Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Беҳуш буд... Дари мошинро маҳкам карда рафтам" - эътирофи аввали қотили Марҷона


Чор рӯз баъди боздошти гумонбари аслии қатли бераҳмонаи донишҷӯдухтаре дар ноҳияи Рӯдакӣ, ҷузъиёти баёноти аввалияи қотили эҳтимолӣ нашр шуд.

Додситонии ноҳияи Рудакӣ рӯзи 30 ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки дар робита бо ҳодисаи куштори даҳшатноки Марҷона Шерхонова, сокини 20-солаи шаҳри Турсунзода як марди 29-солаи сокини ноҳияи Восеъро

Беҳуш буд. Дидам, ки намеҷунбад, дари мошинро маҳкам карда рафтам

боздошт кардааст. Нисбати Иброҳим Муъминов, ки дар анҷоми ин куштори пурхушунат гумонбар дониста мешавад, аз рӯи моддаи 104, – “куштор” таҳқиқ ҷараён дорад. Муъминов рӯзи 25 ноябр боздошт шуд. Дар баёноти аввалияаш Муъминов анҷоми ин кушторро эътироф кардааст.

Ҷавобҳои аввалия ва саволҳои норӯшани куштори Марҷона

Дар бораи боздошту дарёфти баёноти аввалияи Мӯъминов шоми 29 ноябр вазорати умури дохилаи Тоҷикистон хабар дод. Ин дар ҳоле буд, ки аз замони ошкор шудани ҷасади донишҷӯдухтар дар дохили як мошини бетошӯрӣ, ки ба қавли волидонаш нишонаҳои марги маҷбуриро доштааст, ҳашт рӯз гузашта буд. Волидон гуфтанд, ки духтарашон аз 13 ноябр нопадид шуд.

Як муфатиши Додситонии ноҳияи Рудакӣ рӯзи 30 ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, Иброҳим Муъминов, сокини ноҳияи Восеъ аз рӯи ҳамаи нишондодҳо маълумот дод ва даст доштанаш дар марги Марҷонаро тасдиқ кард. Ин муфаттиш, ки ба хотири халал нарасондан ба ҷараёни тафтишот хост исмаш бурда нашавад, гуфт, барои тафтишот рушан нест, ки дар вақти ба мошин савор кардани Марҷона ба мошин оё ин духтарро бо хости худаш ваё бо зур савор кардааст.

Марҷона Шерхонова 20 сол дошт
Марҷона Шерхонова 20 сол дошт

Саволи дигар ин аст, ки то куҷо гумонбари куштор дар ин ҷиноят танҳо ваё бо кӯмаки каси дигар амал кардааст. Муфаттиш гуфт, дар маҷмӯъ саволҳои мантиқие зиёде феълан посух мехоҳад, ки пеш аз ҳама ба сабаби ин куштор рабт мегирад.

"Ошиқ будем"

Иброҳим Мӯъминов дар баёноти пешакии худ ба муфаттишон гуфтааст, ки миёни ӯву Марҷона робитаи ошиқона вуҷуд дошт, вале бо ин вуҷуд мард духтарро ба ҳалокат расонид. Иброҳим гуфтааст, ки дар дохили шишаи об 190 дона доруи хобовари димедролро об карда ба духтари даступобаста зӯран нӯшондааст.

Феълан мақомоти дигари интизомӣ, ки ин қазияро пайгирӣ мекунанд, мегӯянд, ҷузъиёти дигари ҳодиса дар ҷараёни тафтишот ошкор мешавад. Умарҷони Эмомалӣ, сухангӯи ВКД Тоҷикистон рӯзи 30 ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ҷасади Марҷона Шерхонова рӯзи 21 ноябр аз дохили як мошини бетоншӯрӣ дар наздикии бозори Балхи ноҳияи Рӯдакӣ пайдо шуд.

Фарҳод Шерхонов, падари Марҷона хостгории Иброҳимро рад карда буд
Фарҳод Шерхонов, падари Марҷона хостгории Иброҳимро рад карда буд

Худи Иброҳим Муъминов дар баёнияи пешакӣ ва дар навори бозпурсиаш тасдиқ кардааст, ки ҳодиса дар дохили мошини шахсиаш – тамғаи “Нов” (бетоншӯрӣ) ҷараён гирифт. Вай гуфтааст, ки рӯзи 14 ноябр маҳлули доруро маҷбурӣ ба вай нӯшондааст. Дар посух ба суоли он ки пеш аз тарки мошин карданаш вазъи Марҷона чӣ гуна буд, гуфтааст: “беҳуш буд. Дидам, ки намеҷунбад, дари мошинро маҳкам карда рафтам”.

Марҷона донишҷӯи соли севуми Коллеҷи техникию технологии Ташкилоти мададгори мудофиаи Тоҷикистон буд. Модараш Ширингул Маликова гуфт, бори охир Марҷонаро рӯзи 13-уми ноябр дида буданд. Ширингул Маликова гуфт, духтараш ҳамон рӯз “бо хурсандӣ” аз хона баромада, барои гирифтани ҷоизае, ки аз як сабқати тирпаронӣ ба даст оварда буд, ба коллеҷ рафт. Марҷона – яке аз панҷ духтари хонавода буд.

Номи муттаҳам дар қатли Марҷонаи бистсола эълон шуд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:28 0:00

Таҳдиди пеш аз марг

Падару модари Марҷона Шерхонова рӯзи 23 ноябр ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки Марҷона рӯзи 13 ноябр баъди берун рафтан аз хона ба хоҳараш як занги телефонӣ омад ва духтараш илтиҷо мекард, ки наҷоташ диҳанд. Модар гуфт, Марҷона ба хоҳари калонияш занг зада гуфтааст, ҷавоне, ки гуё хушдораш буду мехост бо ӯ издивоҷ кунад, дасту пояшро баста қасди куштанашро дорад.

Онҳо аз ин ҷавон Иброҳим ном бурданд ва гуфтанд, ки як дафъа шахсан худаш ба хостгории Марҷона омада буд, вале падараш ба ӯ эътимод накард. Бо гузашти 8 рӯз аз ҷустуҷӯи духтари гумном Иброҳим ба онҳо занг зада гуфтааст, ки “рафта духтаратонро аз дохили мошини бетоншӯрӣ бигиред”. Волидон аз мақомоти ҳифзи қонун шикоят карданд, ки дар боздошт ва ба ҷавобгарӣ кашидани гумонбар шитоб намекунанд.

Волидон мегӯянд, Марҷона як донишҷӯи аълохон буд ва бо дониши худ ба колеҷ дохил шуд. Дар колеҷ ҳам устодон аз ӯ чун як духтари хушахлоқ ёд карда гуфтанд, ки Марҷона ботинан зан, аммо зоҳиран як ҷавонмарде буд, ки бозувони пурқувват дошт ва дар чандин сабқатҳои варзишӣ-низомӣ ғолиб омада буд.

Куштори даҳшатноки Марҷона Шерхонова вокунишҳои сахтро дар шабакаҳои иҷтимоӣ эҷод кард ва бисёриҳо аз мақомоти интизомӣ боздошту ба ҷавобгарӣ кашидани гумонбари ин кушторро қотеона талаб мекарданд.

Ҷасади Марҷона Шерхонова аз мошини бетоншӯрӣ ошкор шуд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:03 0:00

XS
SM
MD
LG