Могилёв нахустин чойхонаи тоҷикӣ боз шуд. Дар расми ифтитоҳи ин муассиса, ки “Чойхона” ном дошта, тавони хидматрасонӣ ба 100 мизоҷро дорад, сафири Тоҷикистон дар Беларус Қозидавлат Қоимдодов ва шаҳрдори Могилёв Владимир Тсумарев ширкат ва суханронӣ кардаанд.
Намояндаи сафорати Тоҷикистон дар Беларус ба бахши тоҷикии Радиои Озодӣ гуфт, ин чойхонаи тоҷикиро соҳибкори тоҷики муқими Могилёв Абдумуталлиб Ҳамроқулов таъсис додааст. Ба гуфтаи намояндаи сафорат, ҳадафи асосӣ аз таъсиси ин чойхона дар маркази Моглиёв таблиғи фарҳанги мардуми тоҷик ва ғизоҳои миллии тоҷикист.
Елена Ҷабборова, муовини раиси идораи фарҳанги кумитаи иҷроияи шаҳри Могилёв ба Озодӣ гуфт, дар шаҳрдорӣ умедворанд, ки чойхонаи тоҷикӣ барои ошноии бештари мардуми маҳаллӣ бо фарҳангу ғизоҳои тоҷикӣ мусоидат хоҳад кард. Хонум Ҷабборова афзуд, моликони чойхона ваъда додаанд, ки дар толори он маъракаҳои вижае бо ҳадафи таблиғи фарҳанги мардуми тоҷик низ баргузор хоҳанд кард.
Қозидавлат Қоимдодов дар расми ифтитоҳи чойхонаи тоҷикии Могилёв гуфтааст, “пайдо шудани як гӯшаи хурди Шарқ дар ин шаҳр рӯйдоди хотирмон аст ва мо умедворем, ки “Чойхона” дар сари дастурхонаш бо чою шириниҳои шарқӣ намояндагони миллатҳои мухталифро гирд оварда, онҳоро бо анъанаҳо ва фарҳанги мардуми Тоҷикистон ошно мекунад.” Қоимдодов ифтитоҳи ин чойхонаро ҳамчунин яке аз қадаамҳои аввал дар рушди ҳамкориҳои воқеии Тоҷикистон бо Могилёви Беларус ном бурдааст.
“Чойхона”, ба навиштаи БелТА – хабаргузории расмии Беларус, дар маркази Могилёв дар кӯчаи Первомайская дар як бинои қадимаи сохти соли 1887 ҷойгир шуда, бо ороишоти миллии тоҷикӣ зиннат дода шудааст.
Молики “Чойхона” Абдумуталлиб Ҳамроқулов гуфтааст, таомномаи ин муассиса асосан аз ғизоҳои тоҷикӣ иборат хоҳанд буд ва таббохони тоҷик барои дӯстдорони ғизоҳои шарқӣ мантуву лағмон, навъҳои мухталифи ош, шӯрбо, самбӯса ва таомҳои дигари миллиро таҳия мекунанд. Мизоҷон ҳамин тавр, сари як пиёла чой метавонанд аз шириниҳои шарқӣ, ба мисли шарбату чакчак лаб ширин кунанд.
Деворҳои чойхонаи тоҷикиро бо рубоиёти шоири бузург Умари Хайём ороиш додаанд. Шаҳрдори Могилёв Владимир Тсумарев низ дар суханрониаш дар маросими ифтитоҳи “Чойхона” рубоие аз Хайёмро қироат кард:
Бо мардуми покбозу оқил омез,
Аз ноаҳлон ҳазор фарсанг гурез.
Гар заҳр диҳад туро хирадманд, бинӯш,
В-ар нӯш диҳад зи дасти ноаҳл, бирез.
Шаҳри Могилёв дар соҳили дарёи Днепр ҷойгир шуда, маркази маъмурии вилояти ҳамноми Беларус мебошад. Ин шаҳр бо тақрибан 375 ҳазор аҳолиаш баъди Минску Ҳомел севумин шаҳри пураҳолии ин кишвари пасошӯравӣ ба шумор меравад. Шаҳри Могилёв бо 16 шаҳр, аз ҷумла аз моҳи майи соли 2014 бо шаҳри Хуҷанди Тоҷикистон бародаршаҳр мебошад.